Латипов аз зиндон шабакаи нашъаҷаллобро роҳбарӣ мекардааст
Ҳабибулло Латипов, як муҳоҷири маҳкумшудаи тоҷик дар вилояти Перм дар он айбдор дониста шуд, ки дар зиндон нишаста, як шабакаи нашаъҷаллобро ташкил ва роҳбарӣ мекардааст.
Додгоҳи Перм Латиповро, ки барои нашъаҷаллобӣ дар зиндони ноҳияи Губахи ин вилоят қарор доштааст, дар он гунаҳкор донист, ки тариқи миёнаравҳо додугирифти нашъаро дар Перм роҳбарӣ мекардааст ва маблағ аз фурӯши нашъа ба суратҳисобҳои бонкии Латипов гузаронда мешудааст. Тавре Раёсати назорати маводи нашъаовари вилояти Перм иттилоъ медиҳад, дар маҷмуъ ин шабакаи нашъаҷаллоб 27 нафарро фаро гирифтааст ва аз паноҳгоҳҳои ин гуруҳ 4,5 кило героин дарёфт шудааст.
Манбаъ мегӯяд, бо назардошти ҳукми қаблӣ Ҳабибулло Латипов ба 20 соли зиндони низомаш сахт маҳкум шудааст.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 | 7 |
8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 | 14 |
15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 | 21 |
22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 | 28 |
29 | 30 | |