Русский  >>  فارسی  >>  Чоршанбе 26 июл 2017, 09:26

Зайд Саидов аз СИЗО-и амният бароварда шуд

17 август 2015, 14:07

Зайд Саидов, соҳибкори тоҷик, ки ахиран барои 29 сол равонаи зиндон шуд, ба СИЗО-и Вазорати адлия мунтақил шудааст.

Исҳоқ Табаров, вакили дифои Зайд Саидов ба "Озодагон" гуфт, зерҳимояи ӯро имрӯз, 17 август аз СИЗО-и Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ба боздоштгоҳи муваққатии Вазорати адлия интиқол додаанд: "Қарор аст, аз боздоштгоҳи Вазорати адлия ба маҳбас интиқол ёбад".

Оқои Табаров афзуд, ҳанӯз маълум нест, Зайд Саидов кай ва ба кадом маҳбас равона мешавад.

Вакили дифои Зайд Саидов афзуд, онҳо ахиран шикояти кассатсионӣ аз ҳукми нави зерҳимояашро ба Додгоҳи олӣ супурданд. Дар ин шикоят ҳукми нави Зайд Саидов ғайриқонунӣ ва беасос хонда шуда, аз коллегияи Додгоҳи олӣ дархост гардидааст, онро бекор кунад.

Додгоҳи олии Тоҷикистон рӯзи 25 декабри соли 2013 Зайд Саидовро бар асоси чаҳор банди Кодекси ҷиноӣ – “таҷовуз ба номус”, “бисёрзанӣ”, “қаллобӣ”, “фасод ва ришвастионӣ” гунаҳкор дониста, ба 26 соли зиндон маҳкум кард. 11 августи соли равон, Суди олӣ дар доираи парвандаҳои нав бо назардошти 26 соли ҳукми қаблӣ, дар маҷмӯъ ӯро ба 29 сол зиндон бо мусодираи молу мулк маҳкум кард. Инчунин, додрас қарор кард, аз ҳисоби Зайд Саидов 34 миллион сомонӣ зарари расонда ҷуброн шавад. Дар доираи парвандаҳои нав нисбати оқои Саидов дар асоси чанд моддаи Кодекси ҷиноятӣ, аз қабили "азхудкунӣ", "ба расмият даровардани амволи бо роҳи ҷиноят бадастоварда", "саркашӣ аз супоридани андоз", "сӯиистифода аз мансаб" ва "сохтакорӣ" ҳукм содир шудааст.

Қаблан айбдоркунандаи давлатӣ дар доираи парвандаҳои нав барои Зайд Саидов, соҳибкори маҳкумшуда бар иловаи 26 соли зиндон аз Додгоҳи олӣ 25 соли дигар ва 34 миллион сомонӣ ҷуброни зарару мусодираи молу мулкро талаб карда буд.

Зайд Саидов, тоҷири муваффақ ва вазири пешини саноати Тоҷикистон моҳи майи соли гузашта, ҳангоми бозгашт аз Фаронса дар фурудгоҳи байналмилалии Душанбе, замоне ки ба ҳайси вакили маҷлиси шаҳрӣ масунияти дахлнопазирӣ дошт, боздошт гардид. Ин ҳодиса баъд аз тақрибан як моҳи азми ӯ барои таъсиси Ҳизби Тоҷикистони нав, ки ҳадафаш ислоҳот ва беҳбудии рӯзгори мардум гуфта мешуд, сурат гирифт.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • ш Душанбе

  • 17 август 2015 14:33
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
бачаи капир токат кун хамааш нагз мешавад...
Посух додан
  • Олимчон

  • 17 август 2015 16:39
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Одамй шири хомхурда. Кадоме фиребаш кард, ки президентат мекунем...
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Ба номи Худованди бахшандаи мехрубон.
Аввало ба мухтаррам Зайди Саид- аз Даргохи Илохи хохиш дораму Дуъогуям то сабру-тахаммул атто фармояд то бо ИМОНИ кави ва Иродаи устувор ин мушкилотро токкат намояд ва ба такдири Илохи тан дихад ва доимо Дуъогуй ба Даргохи ИЛОХИ бошад.
Баъд,ки ба хама ин Адвокату-Прокурору,хама Сохторхои Кудратии Кишвар гуфтани хастам,ки ба маслихати мани бесавод ва чун як шахрванди одди Кишвар гуш дихед! Шахсан ман бовар кардам,ки дар ТОЧИКИСТОН-набудааст КОНУН-е,ки риоя шавад,хама руйи Олам пас,аз ин мурофиахо бохабар гашт,ки Точикистон чи гуна Кишвар будааст!
Акнун хама Сохторхо,бо хама Аъзоёнатон чун бовари хосил кардед,ки Шумо тавонистаед дар руйи ОЛАМ -исбот бисозед,ки Халки ТОЧИК-дар Хаккикат гардонидаед ГУМРОХ ва Равшану-Чамшуд,ки хатто надоранд кудрату-чуръат ва тассавурроту-Чахонбиние,ки аз Хуккукт худ хамчун шахрванд Дифоъгар шаванд! Метавонед хама иштироккунандагони ин мурофиа,ки тахрези намудаву Зайд Саидро ба 29-сол махбаси кардаед,аник маълум кардед,ки Зайд Саидро Мо-то вакте Шумо хастед сари кудрату-мансаб дар Озоди нахохем дид! Боз,ки ризогии Аллох-Таъолло ва умедвори дорем аз кудрати Аллох-Таъолло то Зайд Саид-мардонавор хохад ОЗОД шуд!
Посух додан
  • Шахрванд

  • 17 август 2015 21:23
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Рости гап ман бо кору бор ва зиндагии Зайд Саидов ошно нестам. Лекин аз руи шунидам зинокор нест. Агар бошад чазояш аз чониби Аллохи Бузург аст. Агар набошаш ва бо тухмат уро пушти панчара карда бошед, вой бар холатон- шохидон, судяхо ва прокурорхо. Куръонро хонед!!!!. Ояти 19 сураи Нур (24) дар ин бобат сахт таъкид мекунад. Дар ин дунё осеби бадан дида, дар охират ба азоби сахттарин гирифтор мешавед!!
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Эй Зайд ту монанди он сахоба Зайд(р) хасти ки мегуфт "ман рози хастам маро ва ахли оилаамро дар батарини холат ба катл расонад,ин барои ман бехтар аст аз онеки як хоре пои Расулуллох(с) медарояд..ту Зайд Саидов хам худро молу мулкатро курбони ин ватан карди аммо имруз ба ту чикор карданд.ба Худо рузе мешавад ту кахрамони милат мешави кош то он руз ту саломат мебуди кош он рузхоро бо чашмат медидию мегуфти "ин аст подоши хизматхои ман ба мардум"Чаноби Оли хохиши мекунам шояд ин хохиши милёнхо халки бечораи точик бошад Зайдро озод кунед охир хама медонад Зайд бегунох аст.Иншооллох савоб мегири...Зайд аз барои халк кард молу чонашро фидо,Лек афсус кардан зиндон ин марди Худо.
Посух додан
  • Саидбилол

  • 18 август 2015 13:32
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Шахрванд,
ИНШОАЛЛОХ

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Июл 2017    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12
3456789
10111213141516
17181920212223
24252627282930
31 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ-16;

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60;

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!