Бахшҳо

Шӯрои уламои Кобул: “Дар Покистон ҷиҳод фарзи айн аст”

Аъзои Шӯрои уламои Кобул бо судури як фатво дар баробари Покистон ҷиҳод эълон кардаанд. Ба иттилои расонаҳои Афғонистон, ин фатво панҷшанбеи 13 август содир шудааст.

Расонаҳо мегӯянд, аъзои Шӯрои уламо бо роҳандозии як гирдиҳамоӣ дар минтақаи Шоҳи шаҳиди Кобул, ҷойе, ки як ҳафта пеш маргбортарин инфиҷор рух дод, гирдиҳамҳоӣ баргузор карданд. Уламои Афғонистон Покистонро ба даст доштан дар ҳамлаҳои ахири кишварашон мутаҳҳам медонанд. Мавлавӣ Абдулбасир Ҳақонӣ, раиси Шӯрои уламои Кобул дар гирдиҳамҳоии дирӯз гуфтааст: “Як пайём ба намояндагӣ аз Шӯрои уламои Кобул барои муллоҳои Покистон дорам, ки шумо фатвои ҷиҳодро ба хотири куштани афроди бегона дар Афғонистон содир кардед. Фатвои мо аз имрӯз ин аст, ки дар Покистон ҷиҳод фарзи айн аст ва он гуруҳҳое, ки дар Покистон ҷиҳод мекунанд мо бо ишон истода ҳастем ва онҳоро ҳимоят мекунем”.

Аъзои Шӯрои уламои Кобул гуфтаанд, ҳозиранд, то дар ҷиҳод алайҳи Покистон дар канори неруҳои амниятӣ қарор бигиранд ва аз онҳо ҳимоят кунанд. Азизуллоҳ Яктан, як узви шӯро гуфтааст, “ба хотири Ислом, ба хотири дин ва ризои Худо ва рифоҳи башарият омода ҳастем тамоми сарҳои худро дар сангариҳои ҷиҳод, дар сангарҳои дифоъ аз ҳарими арзии ин кишвар аз даст дода, таслими ҳеч кас нашавем”.

Ин фатво дар ҳоле содир шудааст, ки як ҳафта пеш дар мавзеи Шоҳи шаҳиди Кобул инфиҷори бузурге ба вуқӯъ пайваст, ки ҳукумат ва уламои Афғонистон Покистонро ба даст доштани дар он мутаҳҳам кард.


Акс аз торнамои khaama
Мӯҳр
Ба туфайли як таҷовузи мусаллаҳонаи собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ ба хоки Афғонистон моҳи апрели соли 1978, 37 сол боз дар он кишвар оромӣ нест. То ҳол ҷангу ҷидол, одамкушӣ, таркиш, таркиш, таркиш. Тайи ин солҳо шояд як миллион мардуми Афғонистон ҷони худро аз даст дода бошад. Боз чанд миллиони дигар дар тамоми дунё дарбадаранд, инро касе намедонад. Ноамнии кишвари ҳамсоя хатари ҷиддиест барои Тоҷикистони азизи мо. Агар дар он кишвар тинҷӣ ва амният барқарор гардад, барои ҳузури лашкари 201 рус дар Тоҷикистон дигар баҳонае намемонад. Ба хулосае расидам, ки ҳарҷо қадами рус гузошта шавад, онҷо ҳатман инқилоб, кудато ва ҷангу ҷидоли шаҳрвандӣ таъмин аст. Воқеаҳои Афғонистон ва Тоҷикистон таҷрибаи сангин ҳастанд. Аз ин рӯ аз бародарони афғон хоҳиш мегардад, ки дар кишварашон сулҳу амниятро таъмин намоянд. Сарнавишти хешро худашон бисозанд. Агар худи афғонҳо нахоҳанд, онҷо ҳеч гоҳ сулҳу иҷодкорӣ нахоҳад шуд. Ба умеди дигарон набошанд, ки "хизмат бе миннат намешавад", гуфтаанд.

СУЛХУ ОСОИШТАГИ НАМЕШАВАД ТО АМРИКОИ ЧАНГЧУЙ ФУКАШРО АЗ ИН САРЗАМИН НАГИРАД ИН ХАМА КОРХОИ АМРИКОИХОСТ ДАР КУЧО САРЗАМИНИ МУСАЛМОН БОШАД ХАТМАН ОН ЧОЙРО ПАЛИГОН МЕКУНАНД.

АС
Эй Озодагон, озодагиятон кучо шуд? Чаро шарххоро чоп намекунед?

АС
БА Юсуф[/b], Тавччух кун ба чанд санаи таърихи:
1978 - огози чанги граждани дар Афг-н, ки то хол идома дорад.
1980 - вуруди сарбозони Шурави ба Афг-н.
1989 - ихрочи сарбозони шурави аз Афг-н.
1992 - ишголи Кобул аз чониби ба ном "мучохидон"-и Гулбудин, Ахмадшох ва си- чил кумондони дигар. Эълони чумхурии исломи.
Акнун, домулло Юсуф, аз соли 1989 то имруз чанд сол шуданашро хисоб куну посух бидех: ЧАРО пас аз берун рафтани "шуравии кофир", ва хатто бархам хурдани СССР, ин "мучохидони исломи" бо хам бародар нашуданд? Чаро милхои силохро ба руи хамдигар гардонданд? Чаро дар даврони хукумати "комунистони бедин" ному нишоне аз героин набуд, аммо дар ахди мучохидон Афг-н лидери чахонии истехсоли наркотик шуд? Ха бародар, диди, сабабхои куштори чихилсола дар Афг. пеш аз хама дохилиянд ва плюс Покистон намемонад то сулх шавад. Бинобар ин бояд мисли тамоми исломгароён беандешаги накарда, дар даврони чанги зидди шурави Покистонро дусту пуштибони худ карор намедоданд. Хизбу харакатхои исломи худашон пас аз гирифтани хукумат шиорхои куръонию шариатии эълоннамудаашонро зери по карда, халкро гирифтори азобу укубат менамоянд (тамоми касоне ки бо овози баланд аз шариату ислому худотарси гап мезананду хосиле аз ин ля-ля-ля нест, чунки беш аз хама худи гуянда худонотарс аст). Халк ахволи хозираашро бо ахволи даврони комунистон мукоиса карда мефахмад, ки ин шайхону муллохои риёкору харомхур боз фиребаш додаанд. Касоне ки зидди будубоши лашкари 201 дар Точикистонанд, мехоханд хамин гуна давлати фиребгарону рохзанони исломи дар кишвари мо барпо шавад. Вагарна чаро бояд дивизия баромада равад? Чи, аз бучети Точикистон ё аз кисаи шумо маблаггузори мешавад? Не, аз бучети Россия. Пас, сабаби дигарро ман намебинам - хатман ин гуна шахс хаводори толибу ДОИШ аст.

Чалолиддин
Сабаби нооромии Афгонистон аслан Покистон аст. Покистон на танхо толибони Афгонистон, балки мучохидони Кашмир, фанатикхои Хиндустон ва замони чанги шахрванди нахзатиёни точикро низ ба чанг теле медод ва яроку мухимоти чанги медод. Ин кишварест, ки худкушони исломиро дар мадрасаву мактабхояш омода менамояд. Шурави ба Афгонистон ороми ва зиндагии осударо бурд, вале Покистон бо рохнишондоди Амрико чанги шахрвандиро дар ин кишвар рохандози намуд. Шурави обод мекард ва гумоштахои Покистон кишвари Афгонистонро хароб. Дар сурате, ки Покистон дастнигари яхудиёни Амрико буд. Бояд таъкид намоем, ки Шурави бо хама он хусусиятхои манфияш ободгар ва борахму шафкаттар аз Амрико ва Покистон буд. Имруз Шурави нест вале Покистон аз куштори мардуми бечораи Афгонистон сер нашудааст.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)