Русский  >>  فارسی  >>  Сешанбе 17 январ 2017, 22:12

Ду ҳарфи ду ҳафта

13 август 2015, 16:18

Сайф САФАР

Додгоҳи олии Тоҷикистон бо як ҳукми тоза муҳлати зиндони Зайд Саидов, тоҷири муваффақ ва вазири пешини саноатро ба 29 сол расонду барои ҷуброни 34 миллион сомонӣ низ мувазаф намуд. Ба эҳтимоли қавӣ ин охирин ҳукми додгоҳ алайҳи ҷаноби Зайд буд ва шояд 34 миллион сомонӣ ҳам аз вопасин дороиҳояш буданд, ки дар лобалои парвандаҳо қурбон шуданд. Аммо, дар ин ҳукми умедворам, охирон Савриддин Тошев, додраси парванда, ба истилоҳ, “кафид”. Шоҳидони мурофиа гуфтаанд, ки пас аз эълони ҳукм миёни Зайд ва додрас Тошев гуфтугӯи кутоҳе сурат гирифтааст. Зайд пурсидааст: “рафиқ судя, қонун чӣ шуд, мо ба умеди қонун будем?". Додрас посух додааст, ки "Зайд Шерович тақозои замон ҳамин будааст".

Ин посухи додрас як ҳарфи хеле калидӣ аст ва фикр мекунам дар ҳафтаҳои баъд мавриди баҳсу баррасии коршиносону соҳибназарон мегардад. Замон чӣ тақозо кардааст? Мо дар чӣ замоне қарор дорем? Тақозои замонро кӣ мушаххас мекунад? Бардошти ман ин шуд, ки нафаре, ки ба умеди қонун будааст замон тақозо кардааст, ки дар қиболи ӯ аз беқонунӣ кор гирифта шавад?! Ин пурсишҳо дар ҳадди пурсиш мемонанд, чун Тоҷикистон кишваре нест, ки додрас Тошев барои шарҳи ин гуфтааш ҷилави расонаҳо ҳозир шавад.

Ҳарфи дигари ҳафтаи пеш ҳам хеле гаронвазн буд ва аз даҳони касе гуфта шуд, ки дар сиёсатҳои роҳбурдии кишвар нафари 2-юм ҳаст. Сайфулло Сафаров, муовини раиси Маркази тадқиқоти стратегӣ ва муовини пешини раиси Ҳизби халқӣ-демократии Тоҷикистон дар як мусоҳибаи худ бо “Радиои Озодӣ” гуфтааст, ки “Единая Россия баъд аз ҳизби мо ба вуҷуд омадааст ва маслиҳати ташкили ҳамин гуна ҳизбро мо аз Тоҷикистон ба Русия дода будем.” Агар ҳизбе, ки тамоми сиёсат, рушду тавсеаи Русия дар он хулоса мешавад бо маслиҳати Тоҷикистон бунёд шудааст, мантиқан бояд барои ҳамеша мадюни сиёсатмардони тоҷик бошад, ки нест. Агар ҷаноби Сафаров он замон ба ҳайси муовини ҳизб тавони додани чунин маслиҳатро доштааст, пас имрӯз ҳамчун стратеги 2-юми кишвар метавонад ба Русия маслиҳатҳои ҷиддитар бидиҳад, ки бар манзалат ва шукуҳи тоҷику Тоҷикистон дар ин кишвар афзуда шавад.

Ба ин тартиб, аз ҷаноби Сафаров тақозо дорам, ки агар ҳанӯз ҳам салоҳияти маслиҳат додан дошта бошад ба Русия чунин маслиҳат бидиҳад. Чун ин ду кишвар ҳамдигарро шарики стратегӣ мешуморанд манфиати мо ҳам дар ин мушорикат нигоҳ дошта шавад. Тоҷик дар Русия аз ҳадди “чурка” ва “Равшану Ҷумшуд” ба як инсон табдил шавад. Ба “депорт”-и худсаронаи шаҳрвандони Тоҷикистон аз ин кишвар нуқтаи поён гузошта шавад. Тосарҳои рус аз қатли ваҳшиёнаи тоҷик даст бикашанд. Маслиҳат бидиҳад, ки ҳадди ақал сарбозони пойгоҳи Русия дар Тоҷикистон дар ҳолати сархушӣ ба шаҳр набароянд, ки мунҷар ба низоъ бо ҷавонон маҳаллӣ нашавад. Агар маслиҳат доданро тақозои замон гуянд, ман розӣ ҳастам.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • Маслихатчии Судя

  • 13 август 2015 16:45
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Офарин Сайф!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Сад офарин Сайф. Кошки хамаи рузноманигорон ба монанди ту мешуданд.
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Одамони калидии мо сухани худро сарфахм намераванд хачвияи Оли ва хело хандаовар
Посух додан
  • Абдуллох Иззом

  • 14 август 2015 09:36
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Салом ба хаммаи хонандагони озодагон . Намехохам ба шахсияти касе расам ва аз рузноманирони точик чунин шучоату часорат ва махорат ро интизор набудам ва на дида будам офарин бар ин чавон мард ки имруз барои миллати хеш садои одилона ва мунсифонаи хешро баланд кард . Вале афсус дигарон хамеша харакат мекунанд ки калонхо хафа нашаванд ва маталаби гузошта бояд ба табъи дили онхо бошад
Яке аз бузургон гуфтааст як соат бо шучоату сарбаланди зистан бехтар аз он аст ки то киёмат залилу буздил зистан . Офарин. Худо сафтона зиёд гардонад . Омин
Посух додан
  • кулябец

  • 14 август 2015 10:47
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Маколаи подархаво! Байни Зайд ва мухочион алокамандие набуд ва нест. Вакти вазир буданаш ягон маротиба аз холати мухочирин напурсидааст. Ва барои миллат ягон хизмате накардааст. Хама дар мансаб буданаш гуё кур хастанд!!
Посух додан
  • Саид

  • 14 август 2015 16:25
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
кулябец,
ай бача, авал номта тогри бнавс, баъ хеле хб мешидаг... дга ин ки ага ба забони паштуни менавишт баад мефамиди, ин точики навиштаст, барои хамин ту напамидай, аааййй бааачааа!
Посух додан
  • Mahvash

  • 14 август 2015 19:58
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Ба Саид
Саид донишкадаи санъат бахши актёриро хатм кардааст.Яке аз шогирдони бехтарини Аловудин Аблуллоев буда, дар дехаи "Мортеппа"-и нохияи Рудаки ба дунё омадааст.
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Сиёсат мадорони тоҷик дар ҳалли мушкилоти дохили мондаанд чи бирасад ба мушкилоти Руссия роҳи ҳал биҷӯянд.воқеан хандаовар аст.
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Дар ҳақиқат Сафаров ҳамеша ҳазён мегӯяд.....

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ-16;

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60;

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!