Бахшҳо

(ВИДЕО) Скрипканавоз аз Руминия: Кӯлоб дар дили ман аст

Як ҷаҳонгарди руминиягӣ мегӯяд, меҳмоннавозӣ ва меҳру муҳаббати тоҷикистониён ӯро ошиқи ин кишвар кардааст.

Мария, сайёҳе аз Руминия, ки як моҳи ахир дар Тоҷикистон қарор дорад, Тоҷикистонро кишвари дӯстдоштанӣ таъриф кард. Хабарнигори “Озодагон” шоми рӯзи 6 август замоне бо ӯ суҳбат кард, ки дар хиёбони Рӯдакии шаҳри Душанбе скрипка менавохт.

Мария мегӯяд, ҳамроҳи ҳамсараш ҷаҳонгардӣ мекунад: “Сайёҳати мо аз Ҳиндустон шурӯъ шуд. Тавассути ҳавопаймо ба Қазоқистон омадем ва аз онҷо ба Қирғизистон”.

Ин сайёҳи руминиягӣ гуфт, аз Қирғизистон ба Помири Тоҷикистон омаданд ва инак як моҳ аст, кишвари моро тамошо мекунанд: “Дар кӯчаҳо мусиқӣ менавозем ва барои давом додани сайёҳат пул пайдо мекунем. Вақте дар кӯчаҳо скрипка менавозем, одамон бо ҳайрат ба мо нигоҳ мекунанд. Мегӯянд, бори аввал навохтани скрипакаро дар кӯчаҳо мебинем”.

Ӯ афзуд, дар бораи Тоҷикистон маълумоти умумӣ дошт ва намедонист инҷо онҳоро чӣ интизор аст: “Мисли як сюрприз шуд. Ин ҷо ҳар рӯз чизҳои навро таҷриба мекунем. Тоҷикон хеле мардуми меҳмоннавоз ҳастанд. Ба хонаҳояшон даъват мекунанд ва дастурхон меороянд. Ҳамеша мегӯям, ки Тоҷикистон кишвари дӯстдоштатарини ман аст”.

Мария мегӯяд, аз ҳама бештар шаҳри Кӯлоб барояшон писанд омадааст. “Шаҳри зебо нест, аммо вақте дар бозор будем, тамоми фурӯшандаҳо барои мо ройгон мева медоданд ва ба хонаҳояшон даъват мекарданд. Ду рӯз дар Кӯлоб дар хонаи як сокини ин шаҳр зиндагӣ кардем. Барои мо хурокҳои миллӣ пӯхтанд ва аз ҳама зиёд ош писандамон омад. Кӯлоб дар дили ман аст”,-изҳор дошт вай.

Ин сайёҳ гуфт, се рӯз мешавад, ки дар Душанбе ҳастанд ва ҳоло ин шаҳрро хуб наомӯхтаанд: “Душанбе як андоза ба шаҳрҳои Аврупо монанд аст”.


Мӯҳр
Бандаи Худо
Фархангу маданияте, ки холо дар Душанбе руш карда истодааст хатто аз фархангу маданияте, ки дар Аврупо аст бадтар аст. Зуд аст, ки ин фархангу маданияти дар холи рушд дар Душанбе дарди сарамон мешавад. Инсондусти кариб, кидар Душанбе гум шуда истодааст. Хама материалисти ашади шудаанд, мардум дасти якдигарро намегиранд дар холати зарури, дар роххо фасодиву бемаънигари хеле зиёд шудааст, ки ба насли наврас зарари калонтарини манфи мерасонад.

кулябец
Бандаи Худо,
Душанберо намедонам, лекин мардуми Кулобшахр нихоят мехмондустанд.

сорбон
Мардуми Кулоб нангу номусро дар мадди аввал мегузоранд аз ин ру обруманданд.

Али
Мария дар Кулоб хамрохи мо буд

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)