Русский  >>  فارسی  >>  Сешанбе 25 июн 2019, 13:03

Қирғизистон санаи аввалин парвоз ва шумори умуми ҳоҷиёнашро эълон кард

10 август 2015, 14:39

Идораи муфтиёти Қирғизистон мегӯяд, имсол дар мавсими “Ҳаҷ-2015” 3 ҳазору 685 сокини ин кишвар иштирок хоҳад кард, ки то ду ҳафтаи дигар маъракаи сафарбаркунии онҳо ба Арасбитони Саудӣ оғоз хоҳад шуд.

Тибқи иттилои дафтари матбуоти ин ниҳод, аввалин гуруҳи зоирини қирғиз имсол ба шаҳри Мадинаи мунаввара рӯзи 25 августи соли равон парвоз хоҳанд кард.

Ба қавли масъулини Идораи муфтиёти Қирғизистон, маъракаи сафарбаркунии ҳоҷҷиён аз ин кишвар ба Арабистони Саудӣ то рӯзи 11 сентябри соли равон идома хоҳад ёфт: “Имсол тибқи барнома бозгашти зоирин аз Хонаи Худо ба Ватан аз 28 сентябр то 15 октябри соли равон сурат хоҳад гирифт”.

Ҳаҷ аз ҷумлаи аркони панҷгонаи дини мубини Ислом аст, ки барои ҳар мусалмони ба балоғатрасида ва тавоно фарз мебошад. Қимати имсолаи сафари ҳаҷ барои зоирони Қирғизистон 2 ҳазору 550 долларро ташкил медиҳад, ки он нисбат ба дигар кишварҳои минтақа арзонтарин маҳсуб мешавад.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ-16;

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60;

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!