Бахшҳо

Аз 5 то 8,9 соли зиндони 5 шаҳрванди Тоҷикистон дар Русия барои "роҳзании мусаллаҳона"

Додгоҳи ноҳияи Маскави шаҳри Твери Русия 5 шаҳрванди Тоҷикистонро аз 5 то 8,9 сол равонаи зиндони низомаш пурзӯр кардааст.

Тибқи иттилоияи Додгоҳи вилояти Твер, ҳукми шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар роҳзании мусаллаҳона муҷрим шинохта шудаанд, 18 август содир шудааст. Ба иттилои манбаъ, Хушбаков А.Б., Хуҷамбердиев И.С. ва Бобоназаров Н.А. ба муҳлати 8,5 солӣ, Ҳамзаев Х.У. 5 сол ва Акбаралии Б. 8 солу 9 моҳ аз озодӣ маҳрум шудаанд.

Ба иттилои манбаъ, тафтишот муайян карда, ки як тоҷики муқими Твер 4 тоҷикистониро, ки дар вилояти Маскав қарор доштаанд, ба созмони ҷиноӣ ҷалб карда, барои ғорати ду сокини шаҳри Твер моил кардааст: “Гуруҳи чорнафара барои омӯхтани масири ҳаракату реҷаи рӯзи ин ду сокини Твер, ки мунтазам бо маблағи зиёд ба Маскав барои хариди мол мерафтаанд, аз якуми август то 8 сентябри соли 2014 ба Твер омадаанд”.

Дар иттилоияи додгоҳ омадааст, шоми 12 сентябри соли 2014 ин гуруҳи ҷиноӣ дар кӯчаи Королёви Твер ба ду сокини шаҳр ҳамла оварда, 235 ҳазор рубли онҳоро рабудаву бо истифода аз асбоби оҳанӣ осеби ҷисмонӣ расондаанд. Манбаъ меафзояд, шаҳрвандони Тоҷикистон дар мурофиаи додгоҳӣ ба гуноҳи худ иқрор шудаанд.
Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)