Бахшҳо

“Шоубизнес” дар “Шаҳри бехатар”: Вазирҳо чӣ?

Ҳадафи дурбинҳои “Шаҳри бехатар” қарор гирифтани ситораҳои эстрадаи тоҷик ҳафтаи равон дар сархати расонаҳои хабарӣ қарор дошт.

“Шоу-хабар”-ҳои Вазорати умури дохилӣ дар бораи қоидавайронкунии ситораҳои “Шоу-бизнес” миёни корбарони интернет дар Тоҷикистон мавриди истиқбол қарор гирифтанд ва суолеро ба миён гузоштанд, ки оё дурбинҳои “Шаҳри бехатар” ҳамаро бо як чашм нигоҳ мекунанд? Ситораҳои эстрадаи тоҷик, ки одатан барои наворҳо ганарар мегиранд, тибқи хабарҳои Вазорати умури дохилии Тоҷикистон агар “қаҳрамони наворҳои Шаҳри бехатар” шаванд, имтиёзе надоранд ва ҷарима месупоранд.

Аммо оё маҳз ситораҳои эстрада қонуншиканҳои ашадӣ дар роҳҳои Душанбеянд? Қаблан бархе аз фарзандони мансабдорон бо “қаҳрамонӣ”-яшон дар сархати расонаҳо қарор гирифта буданд, аммо дар хабарҳои “Шаҳри бехатар” аз онҳо зикре нашудааст.

Қаблан Рамазон Раҳимзода, вазири умури дохилии Тоҷикистон гуфт, дурбинҳои “Шаҳри бехатар” ба касе имтиёз намедиҳанд. Ӯ ба суоли “Озодагон”, ки оё боре худи вазир ҳам ҷаримабандӣ шудааст, ё не, чунин ҷавоб гуфт: “Бо мошини хидматӣ бошам, ҷарима намебанданд. Агар бо мошини шахсӣ бошам, ҳатман ҷаримабандӣ мешавам”.

Раҳимзода таъкид намуд, ки камераҳои назоратии “Шаҳри бехатар” ҳамаи иштирокдорони ҳаракати роҳро, сарфи назар аз мансабу мақомашон, ҷарима мебандад. Ӯ афзуд, барои гузашт накардани кормандони “Шаҳри бехатар” дастур додааст, ҳама, аз ҷумла фарзандони худаш низ ҷаримабандӣ шаванд: “Чанд бор фарзандонам ҷарима шудаанд”.

Аммо тавре дар Бозрасии давлатии автомобилии Тоҷикистон ба “Озодагон” маълум шуд, на ҳама вақт мансабдорони гунаҳкор дар қоидавайронкунии ҳаракат дар роҳ ҷазо мегиранд, зеро расман масъулияти ин қоидавайронкунӣ бар дӯши ронандаҳояшон мебошад.

Дар ин робита қаблан қазияи як ронандаи мансабдори дастгоҳи раисиҷумҳур расонаӣ шуд, ки даъво дошт, қоидаҳоро бо дастури раисаш вайрон мекардааст. Фирӯз Файзов, ки ба ҳайси ронанда дар дастгоҳи раисиҷумҳури Тоҷикистон беш аз як сол фаъолият доштааст, аз ҷаримабандиҳои “Шаҳри бехатар”, ки ӯро ду ҳазор сомонӣ қарздор намуда буданд, шикоят кард. Файзов дар шарҳи ҳодиса ба “ИмрӯзNews” гуфта буд, ягон бор қасдан ҳангоми сурх будани чароғак роҳро убур накардааст: “Ҳолатҳое мешуданд, ки раис рон мегуфт, мерондам ва баъзан худи кормандони БДА барои танба нашудани мошинҳо ҳаракатро танзим намуда, ҳангоми сурх будани чароғак ба гузаштан иҷоза медоданд”.

Бозрасии давлатии автомобилии Тоҷикистон таъкид мекунад, ки ронанда сарфи назар аз он ки мошини давлатӣ дорад ё шахсӣ барои риояи қоидаҳои ҳаракат дар роҳ масъул буда, дар сурати нақзи ин қоидаҳо ҷаримабандӣ хоҳад шуд.
Мӯҳр
Осмон
Лекин хамин Вазири корхои дохила худро бо кавле бисер Фаьол нишон додаитодааст, шояд ин...........

окили пешгуй
И вазиршам прездидент шиданихай чи бало

Офитсери ВКД
Ба Осмон: Чунки хамаи маблаги чарима рост ба хазинаи ВКД вуруд мегардад ва таксим мешавад.

Коидавайронкунии ман 4600 сомон шидай,ки занг задум хаму наворора удалит кадан. Ягон мансабдор суми у коидавайронкунира намесупорад

Ба фикрам агар ба вазирону мансабдорон чаримахо пешбини шаванд, пас ихтилоф байни сохаи умури дохила бо дигар макомотхо ру мезанад, ба хамин хотир бояд хар як маком ба хотири аз байн бурдани ихтилоф ва эхтироми якдигар хатогихои сабуки дар рох бударо мебахшад. Эхтиром дар раванди давлатдори пойдории давлатро инъикос менамояд. Ба хамин хотир ман зидди онам, ки бояд шахсони мансабдору вазирхо кадру манзалати худри гум накунанд...

Сино
Дар вакти гузаштани вазирхо камера руша дигартараф мегардона ...

Чарогак дар рох
ДАР НАЗДИ ШАХРИ БЕХАТАР Ё ИН КИ ДАР НАЗДИ УПРАВЛЕНИ ГАИ ЧИКАДАР КОИДАИ ХАРАКАТ ДАР РОХ ВАЙРОН МЕШАВАД ЯК ГАИ БА НАЗАР НАМЕГИРАД АВТОМОБИЛХО РУБАРУ МОНДА ШУДААНД ДАР РОХ АЗ ГУЗАРГОХ ГУЗАШТА НАМЕШАВАД КОРМАНДОНИ ГАИ ПАРВОЕ ХАМ НАДОРАНД ДАР ТАГИ БИНИЯШОН ИНКАДАР КОИДАВАЙРОНКУНИ БОЗ БА ХОФИЗАЮ РАКОСА ЧАШМ АЛО МЕКУНАНД АВВАЛ ТАГИ БИНИЯТОНРО ТОЗА КУНЕН НАЗДИ УПРАВЛЕНИ ГАИ РАНГИ БОЗОРИ ТИЧОРАТИ ГАШТААСТ КАМТАР ШАРМ ДОРЕД АЗ МАРДУМ ШАРМ НАЕДОРЕД РУИ РОС ДУРУГ МЕГУЕД

фахмо
Номи хамон мансабдори дастгохи раисичумхурро мегуфтед бисёр хуб мешуд.

Офарин ба Рамазон Рахимзода ва ердамчиашон Довар Фатхуллоев. Инхо дар хидмати халку Ватан. Бигзор 5соли дигар хамин вазир кор кунанд

Офарин ба Рамазон Рахимзода ва ердамчиашон Довар Фатхуллоев. Инхо дар хидмати халку Ватан. Бигзор 5соли дигар хамин вазир кор кунанд

Рост меген дар хакикат ин вазир ва Д Фатхиллоев одамони хоксор чунки ман бо вайхо кор кадагиам.

Чаноби Вазир Дар шахри Хучанд кай ин камерахо насб мешаванд?

Чаноби Вазир Дар шахри Хучанд кай ин камерахо насб мешаванд?

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)