Бахшҳо

Каромат Шарипов: Ҳамлагарони “Мулло Хайриддин” бо тоҷикӣ суҳбат кардаанд

Хайриддини Абдуллоҳ, мулаққаб ба “Мулло Хайриддин” як донишманди ҷавони умури дини тоҷик, ки шоми 7 август дар наздикии метрои “Рязанский проспект”-и Маскав мавриди ҳамлаи афроди номаълум қарор гирифт, ба шӯъбаи ҷарроҳии беморхона интиқол ёфтааст. Дар ин бора Каромат Шарипов, раҳбари Ҷунбиши умумирусиягии “Муҳоҷирони меҳнатии тоҷик” хабар дод.

Оқои Шарипов, ки рӯзи гузашта ба аёдати “Мулло Хайриддин” рафтааст, мегӯяд, баъд аз ҷарроҳӣ ӯро аз шӯъбаи эҳёгарӣ ба шӯъбаи ҷарроҳӣ гузарондаанд ва вазъи сиҳатияш хуб аст. Хайриддини Абдуллоҳ дар суҳбат ба раҳбари Ҷунбиши умумирусиягии “Муҳоҷирони меҳнатии тоҷик” дар мавриди ҳодисаи шоми 7 август нақл кардааст: “Ӯ гуфт, ки вақте аз метрои хиёбони Рязанск берун шуд ба вай ҳамла карданд. Ҳамлагарон ду нафар буда, бо тоҷикӣ суҳбат кардаанд. Яке аз ҳамлагарон бо корд ба ноҳияи шикамаш задааст, нафари дуюм аз пас ба ноҳияи гарданаш”.

Хайриддини Абдулло гуфтааст, ёд дорад, ки баъди ин ҳамла ба рақами телефони ҳамроҳи Каромат Шарипов занг зада, аз ин ҳодиса хабар додааст. “Хайриддин чеҳраи яке аз ҳамлагаронро дар хотир дорад”,-мегӯяд Каромат Шарипов.

Ба иттилои манбаъ, ин ҳамла дар ҳоле сурат гирифт, ки "Мулло Хайриддин” пайваста мавриди таҳдид қарор мегирифт ва ба таҳдидҳои телефонӣ, ки пайваста садо медоданд, одат карда буд: “Ахиран, вақте Русия ҷои фаъолияти эмиссарҳое шуд, ки муҳоҷирони тоҷикро ба Сурия ва Ироқ ҷалб мекунанд, таҳдидҳо зиёд шуд. Ва анна натиҷа. Мусалмон ба ҷони мусалмон қасд намуд”.

Моҳи марти соли 2012 низ Хайриддин мавриди латту кӯби афроди номаълум қарор гирифта буд.

Оқои Шарипов аз сафири Тоҷикистон дар Русия Имомуддин Сатторов ва сухангӯи сафир Муҳаммади Эгамзод барои бетараф набудан дар қазияи Хайриддини Абдуллоҳ изҳори сипос кардааст.

Хайриддини Абдуллоҳ дар гузашта роҳбарии идораи дину фарҳанги Ҷунбиши муҳоҷирони тоҷик дар Федератсияи Русияро бар уҳда дошт, аммо баъдан эълон шуд, ки аз ин мақом рафтааст.
Мӯҳр
Мусалмонон!? Мусулалмони хамин хаст,
Ки хуни Хайриддин руйи замин аст?!

Сафари Бако
Каромат Шарипов марди миллатдуст аст.

шерали хисоб
Худованд ба мулло Хайриддин шифои очилу комил ато фармояд.

Точики забондуст
Каромат Шарипов: Ҳамлагарони “Мулло Хайриддин” бо тоҷикӣ суҳбат кардаанд

ХАЙР БАЪД ЧИ МЕГАН ДАР БИХИШТ МАЛОИКАХО БО ЗАБОНИ ДАРИИ ТОЧИКИ СУХБАТ МЕКАРДИЯН.

Боз ин чи гуна чунбиш будааст, мухтарам Шарипов!

Болта
Барои ҳамин, мулло ҳам бояд машқу варзиш кунад ва танашро устувор гардонад, то ба ҳамагуна муқовимату ҳамлаҳои мунофиқон тобовар бошаду ҷарасти онҳоро барорад.

саид
Ин мулло не охунд аст ин охунди рофизи мухочирони чохили нодонро бо фиреб ба суи шиаги мекашад .бо бахонаи гуё дарси дини аз мазхаби ханафи ройгон мухочиронро чамъ намуда онхоро дини шиаги меомузонад дини хакорати сахоба дини тавхин ба модари мусалмонон Оиша дини тахрифи Куръон .ана ки буд ин "мулло Хайриддин" е ки дар асл охунд Гайриддин ном дорад.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)