Бахшҳо

Р. Эмомалӣ бар ивази 550 то 855 сомонӣ коргар меҷӯяд

Оҷонсии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон барои чанд курсии холӣ дар ин ниҳод озмун эълон кардааст.

Торнамои расмии Оҷонсӣ менависад, озмун барои ҷойҳои холӣ дар дастгоҳи марказӣ, раёсатҳои Агентӣ дар вилоятҳои Бадахшон, Суғду Хатлон, шаҳрҳои Душанбеву Кӯлоб ва минтақаи Рашт гузаронда шуда, музди меҳнат аз 546,30 сомонӣ то 855 сомонӣ хоҳад буд.

Донистани Конститутсияи Тоҷикистон, санадҳои меъёрии ҳуқуқии кишвар ва санадҳои ҳуқуқии байналмиллалии аз ҷониби Тоҷикистон эътирофгардида, ки масъалаҳои мубориза бо коррупсияро ба танзим медароранд, аз талаботҳои аслӣ барои довталабон гуфта мешавад. Балад будан бо забони давлатӣ ва кор бо компютер низ ҳатмӣ буда, ба иттилои торнамо “донистани забонҳои хориҷӣ ба инобат гирифта мешавад. Барои ишғоли мансаби сармутахассис, ваколатдори калони фаврӣ оид ба КММ, муфаттиши калон оид ба КММ ва сарнозир 3 сол, мутахассиси пешбар, ваколатдори калони фаврӣ, муфаттиши калон ва нозири калон 2 сол собиқаи хизматӣ зарур мебошад”.

Оҷонсӣ мегӯяд, барои ширкат дар озмун довталабонро зарур аст то 29 август ариза ва дигар ҳуҷҷатҳои лозимро ба Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия пешниҳод намоянд.

Эълони озмун барои ишғоли курсиҳои холӣ дар ҳолест, ки қаблан Рустами Эмомалӣ, раиси Оҷонсии зидди фасоди Тоҷикистон бо мақсади ҷилавгирӣ аз фасод дар ниҳоди зертобеаш ротатсия ё ҷойивазкунии кормандонро амалӣ намуд.

Тибқи иттилои ин ниҳод, то 6 августи соли равон ҷойи кори 166 корманд ва мансабдори Оҷонсии зидди фасод иваз шудааст: “Ин иқдом бо назардошти тавсияҳои комиссияи аттестатсионӣ ва бо мақсади истифодаи самараноки маҳорати касбии кормандон ва пешгирии зуҳуроти коррупсионӣ ва муовиқи талаботи Қоидаҳои гузаронидани ҷойивазкунии (ротатсияи) кадрҳои роҳбарикунандаи хизмати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда шуд”.

Ҷойивазкунии кадрҳо дар пайи аттестатсияе сурат гирифт, ки ахиран боиси аз кор озод шудани 56 масъули Агентӣ гардид. Ин ниҳод мегӯяд, аттестатсия баъди интиқоди Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон аз сиёсати кадрии раҳбари пешини ин ниҳод роҳандозӣ шуд.
Мӯҳр
бочкарев
Кош тезтар мешуду дар н Точикобод мактабхоро як аз назари хеш мегузаронданд.95%и муаллимон бе диплом дипломдорхо мегарданд бекор боз мегуянд муаллим намерасад.вакте ки ба раесати маорифи нохия мурочиат мееуни мегуянд чои кор нест.аммо барои онхое ки хатто маьлумоти миенаи пурра надоранд чои кор ефт мешавад.дар сохаи омузгори.

Маҳмуд
як обеди раисо 855 сомонӣ аст пас бо кадом фикру эҳсос бо 855 сомонӣ моҳона кор даъват мекунанд. магар мардума чи хиёл менан инҳо?!

Гаибулло
мухтарам Рустами Эмомали хохишмандем, рафти озмунро ба хизмати давлати дар сохаи корупсия худатон назорат баред зеро ба Агентии хизмати давлати дигар бовари намондааст, Дар озмунхои кабули шахрвандон ба кабули хизмати давлати дар макомотхои махалии хокимияти давлати як корхо мекунанд, ки илохи тавба, аз чумла намоядагии Агентии хазмати давлати дар вилояти Хатлон

Тоҷик
бочкарев,
Ту бо ин соддагиву зудбовариат ба фикрам ай шогирдои мло Ҳикмати Тоҷикобод ҳастӣ
ҳаму ҳам "солҳои пеш" ранги хдт содаву здбовар бд ва ба ишғолгарону қотилону бангиҳову таҷовузгарон дуои пирузӣ медод( агар бовар накни иҷа бра прсш алай ҷу)
содда набош каме чашмонро боз карда бин !

Salom,
Man hamikadar chiz meguyam, shumo boyad ziddi rishvaxori kor kuned o in maoshi metiyen xudash meguyad rishva gir.
Bo in maash xudat kor mekuni?
ajoib 100$ xudash 600somon maosh 546 somon.

man ba student bdanm va kor dar joi shishtaam az in maoshi shumo puli ziyod megiram.

Tashakkur

бочкарев
Точик!!Ман шогирди ун хазрат нестам.вале афсус мехурам ки шогирди ба ман муяссар нашуд! Дуюм ин ки маьневу мафхуми суханони шумо аз мавзу дур рафт.Хане алай чун

АБДУЛЛОЗОДА
чаноби генерал собик мовини карупцяи шахр чавони кордон буд. Аз атестатця нагузашт.

кулябец
550 сомони ин маоши 5 рузаи кучаруби ( дворники ) Москва мебошад. Ва коргарони МВД -и Россия то 70000рубл маош мегиранд.

Шахрванд
Мухтарам Рустами Эмомали! Бо ин маош, ба фикри Шумо коргареро,ки ба кор кабул мекнен, аз руи вичдону адолат кор мекунад?
Илтимос "озодагон" чоп кунед!!!

Кӣ гуфтааст, ки бо маоши 550-800 сомонӣ он коргар аз самими қалб кор мекунад. Ин гуна маоши паст худ сабаби фасод мегардад. Агар хоҳанд, ки пеши роҳи фасодкорон гирифта шавад, коргари давлатӣ бояд ками кам баробар ба 500$ ва аз он боло маош гирад. Баъд аз онҳо кор ва садоқат талаб карда шавад. Дар кишвари (шаҳри) Сингапур 25-30 сол пеш сарвазири онвақта ҳамин хел таҷриба карда буд. Дар натиҷа дар як муддати кӯтоҳ Сингапур аз фасодкорон тоза шуд, инвесторҳо омаданд ва оҳиста-оҳиста иқтисод рушд кард. Тавре иаълум аст, ҳоло стандарти зиндагӣ дар онҷо дар қатори давлатҳои пешрафтаи дунё аст.
Ана ҳамин хел. Тоҷикистон бояд думболи беҳтарин кишварҳо равад, на Русияи инқилобчиён ва ҷангу ҷидол!

Диплом дорам кор надорам ,сабаб ?
Маоши 850-сомона мебошад .
Агар маош баланд мебуд ,баъд ман ба кор мерафтам, ин маош кам аст .
Мухтарам Р.Эмомали бо ин маош кормандони корупсия худ пора мегиранд . Чи тавр зиндаги мегузарад бо чунин маош.
1-ум дар як мох 23-рузи кори . Аз чои истикомат то корхона рохкиро харруз 3-сомони бо наклиёти чамияти =69-сомон.
Хуроки нисфи рузи 10-сомони =230-сомон .
Пули барк ,партов , об ва андози хона .=на кам аз 100-сомони дар як мох .либосхои фарзанд зан ва падару модарро хисоб намекунем . Ба худ низ либос намегирем. Ба хона хурока харид мекунем дар як мох 1500-сомон .
69+100+230+1500= 1900-сомон лозим , гайри либосу , хар хафта дар рузи истирохат ба сайру гашт баромадан .
Ин харочотхое , ки ман овардам ба шумо ин барои падару модарам ва 2-фарзанду хамсару худам .
Дар инчо боз дорувори ва дигар чизхои як бора бемор шави лозим будахоро ман нанавистам.
Аз хамин лихоз ман 10-сол ин чониб кор намекунам ,донишгохро 10-сол пеш хатм карда будам .
Агар маоши хуб бошад ,ман таёйрам ба ватанам ва нафи халку миллатам кор кунам .
Натичаи кори ман самара медихад ,аммо агар маош баланд бошад . Агар маош хамин бошад ,корупция хечгох аз байн намеравад . Худи коргарони корупция коидаро вайрон карда ,худ ба чиноят даст мезананд .

Чолпон
О бо ин маош хама корупсионер мшуд уко! Камакак бардоред буд-дия!

Асалому Алейкум мурочияти мо бо шумо чаноби Рустами Эмомали ман аз шумо хохиш мекунам. Ки як ба назорат гире нохияи рудакира тип ки конуни чоноби Оли баровард барои ки кабизоато замини назди хавлиги Таксим карда шавад амо мо дар чамоати чайракаро 3 сол мешад ки арза навишта гием падари мо такрибан 20 бор ба назди раиси чамоат рафт омо имрузу пага карда истодестиян. Амо мо чан маротиба мурочиат бо раиси чамоат кардем гуш намекунан моро. ак нун нашуд шумода мурочият кардем чаноби Рустами Эмомали як бор назорат гирен нохияи рудакиро бо сипоси шумо мухточ...

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)