Бахшҳо

Пешниҳод барои роҳандозии бахши тоҷикии сайти ФМС

Як фаъоли Палатаи ҷамъиятии Русия ба раҳбари Хадамоти федеролии муҳоҷират ё ФМС пешниҳод кардааст, шахли тоҷикӣ ва узбакии сомонаи хадамотро роҳандозӣ намоянд.

Баҳром Исмоилов, раҳбари созмони ҷамъиятии “Кишвари бидуни нажодпарастӣ ва бегонаситезӣ” ба Константин Ромадановский пешниҳод намудааст, иттилои торнамои ФМС-ро ба забонҳои тоҷикиву узбакӣ тарҷума намоянд. Ин фаъоли ҷомеаи шаҳрвандӣ гуфтааст, хориҷиҳо бо забони русӣ хуб балад нестанд, ки тамоми маълумоти сайти хадамотро бифаҳманд, аз ин рӯ нодониста муқаррароти қонунро нақз мекунанд, менависад “Известия”.

Ба иттилои манбаъ, Исмоилов ин пешниҳодро бар асоси маълумоти ФМС дар мавриди теъдоди шаҳрвандони хориҷӣ дар Русия, ки бештари онҳоро табааи Тоҷикистону Узбакистон ташкил медиҳад, ироа кардааст: “Дуруст аст, ки надонистани қонун аз ҷавобгарӣ озод намекунад, аммо тоҷикон ва узбакҳо бо далели надонистани забони русӣ, ғайриихтиёр ба вайронкунандаҳои қонун табдил меёбанд. Масалан, онҳо дар мавриди тағйири низоми буду бош дар Русия аз 180 шабонарӯз ба 90 шабонарӯз замоне огоҳ мешаванд, ки дар марз ба мушкили манъи вуруд дучор мегарданд”.

“Известия” мегӯяд, ба пешниҳоди Баҳром Исмоилов намояндаҳои ФМС посух додаанд, ки “дар чорчуби шартномаи давлатии “Тавсеа ва дастгирии сайти расмии ФМС” роҳандозии шакли англисии сомона дар назар аст, ки қарор аст якуми декабри имсол фаъол гардад. Масъалаи шакли тоҷикӣ ва узбакӣ мавзӯи бисёрҷабҳа буда, ба маблағгузории иловагӣ ниёз дорад”.

Тибқи муқаррароти ахири Русия, ки аз оғози соли 2015 роҳандозӣ шуд, шаҳрвандони хориҷӣ, ки барои кор ба ин кишвар меоянд, имтиҳони забони русӣ месупоранд. Ба омори ғайрирасмӣ беш аз як миллион шаҳрванди Тоҷикистон дар муҳоҷирати меҳнатӣ дар Русия қарор дорад.
Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)