Бахшҳо

Собиқ раиси ҷавонони ҲХДТ ба “Единая Россия” пайваст: Ба ҲХДТ бармегардам...

Исфандиёр Абдураҳмонов, раиси мустаъфии ташкилоти ҷамъиятии “Созандагони Ватан”, қаноти ҷавонони Ҳизби ҳокими халқӣ-демократии Тоҷикистон ба ҳизби ҳокими Русия- “Единая Россия” пайвастааст.

Абдураҳмонов имрӯз, 5-уми август дар суҳбат бо “Озодагон” гуфт, аз моҳи май инҷониб дар Севастопол аз тамоми имтиҳонҳо гузашта, ахиран ба узвияти ҳизби ҳокими Русия пазируфта шуд. Ӯ афзуд, дар ҳизби ҳокими Русия ба фарқ аз ҳизби ҳокими Тоҷикистон аъзои қатории ҳизб ҳар масъаларо тадқиқот мегузаронанд, роҳи ҳалли масоилро ба манфиати ҳукумату шаҳрвандон пайдо мекунанду ба раиси ҳизб, Дмитрий Медведев пешниҳод мекунанд.

Ӯ изҳор дошт, ки ба “Единая Россия” бо даъвати худи масъулини ин ҳизб пайвастааст ва афзуд, ки ният дорад, соли 2017 ба Тоҷикистон бармегардаду ҳамчун узви ҲХДТ фаъолияти сиёсиашро идома хоҳад дод: “Инчунин ният дорам, дар Тоҷикистон Федератсияи футболи амрикоиро таъсис диҳам”.

Абдураҳмонов моҳи апрели соли равон аз истеъфои худ аз мақоми раиси “Созандагони Ватан”-и ҲХДТ хабар дода, дар саҳифаи фейсбукияш сабаби ин иқдомро дар "бахилӣ ва маҳалчигии кормандони Кумитаи Марказии ҲХДТ" арзёбӣ карда буд: “Давоми се моҳ ман ба ҳайси раиси “Созандагони Ватан” сидқан фаъолияти фундаменталии натиҷадор кардам. Аммо аз дастаи маҳалгароӣ ва ҷудоиандозии бисёре аз кормандои Кумитаи марказии ҲХДТ истеъфо додам. Гарчанде бисёриҳо ба ман гуфтанд, истеъфо надеҳ, ки дар назди Ҷаноби Олӣ сиёҳат мекунанд. Бигзор ҳақ ба ҳақдор бирасад. Агар барои суханҳои ҳақам азоб кашам, ин азоб паси сар мешавад, аммо бигзор Тоҷикистон обод шавад”.

Дар пайи ин Шӯрои ташкилоти "Созандагони Ватан", бо нашри як изҳорот интихоби Исфандиёр Абдураҳмоновро ба мақоми раиси ин ташкилот хатои худ эътироф карданд.
Мӯҳр
Ба озодагон як пешниход дорам калимахое ки нофахмоянд дар кавс маьнояшонро нишон дихед. Масалан ба монанди,мустаьфи (маьнояш)

Анис
О ХХДТ мохи беайбу ситораи бедум будку!!!!

Шурик
90.khurik.90,
Ака, камтар вақт ёфта, китобҳои адабиёту забони тоҷикии мактаби миёнаро бо ду-се китобҳои Улуғзодаву Сорбон хонед, дигар бо забони Озодагон (?) мушкилӣ нахоҳед дошт.
Ин васияти ман ҳамчун додар ба Шумо

Точик
Ба 90.khurik.90
Калимаи "мустаъфи", ки синонимаш "ба истеъфо рафта" аст, ибораи точики аст.

Ali
Ин як машеник инкадар лидер натарош

ъ
90.khurik.90,

Мустаъфи маънояш "в отставке".

Горбачев М.С
И братишкаи манай, сергапай ай мада и зурай. Дахануш набоша гургали мехраш

Боз хато накунӣ, Исфандиёр! Соҳибкори маъруфи тоҷик Зайд Саидов инчунин ба бегуноҳии худ ва адолати тафтишот дар Ватан бовар карда, аз Париж ба Душанбе баргашта буд. Ин софдилии ӯ бо чӣ анҷом ёфт, ба ҳама маълум аст.
Аслан хизматгори ду хоҷа шудан дурӯягӣ аст. Аз тарафи дигар, агар мунофиқу лаганбардор набошӣ, дар сиёсат мавқеъ нахоҳӣ дошт. Сиёсатбозӣ худ як корӣ чиркин аст. Шахси ростқавл ва софдил сиёсатбоз шуда наметавонад.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)