Бахшҳо

"Рекорд": Аз 58000 сомонӣ-ҷаримаи ҳамноми раиси "Ёқут -2000" то 50 000 сомонии Наимҷон

Вазорати умури дохилии Тоҷикистон мегӯяд, Буриев Наимҷон, ронандаи “Kia Sportage” дар шаҳри Душанбе 206 бор қоидаи ҳаракат дар роҳро вайрон намуда, 49 ҳазору 880 сомонӣ ҷаримабандӣ шудааст.

Тибқи иттилои ин ниҳод 206 қоидавайронкунӣ аз ҷониби Буриев Наимҷон, ронандаи “Kia Sportage”, аломати қайди давлатиаш 5666 ВА 01 аз 3 ноябри соли 2013 то 28 июли соли 2015 тариқи дурбинҳои “Шаҳри бехатар” ба қайд гирифта шудаанд. Манбаъ мегӯяд, Наимҷон охири моҳи июл ҷаримаи таъиншуда дар ҳаҷми 49 ҳазору 880 сомониро ба буҷаи давлат пардохт карда, аллакай тайи ду ҳафтаи моҳи август боз ду бор қоидаи ҳаракатро вайрон намудааст: “Ҷаримаи маъмурии таъиншуда барои 2 далели нави қоидавайронкунӣ ҳанӯз пардохт нашудааст”.

Қаблан Вазорати умури дохилии Тоҷикистон иттилоъ дода буд, ки Қодиров Абдуҳалим Абдукаримович, ронандаи «Тойота-SEQUOIA», рақами давлатиаш 8008 АК 01, барои 238 ҳолати нақзи қоидаҳои ҳаракат дар роҳ 57 ҳазору 980 сомонӣ ҷарима пардохт кардааст. Қодиров Абдуҳалим раиси ширкати "Ёқут-2000"-ум, яке аз ширкатҳои маъруфи соҳаи нассоҷӣ мебошад. Ба иттилои ВКД "инчунин Орипов Маруфҷон Ҳусейнович, ронандаи «Тойота-Прадо» аломати қайди давлатиаш 2853 ВА 01 барои 146 далели қоидавайронкуниҳои ҳаракат дар роҳ, 37 ҳазору 780 сомонӣ ҷаримаро ба буҷаи давлат ворид намудааст”.
Мӯҳр
Дар хакикат агар давлати хакикатпараст бошем бояд манбаи ин маблагхои пардохта шударо муайян намоем, лекин афсус хамаи ин аз хисоби аз якчо дуздидаи пинхонкунии даромадхо сарчашма мегирад, ба гуфтаи мардум пули харом хамин хел боз баромада меравад.

Я
Даромади шахри бехатари зур будай ин маблаго кисаи кида мерафта боша

шахрванд
шахри бехатар сад дар сад дуругай 20 нарушени кнен 200 сомони тиеншон 50 фоизша минус мекнан и хамаш дуругай ами милиса бечорахо худшон дуругай

Махмадй Вахдат
Ин Абдухалими -маестро хам аз худ рафтагй будас дия. Мегун, ки бо Гул Шералй кудо хастанд. Власт дасташонба-дия. 50-100 хазор барои уно нол аст. Лекин барои як камбагал хона гирифта тиян хуб не-мй? Ин як пешниход руфакои азиз!

и тоҷикистона ҳами ҳофизову коргарой давлат ме дигар мардуми бечора коидаҳоироҳро итоъат мекунан ҳайратки ҳами дурбинҳо баромадагиян кам кам фойда дораду неким ҳолиям не дигаронро баройчи намекапан

Ростгу
[ин як худнамои беш нест бародар реклама да

Икадар койдавайронкуникати барои чи аз хукуки ронандагира махрум намекунан? Ё ВКД интизор кай ягон кпсро зери балон мекунанд то у вакта пул хисоб мекунад ки бисёртар чарима месуплрад. ВКД не вазорати молия шуд инн

пиёдагард
Баъди дар роххои шахр васл намудани видеокамерахо интизоми ронандахои наклиёт бехад хуб шудааст. Офарин ба онхое ки ин корро кардаанд!

Ин пиласопия аст: медонем, ки мегиран, неки намедонем, ки ки мегира.
Кандша занад БДА, аввал харчо-харчо кам-кам мегирифт, хозир якбора солонаш када мегира. Мегум, ки майёри хамсояи мо бачаи 17-солаша зан дод. Хо хавар ёфтай ай вазифа мера чи???

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)