Бахшҳо

Муроҷиати дубораи Бахтовар: Кумак расонед, то ҷарроҳӣ намоям (ВИДЕО)

Бахтовар Сафаров, сокини 22-солаи ноҳияи Восеи вилояти Хатлон, ки тобистони соли 2013 барои дарёфти ризқу рӯзӣ ба шаҳрҳои Красноярску Маскави Русия рафта, аммо аз он ҷо бо дасту пои шикаста ба хонаашон баргашт, барои ҷарроҳӣ аз кулли мардуми саховатманди кишвар ва ташкилотҳои мададрасон кӯмак мехоҳад.

Ӯ дар суҳбат ба “Озодагон” гуфт, соле пеш барои ҷарроҳӣ дар Тоҷикистон талош кард, аммо бо далели набудани таҷҳизоти зарурӣ, маҷбур шуд, ҳуҷҷатҳояшро ба Маскав фиристад. Табибони рус гуфтаанд, ҷароҳияшро бар ивази 600 ҳазор рубл анҷом хоҳанд дод. Бахтовар мегӯяд, чунин маблағ надорад, зеро давоми қариб се соли бистарӣ будан тамоми дороиҳои хонаро барои табобаташ масраф карданд. Ба гуфти ҳамсуҳбати мо, падараш ҷое кор намекунаду модараш ба корҳои аммааш ёрӣ расонида, каме пул мегирад, ки ҳатто барои хариди нон намерасад.

Бахтовар қаблан дар як муроҷиати кумакҳохиаш ба “Озодагон” гуфта буд, ҳангоми кор дар Маскав аз ошёнаи даҳум сарозер шуда, тамоми аъзои баданаш шикастааст. “Субҳ аз хоб хеста, ғамгин будам. Наҳорӣ карда, хостам ба поёни сохтмон фароям, аммо тақдир маро хеле осон ба поён фаровард. Аз ошёнаи даҳум ба замин афтодам ва вақте ба ҳуш омадам, фақат мегуфтам, Аллоҳ, маро ба бандагӣ қабул кун”,-нақл кард мусоҳиби мо. Ба нақли Бахтотвар баъдан ҳамкоронаш ӯро ба бемористон бурдаанд. “22 рӯз дар ҳоли беҳушӣ будам”,-мегӯяд Бахтовар.

Мусоҳиби мо афзуд, дар рӯзи 23-юми аз ошёнаи даҳум афтоданаш ба худ меояд ва ӯро дар ҳоли, ба қавли худаш, ниммурдаву нимзинда рӯзи 13 январи 2014 ба кишвар меоранд: “Аввал ба Қарияи Боло оварданд. Аммо ба далели он ки маблағ надоштем, ба хона омадем”. Инак, қариб се сол мешавад, ки Бахтовар, писари танҳои хонавода, дастнигар буда, аз ҷои худ хеставу роҳ гашта наметавонад. Табибон гуфтаанд, сутунмуҳра ва ҳароммағзи ӯ кафидаасту аз ҳамин сабаб то ҷарроҳӣ нашавад, шифо намеёбад. Ба гуфти Бахтовар, ҳаррӯз барои таскини дардаш доруҳои зиёд истеъмол мекунад, ки ҳоло бинбар сабаби набуди маблағ онро низ харида наметавонад: “Аз бонк зиёд қарздор шудем, аз дорухонаҳои маҳалла низ қарздорем дигар илоҷамон гум аст”.

Бахтовар мегӯяд, охирон маротиба аз мардуми азизи Точикистон муроҷиати кумак мекунад: “Аз бародарон, падарону модарон онҳое, ки охирин ҳарфи маро мешунавед ва ба тақдири инсоният бетараф нестед, аз ҳаммаатон хоҳиш мекунам ба ман кумак намоед то ҷарроҳӣ намоям”.

ИРТИБОТ БО БАХТОВАР БАРОИ ОНҲОЕ, КИ МЕХОҲАНД БА Ӯ КУМАК РАСОНАНД: 93 468 71 68

ВИДЕОИ суҳбати Бахтовар дар моҳи июли 2014




Мӯҳр
ХУДОВАНД ШИФО ДИХАД БАРОДАРИ АЗИЗ.ИНШОАЛОХ ШАХСОНИ САХОВАТПЕША ПАЙДО МЕШАВАНД БА ШУМО КУМАК МЕНАМОЯНД.

Точик
Ана хаччи тайер, то хач рафта ба шайхони пулмасти араб маблаг супоридан ба ин бечора кумак кунед. аз миллион хач бехтар аст. Худо ба хаччи шумо ниезе надорад. Каси аз хамсояхои у е ягон хешу табори у ба хач равад бовар кунед хаччу у хеч гох кабул нест. Ба сарватмандони мо ку гап нест, хама беномусанд.

Ин миллат ба номаш мусалмон аст, наход тули се сол дар Восеъ сарватманди баномус пайдо нашуда бошад. Бовар кунед дар ин миллат дигар нангу номус намондааст. Худояшон Доллар шудааст, хам мансабдоррову хам хочиро.

Довуд
АКАЙ ТОЧИК БИСЁРИБАД АФСОНА ХОНДИ АЙ ХЦДО ТАРС. БА БА БАРОДАР ШИФОЙ КОМИЛ ШИФОЙ ОДИЛ ХОХОНАМ

Точик
Довуд,
Хакикат тал аст, Довуд.....

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)