Бахшҳо
07 авг 2015 14:57Тоҷикистон / Иҷтимоӣ

Дар Тоҷикистон ба ошпази беҳтарин "Кафгири тилоӣ" медиҳанд

Вазорати фарҳанги Тоҷикистон мегӯяд, ғолиби имсолаи Фестивал-озмуни ҷумҳуриявии “Оши палав”-ро “Кафгири тиллоӣ” интизор аст.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти ин ниҳод, Фестивал-озмуни “Оши палов” алакай дар даҳаи аввали моҳи август дар миқёси ҷумҳурӣ оғоз шуда, дар ду давр -- ноҳиявӣ ва ҷумҳуриявӣ баргузор мешавад: “Мақсад аз баргузории Фестивал-озмун тарғиб ва оммавигардонии суннатҳои беҳтарини миллӣ буда, воситаи хубе барои ваҳдати миллӣ, таҳкими ҳувияти миллӣ, тарбияти фарҳанги ошпазӣ ва такмили маҳорати касбии ошпазҳо ба шумор меравад”.

Манбаъ меафзояд, даври ҷамъбастии Фестивал-озмун 22 август чун ҳамасола дар Дар душанбе баргузор шуда, “дар он беҳтарин ошпазҳо, ғолибони даври ноҳиявӣ ҷамъ омада, бо тамоми нозукиҳо ва ҳунарнамоиҳо оши палав пухта, дастархони намоишӣ меороянд. Тибқи нишондоди Кумитаи тадорукоти Фестивал-озмун ҳар ошпаз ҳамон палави хоси ноҳияи худро пухта, ба ҳар ноҳия гузоштани то 3 деги ғунҷоишаш тақрибан 20 кг тавсия дода мешавад”.

Дафтари матбуоти Вазорати фарҳанг мегӯяд, дастранҷи ошпазҳо аз рӯи шартҳои баҳогузорӣ шуда, ғолиби асосӣ бо “Кафгири тиллоӣ” ва ғолибони ҷойҳои дигар бо туҳфаву диплому ифтихорномаҳо қадрдонӣ хоҳанд шуд.
Мӯҳр
Саидчон
Кай аз озмунгузаронию аз раксу бози ба кор мегузарем?
20 кг биринч дар 3 дег 60 кг биринч мешавад агар хамаи шахру нохияхо биоянд зиёда аз 5 тонна биринч мешавад кариби 1 тонна гушту 500 л равган хамаи ин харочоти танхо хурок аст харочоти омаду рафт чойи хобу хуроки иштирокчиёнро хисоб кунед ва маблагхое ки аз хисоби бучет чудо шударо хулоса бароред, ки дар хангоми кризиси молияви чи манфиат дорад озмуни мазкур.
Бехтараш хамин маблагро ба зарардидагон аз офати табии дихед хубтар мешавад.
наход ягон нафар фикр накунад ки чаро чунин чорабинихои пурхарочотро махз мо точикон мегузаронем..ягон заррае барои фоидаи мардум нест.....бехтарин ошро мардум худаш медонад ки дар кадом тарабхона аст ё дар бозор.......озодагон хохишмандам кайчи назанед

Самандар
андешаи хуб........шояд ягон масъули хукумат хонад ба боло пешниход намояд. Аммо бадии кор дар он аст, ки хамаи ин чорабинихоро чунон шарху возех медиханд, ки гуё агар ин чорабини доир шавад сатхи маънавиёти мардум боло бардошта мешавад лекин як андеша намоем, ки харруз чорабини доир мешавад мутаасифона натичае нест.....хабарнигорону масъулон бошад омода шуда суханрони мекунанду кайд мекунандки чунин чорабинихо зиёдтар доир карда шавад чи лозим сохтакорию худнамоишдихи аз ин маблагхои хангуфти харочоти ягон корхоначае созанд ки 2 нафар сохиби кор шавад хубтар аст хамаи маблагхоро чамъ намоянд то маблаги кафгири тиллои мешавад якчанд дасгохе ворид карду 2-3 нафар бо чои кори доими таъмин карда шавад

Ошпаз
Самандар,
Ягон масъули ХУКУМАТ хонад хам ба боло пешниход намекунад, агар пешниход кунад гапи уро хечкас гуш намекунад. feel
ОЗМУН БОЯД БАРГУЗОР ШАВАД, тамом ва салом

Хакикат
Хамин Вазири фархангро мебояд дар Парлумон е Масчиди Исмоилияхо ба кор кабул бояд намуд. Он кас хамчун инсон, одами хуб ва ором табиат мебошад, локин мутаассифона тибки андешахои кисмати зиед чои у Вазорати фарханг намебошад?

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)