Русский  >>  فارسی  >>  Чоршанбе 29 март 2017, 21:16

WEEKEND. Шоубизнес: Мошини кӣ “крутой” аст?

21 август 2015, 18:44

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон бо нашри нақзи қавоиди роҳ аз сӯи намояндаҳои шоу бизнеси тоҷик соҳиби кадом навъи мошин будани онҳоро ба намоиш гузошт.

Вазорат ҳанӯз шарҳ надодааст, ки чаро якбора маълумоти “Шаҳри бехатар”-ро дар мавриди нақзи қоидаҳои ҳаракат дар роҳ ва пардохт нашудани ҷаримаҳо аз ҷониби овозхонҳои саршиносу ҳаҷвнигорони шинохта расонаӣ кард. Дар хабарҳое, ки чанд рӯзи ахир пайи ҳам дар торнамои Вазорати умури дохилӣ пахш гардид, исми чеҳраҳои раддаи аввали шоу бизнеси тоҷик дида мешаванд. Вазорат навъи мошин ва рақами қайди давлатии онҳоро ифшо карда, дар зимн шумораи қоидавайронкуниву пардохт шудан ё нашудани ҷаримаҳо ба буҷаро таъкид кард.

Хабарнигори “Озодагон” рӯзи якшанбе ба мошинбозори Душанбе рафт ва бо такя ба иттилои фурӯшандаҳои собиқадор рейтинги боарзиштарин мошини овозхонҳоро тартиб дод.

Ҳадафи ВКД аз нашри хабарҳо дар мавриди қонуншикании намояндаҳои шоу бизнес чи буд, маълум нест, аммо бисёриҳо интизоранд, ки БДА фаротар аз овозхону ҳаҷвнигорҳо меравад ё хайр. Мардум мехоҳанд, бидонанд, ки вазиру кабир бо кадом мошин дар кӯчаҳои пойтахт мегарданд ва чи теъдод қоидаҳоро нақз кардаву чӣ миқдор ҷарима супурдаанд. То рейтинги мошинҳои “крутой”-и мансабдорони давлатӣ, агар ВКД лутф кардаву онро ҳам нашр созад, бо шумо Худоҳофизӣ мекунем.

* нархҳо бо такя ба иттилои фурӯшандаҳои “мошинбозор” муайян шуда, ғайрирасмӣ аст




Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
сар шид. девнаги. ина сатхи аслии хамаи моен. мошини ки крутояй, мошини бобим, запрожи соли 1970.
Посух додан
  • 1588

  • 21 август 2015 20:52
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Show biznesa didem kani digarosham buroren jiyanu bachakoi kalonora.
Посух додан
  • Озоди

  • 21 август 2015 21:01
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Неки озодагон ами шабнама кати фарзона факат <тариф> мекуни нигинахона нависетон камкам. Проста махалчием ане
Посух додан
  • Rustam

  • 21 август 2015 22:01
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Ma'lumoti xato. Ba darajai ziyod!
Moshinhoi dar aslbuda az rasmho bo sol farq mekunand.
Corolla-i Mehrnigor va Shahrom 20 hazor nest, 15 hazor.
Moshini Noziya solash kuhnatar ast, xub boshad 35 hazor.
Az hama moshini kimmat az Farzona (Porsche Panamera) girdu atrofi 90 hazor....

Ba mardum ma'lumoti xato peshnihod nakuned.
Посух додан
  • ш Душанбе

  • 24 август 2015 08:42
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
озодагон аз шумо хоиш мекунем ....хамин шабнама бо хохараш камтар реклама кунед... охир инхо худашон хечкас нестан .....ба халку ватан ягон зарай
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Ачоиб, Нигина Амонкулова чанд чарима дошта бошад ва кадом намуди мошин?

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ-16;

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60;

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!