Бахшҳо

Муроҷиатномаи омӯзгорони Донишгоҳи Кӯлоб: Ҷомеа дигар ба ҲНИТ ниёз надорад

Гуруҳе аз омӯзгорони Донишгоҳи давлатии шаҳри Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ имрӯз, 6 август бо пахши як муроҷиатнома Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистонро ҳизби нолозим хонда, хостори қатъи фаъолияти он шудаанд.

Дар ин муроҷиатнома, ки онро торнамои “Ҷумҳурият” ба нашр расондааст, гуфта мешавад, “ҳадаф аз бунёди ҲНИТ бедорсозии мардум барои арҷгузорӣ ба дини муқаддаси Ислом ва водоштани ҳукумат ба густаришу ҷонибдории динпаноҳону дингустарӣ мебошад, ки ҳоло дигар ин ҳадафҳо амалӣ шудаанд”.

Муаллифони муроҷиатнома иддао карданд, ки ҲНИТ ҳамчун ҳизби сиёсӣ тамоюлоти номатлуб пайдо карда, суботи кишварро халалдор мекунад: “Ошкор аст, ки рисолати аслии дин ин тарбияи ахлоқиву маънавии ҷомеа аст, на василаи талоши ҳукумат кардан. Дин барои муаррифии худ ниёз ба ягон ҳизб надорад, зеро дар ниҳоди мусалмони узви ҳизби динӣ набуда, дудилагие ба миён меояд, ки мусалмони асил ӯст ё онҳое, ки аъзои ҳизби динӣ ҳастанд. Ин ҳолат мардумро ба нофаҳмиву тафриқа мебарад, чуноне таърих собит сохт, ки чунин давлатҳо имрӯз дар чӣ аҳволанд”.

Ба қавли муаллифони муроҷиатнома, “дар кишвар шумораи масҷидҳо хеле зиёд шуда, донишгоҳ ва мадрасаҳои динӣ расман фаъолият мекунанд, ҳукумат ба имомони масҷидҳо маоши ҳармоҳа медиҳад, шумораи ҳоҷиёни кишвари мо нисбат ба кишварҳои мусулмонии собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ ва бархе аз кишварҳои дигари мусалмонӣ бо назардошти шумори аҳолӣ бештар аст”.

Дар идома гуфта мешавад, дар давлате, ки сарвараш худ ба дин вафодор аст, касе ба посдории рукнҳои дини мубини Ислом мухолифат надорад: “Пас, чӣ гуна боз бояд озодӣ бошад? Озодӣ магар аз ин зиёд буда метавонад ва агар шуд, он ифрот хоҳад буд? Пас, агар ҲНИТ-ро рисолаташ ин буд, он анҷом ёфт, ҷомеа дигар ба он ниёз надорад. Он ки ҲНИТ аз ҷониби хоҷагони хориҷӣ маблағгузорӣ ва идора карда мешаваду ба Ваҳдати миллӣ ва сулҳу субот дар кишвар ва минтақа хатар эҷод мекунад, ҳеҷ шакку шубҳае нест”.

Дар поёни ин муроҷиатнома гуфта шудааст: “Омӯзгорон ва кормандони Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ фаъолияти ҲНИТ-ро, ки зери ниқоби дини мубораки Ислом андешаҳои муғризона ва нопоку ғайриинсониро талқин мекунад, сахт маҳкум намуда, пешниҳод доранд, ки ислом, ки худ қонуни тариқату шариат, покиву растагорист ва ҳар ояи “Қуръон”-и маҷид панду ҳақиқати зиндагист, ниёзе ба таъсиси ҳизбу ҳаракати дигаре надорад”.

Ин муроҷиатнома дар ҳолест, ахиран Ҳизби наҳзати исломӣ, ягона ҳизби исломии расмӣ дар собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ аз фишорҳои зиёди мақомоти кишвар ба Дабири кулли Созмони милали муттаҳид, Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо, Иттиҳодияи Аврупо, Созмони ҳамкориҳои исломӣ, роҳбарони кишварҳои кафил ва узви гурӯҳи тамос барои татбиқи Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон – Федератсияи Русия, Ҷумҳурии Исломии Эрон, Афғонистон, Қазоқистон, Ҷумҳурии Исломии Покистон ва ҷумҳуриҳои Туркманистону Қирғизистон номаи шикоятӣ ирсол намуда, хостори мудохилаи онҳо ба вазъияти мавҷуда шуд. Раёсати Олии ҲНИТ далели аслии ирсоли номаро ба унвони ин созмонҳо ва кишварҳо “вазъи номуносиби ба вуҷуд омада дар Тоҷикистон, ба хусус, амалҳои ғайриқонунӣ, ғайриахлоқӣ ва саркӯбгароёнаи мақомоти тоҷик нисбати шахсиятҳо, ҳизбҳо ва гуруҳҳои сиёсиву мазҳабии мухолиф” унвон кард.
Мӯҳр
Умар аз Кулоб
Пас биёед Ҳизби Комунистиро низ бандем.Барои он ки дигар сафсатаҳояшон борои бунёди коммунизм ба ҳама аён шуд.Ҳамин омузгорони Донишгоҳи Давлатии ш.Кулоб 80%-ашон "атеист" мебошанд.

саид
Ин номаро хамаи омузгорон не як кас навистаги ба номи хама аформит кадаги чунки ки хамаи мактубхо як маъни доранд дигар мардум ба ин номахо бовар надоранд.чаро зиди дигар хизбхо не факат зиди нахзат чунки СУПОРИШИСТ.

БИБИНЕД ТО ЧИ ДАРАЧА ШАЪНИ ОМУЗГОРРО ПАСТ КАРДАНД. Аз омузгор гирифта то имомхатибхо хама бар зиди Ислом шуданд.

Точик
Чоплусхои лаганбардор

фаррух
айб аст барои коргарони макомот кй як хизби сиёси конуни хам миллату хам забони худашкати рост намегира аз кучо дииш ё толибон бо инхо рост мегирад?ин амалхои иакомот нишонаи ноором сохтани давлат аст ва пароканда кардани миллати точик аст

абдулох
Аз кадом озоди суханмекуни мачбури риши мусалмонхоро тарошидан е манчи хичоб е то 18 сола бамасчид нарафтан ётаълими куръон надодан ёдахо фарзи худоро манъ кардан бе инсофи худо Ношинос. Озоди илтимос чопкун

Устод
Устодони донишгох!!Барои чи дуруг меген. Аз тарс. Лаганбардори!! Ислом ба Шумо чи бади кард?? Фахмо. Метарсед ки аз майнуши ва зинокориатон мемонедю

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)