Тағйироти кадрӣ дар Қушунҳои сарҳадӣ: Назиров ба ҷои Азимов
Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳурии Тоҷикистон дар пайи як тағйироти кадрӣ раҳбарони бархе аз раёсатҳои Сарраёсати Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии кишваро иваз кардааст.
Тибқи иттилои дафтари матбуоти раёсатҷумҳур, Абдураҳмон Азимов бо сабаби ба нафақа баромадан аз вазифаи сардори Омӯзишгоҳи олии сарҳадии Сарраёсати Қӯшунҳои сарҳадӣ озод гардидааст. Инчунин Сафаралӣ Назиров аз вазифаи муовини сардори Сарраёсати Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон озод гардида, ба вазифаи сардори Омӯзишгоҳи олии сарҳадии Сарраёсати Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ таъин гардид. Ҷаъфарзода Муҳаммад Ҳайдар аз вазифаи муовини сардори Сарраёсати Қӯшунҳои сарҳадӣ оид ба корҳои тарбиявӣ-сардори раёсати корҳои тарбиявӣ озод гардида, сардори раёсати Қӯшунҳои сарҳадии Сарраёсати Қӯшунҳои сарҳадӣ дар вилояти Суғд таъин гардид.
Ҳамчунин, сардорони раёсатҳои қӯшунҳои сарҳадии КДАМ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва вилояти Хатлон таъин гардида, сардорони отрядҳои як қатор гузаргоҳҳои сарҳадӣ ва нуқтаҳои дидбонгоҳҳои Сарраёсати қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон дар ноҳияҳои Мастчоҳ, Ғончӣ, Ашт ва Истаравшани вилояти Суғд низ иваз гардидаанд. Инчунин роҳбарони марказҳои таълимии “Ҳалқаёр” ва “Лангар” иваз карда шудаанд.
Эмомалӣ Раҳмон аз роҳбарони дидбонгоҳҳои сарҳадии Ишкошим, Шӯрообод, Панҷ, ки тоза ба ин вазифаҳо таъин гардиданд, талаб намуд, ки дар ҳифзи марзу буми Ватан ҳушёру зирак бошанд ва ҳар як ваҷаб хоки диёрро аз рӯи садоқат ба давлату миллат ҳифз намоянд.
Манбаъ таъкид кардаасти, ки ҳамаи кадрҳои тозатаъйин ба вазифаҳои роҳбарӣ дар раёсати Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон ду маълумоти олӣ дошта, дар донишгоҳу донишкадаҳои соҳавӣ дар хориҷи кишвар, аз ҷумла Русия ва Қазоқистон таҳсил кардаанд.
Эмомалӣ Раҳмон субҳи 14 август, тамоми ин кадрҳоро ба ҳузур пазируфта, аз авзои номӯътадили Афғонистон, задухурду муқовимати гурӯҳҳои ифротгаро ва экстремистӣ бо сохторҳои қудратии ин кишвар дар наздикиҳои сарҳади Тоҷикистон ёдовар шуда, аз ҳар як роҳбари ниҳод бо қотеъият назорати шабонарӯзӣ, таъмини амният ва осоиши мардумро талаб кардааст.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 | 7 |
8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 | 14 |
15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 | 21 |
22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 | 28 |
29 | 30 | |