Бахшҳо

300 ҳазори Э.Раҳмон ба ғолибони мусобиқаҳои байналмилалӣ

Мукофоти пулии Ҷоизаи Президенти Тоҷикистон барои ғолибон ва ҷоизадорони мусобиқаҳои байналмилалии варзишӣ, ки аз ҳисоби маблағҳои Фонди захиравии Президент таъсис ёфт, муайян гардид.

Варзишгарони тоҷики ғолиби мусобиқаҳои байналмилалии варзишӣ аз ин ба баъд бо мукофоти пулӣ дар ҳаҷми 300 ҳазор сомонӣ қадрдонӣ хоҳанд шуд.
Инчунин ба варзишгароне, ки дар муосбиқаҳои байналмилалӣ медали нуқра ё биринҷӣ ба даст овардаанд, мутаносибан 200 -150 ҳазор сомонӣ мукофот таъйин шудааст.

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон барои ҳавасманд кардани варзишгарони тоҷик моҳи январи соли равон зери фармоне имзо гузошт, ки аз ҳисоби фондаш барои ғолибони мусобиқаҳои байналмилалӣ ҷоизаи махсус ташкил карда шавад.

Дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон он замон гуфт, раисиҷумҳур ба ҳукумати кишвар ду моҳ муҳлат дода буд, то Низомнома ва ҳайати Комиссияи мукофотпулиҳои Ҷоизаи Президентро таҳия ва тасдиқ намояду масоили ташкилӣ, ҳуқуқӣ ва молиявиро ҳал кунад.

Ин дар ҳолест, ахиран масъулини Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии Тоҷикистон аз муайян шудани ступендия дар ҳаҷми 1000 доллари амрикоӣ барои иштирокдорони тоҷик дар олимпиадаи соли 2016 хабар доданд.

Дар олимпиадаи соли 2016 аз Тоҷикистон 15 варзишгар иштирок хоҳад кард. Роҳбарии гуруҳи мунтахаби Тоҷикистонро Дилшод Назаров, варзишгари маъруфи тоҷик бар уҳда дошта, барои омодагии ин тим аз ҳисоби буҷети давлат 700 ҳазор сомонӣ ҷудо шудааст.
Мӯҳр
Салом алайкум. Ин иқдоми хуб аст, аммо ман ҳайрон, агар барои ҷавононе, ки обруи миллати тоҷикро дар соҳаи варзиш дар арсаи ҷаҳонӣ боло мебаранд мукофотпулӣ таъин шуда бошад... Пас барои ҷавононе, ки дар озмунҳои фанни(яъне физика, математика, информатика ва ва ва ...) байналмилалӣ ҷойҳои намоён(1,2, 3)-ро соҳиб мешаванд чаро ҷоизапулӣ таъин карда намешавад? Магар дар ҷумҳурии мо танҳо меҳнатӣ ҷисмонӣ қадрдонӣ карда мешавад? Ва заҳматӣ фикрӣ ҳеҷ арзишеро қоил нест? Масалан ҷавоне, ки дар якчанд озмунҳои байналмилалӣ барандаи озмун мешавад, аз сабабе ки заҳмати вай ҳеҷ арзише дар ҶТ надорад дар сурати даъват шудан ба корхонаҳои хориҷи баромада аз ҷумҳури меравад, ва ҳамчунин ҷавонони дигар..... барои намуна (https://www.ozodi.org/content/interview-with-mehrubon-turaev/27169262.html) марҳамат.

Варзишгар
Озодагони азиз. Стипендиро кумитаи байналмилалии олимпи ба 15 варзишгари бехтарини Тоочикистон барои омодаги барои ба даст овардани литсензияхои Олимпи чудо мекуунад. Ин манои онро надорад, ки хамон 15 варзишгар ба олимпиада меравад. Ба олимпиада онхое мераванд, ки бо натичахоои ба даст овардаашон холхои заруриро мегиранду литсензия ба даст меоранд. То имруз танхо Дилшод Назаров чунин литсензияро ба даст овардааст. Як соли дигар барои дигарон вакт аст. Агар 100 кас холхои заруриро бо натичахои баландашон ба даст оранд, рафта иштирок мекунанд. Масалан аз гущтини дзюдо 22 варзишгар дар хар вазн аз 22 кишвар аз байни 204 кишвари иштирокчи метавонад, иштирок кунад. Худо ба варзишгаронамон барор дихад. Имруз онхо дастгири ебанд фардо бо навбати дигар бахшхо низ мерасад. Ба пеш олимпичиени Точик.

Душанбе
Додгохи Олии кишвар хукми суди зинаи поениро чихати чуброни зарар ва пардохти маблагро барои Шахбол Мирзоев бекор кардааст. Ба чунин оилахое, ки фарзандашон дар хизмати харби маъюб ва ё талаф мешаванд ягон маблаг дода намешавад? Мухтарам масъулини КУМИТАИ ЧАВОНОН... сарбозонам ба категорияи чавонон дохил шуда шахрванди кишвар мебошанд барои хамин ходисахои номбурда ягон консепсия ва ё барнома тахия ва ба Хукумат пешниход намоед намешавад?Фараҳманд,

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)