Бахшҳо

Ҳушдори Оқохони IV аз тақсимбандии ҷаҳон ба қутбҳо: Хушбин нестам...(ВИДЕО)

Оқохони IV, раҳбари исмоилиёни ҷаҳон ва яке аз шахсиятҳои шинохта дар олами Ғарб ва Ислом аз тақсимшавии ҷаҳон ба қутбҳо ҳушдор додааст.

Оқохони IV охири ҳафтаи гузашта, зимни як суҳбати кӯтоҳ бо ҳафтаномаи “Religion & Ethics” изҳор доштааст, он чиро, ки мо феълан дар ҷаҳон мебинем, фикр мекунам, шаклҳои тақсимбандӣ ба қутбҳо мебошад, ки воқеан раванди бисёр носолим аст. Ӯ бо таъкиди ин нукта афзудааст, ки хушбин нест ва изҳори умед намудааст, ки таҳаммулгароӣ ва пазириши бахшҳои гуногун дар ҷомеа густариш меёбад.

Раҳбари исмоилиёни ҷаҳон илова намудааст, ки танҳо фақр замина барои пайдоиши хушунат ва терроризм нест. Ба гуфтаи ӯ зуҳури хушунату терроризм дар бисёре аз манотиқ қобили пешгӯӣ аст ва танҳо суол ин ҷост, ки он кай ба ҳадди инфиҷор мерасаду чӣ гуна онро аз расидан ба ин ҳад ҷилавгирӣ кард.

Оқохони IV муътақид аст, ки роҳи пешгирии ин зуҳуроти номатлуб дар тағйир додани сифати зиндагӣ ва ҷойгузин кардани умед ба ҷойи ноумедӣ аст: “Мардумро умед идора мекунад”. Ӯ маълумоту донишро сарчашмаи умед медонад ва барои ҳамин маорифро яке аз самтҳои асосии фаъолияти Бунёди Оқохон дар нуқоти гуногуни ҷаҳон қарор додааст.

Раҳбари исмоилиёни ҷаҳон бо зикри таълимоти Ислом изҳор доштааст, ки ҳар мусалмон бояд муҳити зисташро, ки ҳангоми таваллуд дарёфтааст, дар шароити беҳтар барои оянда боқӣ гузорад.


ВИДЕОИ суҳбати “Religion & Ethics” бо Оқохони IV
Мӯҳр
Исмолӣ
ОҒохон ОҚохон шудааст? Мо исмоилиҳо бехабар!!
Пешвои мо чизеро мебинад, ки дигарҳо онро дида наметавонан.
Як чи нофаҳмо ҳаст, барои чӣ Ҳазрат амин гапро гуфта боша?

И огои шумо яхуди аст

мехроб,
Чавоб ба Мехроб,
астагфуриллох гуй, наход зоти Мухаммад (с) ро чунин ном бари.

...
Ин чи хел имом аст ки ришу фаш надорад? Оё рузаву намозро риоя мекарда бошад?

Cалими Истаравшани,

Аз зоти Мухаммад (сас) будан маънои авлие буданро надорад. буданд онхое хам аз зоти Мухаммад (сас), ки исломро кабул накарданд ва хатто зидди он мубориза хам бурданд.

Худотарс
Ба хонандагон! Ба Худо шаккоки накунед, ки ба бало гирифтор мешавед. Касе кудрати шинохт надошта бошад, аблахсухани мекунад. Андешаи нодуруст дошта бошед майлаш, лекин онро таргиб накунед, ки бо гунох бор мешавед

ру
Худотарс,

Аз худо тарс, на аз бандагонаш.

Огохон аз зоти Мухаммад с.а.в набуд ин бофтаи шиамазхабои исмоилиа хасту бас ин ба акли инсон рост намеояд авлодони Мухаммад с.а в пайрави сунати дини Исломанд

.
мехроб,

Ин суханонат нодурустанд. Бехтараш таърихи ба сунниву шиа таксим шудани мусулмононро бихон.

Шамс
Зинда бод Окохон, ки солхои чанг ва хозир ба Точикистониён ёри мерасонад.

Дурӯд ба Худо, Муҳаммад ва оли Ӯ.
Бародарон пеш аз аз он, ки чизе нависед таги ягон мақола ва хабар бояд каме савод дошта бошед, асосан дар дин.
Муроҷиат бо вожаи "Оғохон" феълан дар ҳақи мард нодуруст аст, чунки "оғо" ин нисбати зан дар забони туркӣ истифода мешуд ва дар ҳақи мард "Оқо" дуруст аст.
Оқохон сардори Исмоилиён Низориёнро авалин бор номид шоҳи Коҷориён дар Эрон, чунки шоҳи Коҷориён сайид будани онҳоро пазируфт ва духтари худро ҳамсари Оқохони 1 кард.
Шоҳ Карим ал Ҳусайни Оқохони 4 яке аз намояндагони авлоди Расули Акрам аст, бо шохаи Ҳазрати Алӣ (а) ва Фотима бинти Муҳаммад (с)то замони мо омада расидаанд дар ин ягон шакку-шуба нест, чунки дорои ҳуҷҷат астанд онҳо ва инчунин агар ба таърих низ нигарем онҷо астанд далелҳо.
Номи мазҳаби Исмоилия аз писари Мавлоно Ҷаффари Содиқ, яъне Имом Исмоил сарчашма мегирад, ки аз замони Ҳазрати Алӣ (а) то ҳозира 49-то имом гузаштаанд.
Имрӯзҳо бузургии Имомзодагон дар ду чиз аст, яке он нурӣ Иллоҳие,ки дар онҳо аст ва дувум ин кори хайрхоҳи онҳо дар ҷаҳон ва фикр мекунам нисбати кору фаъолияти Имом Исмоилиён ягон камбуди нест, зеро онҳо ошкор кор ва фаъолият мекунанд.
Яке аз бародарон инҷо Оқохон-ро дар яҳудӣ айбдор кардааст) маълум нест манзури ӯ чист, ин айбдор дар миллати яќудӣ аст ё динӣ яќудӣ? Бинобар ин, чунин гуфтаниам, ки "О бародари лофзан, агар ту дониш медошти яке ба таърихи Ислом назар мекарди ва инчунин ба дудмони худи Пайғамбари Худо ва мумкин мефаҳмиди, ки Ҳазрати Муќаммад (с) низ аз аҳли Яҳуд буд ва ба авлодӣ Ҳазрати Иброҳим (а) мерасад ва инчунин сарчашмаи дини Ислом ин дини яҳудӣ аст".
Бародари дигар навиштааст "чаро риш намемонад ")) ба ин бародар тавсия медиҳам, ки каме ба адабиёти форсу тоҷик рӯ оварад ва ҳикояту пандҳои Саъдӣ, Ҳофиз, Хайём, Румӣ ва дигаронро бихонад оиди ришу, либос то бидонад, ки фарқияти зоҳир аз ботин чист...Усмаи Билоҳиддин (Бенладен) низ бо ришу либоси мусулмони буд лекин аз аҳли Ислом набуд, чунки қалбӣ ӯ қалбӣ мусулмони набуд, аз инҷо ба сару либос, риш, мӯй ва ғайра аҳамят надиҳед ба кору фаъолияти Оқохони 4 нигаред.

мехмон
Исмоили,
Албатта шахсе ки дасти саховат дорад ба Аллох ч.ч наздик хаст. ОFохон низ саховатманд хаст. Новобаста ба мазхабаш дар нохияи Шурообод чандин сохтмонхо кард ба мардум ёрдам кард. Худованд хазинаашро боз хам мустахкаму кави гардонад.
Ба бародарони суннимазхаб гуфтаниям точикистонро ба исмоили ва ханафи чудо накунед!! Мо хама шахрванди як давлатему як хаворо нафас мекашем.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)