Бахшҳо

Шиори “шумо экстремисту мо фаришта” кай аз байн меравад?

Далер ШАРИФОВ

Ҷобир аз хизматрасониҳои гуногуни иҷтимоӣ дар шаҳри Душанбе норизо аст ва пайваста масъулин ва роҳбарони шаҳрро дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва ё ҷомеа мавриди интиқод қарор медиҳад. Аҳмад бошад, аз кори кормандони сохторҳои қудратӣ ва ё бархурди онҳо бо шаҳрвандон нигарон буда, суҳбатҳояш характери эътирозӣ доранд.

Ҷамшед дар кулл аз сиёсатҳои пешгирифтаи роҳбарони кишвар ё низоми мавҷуда розӣ нест ва бо шиддат аз ин сиёсатҳо интиқод мекунад, таҳлил менамояд ва андешаи худро баён месозад. Аз ин се нафар -- Ҷобир, Аҳмад, Ҷамшед кадомашон ЭКСТРЕМИСТ мебошанд?

Дақиқ ҳамон нафаре, ки андешааш ба касе ё гуруҳе писанд нест ё ҳарфаш бо хоҳишу хости дили ҳамон гуруҳ гуфта намешавад. Аз ин рӯ, бо “тақозои замон” онҳо аз ҷониби чанд ФАРИШТАИ кабинетнишин унвони ЭКСТРЕМИСТРО соҳиб шуда, равонаи зиндон ва ё чунон гӯштоб мешаванд, ки дигар чӣ будани озодии сухан, виҷдон, эътиқод ва инсон будану дар ҷомеаи маданӣ зиндагӣ карданро фаромӯш месозанд!
Ингуна қишри ҷомеа ду интихоб доранд: ё хомӯш истода аз равандҳои гуногуни ҷомеа канор рафта тамошобин мешаванд ё қасди ҳиҷрат мекунанду онҷо ин амалашонро идома медиҳанд.

Ин ду ҳолат ба манфиати давлат ва ояндаи миллат нест. Зеро бо аз майдон берун кардани онҳо, тудаҳо ба вуҷуд меоянд, ки байни онҳову ҳукумат ва низоми мавҷуда дигар гуруҳи сеюм боқӣ намемонад, то дар ҳолатҳои буҳронӣ мувозинатро ба вуҷуд оварда, шиддати он буҳронро коҳиш бидиҳанд. Шояд тӯдаҳо солҳои дароз аз низомҳо ё сиёсатҳои “хирадмандона” пуштибонӣ намоянд, розӣ бошанд ва хомӯш биншинанд, вале он ҳам як даври муайян дорад. Инҷо саргузашти Бен Алӣ, Муаммар Қазофӣ, Саддом Ҳусейн, Ҳусни Муборак... ба ёд меояд. Чаро ин давлатҳо то ҳол наметавонанд аз мушкилиҳо ё буҳронҳои сиёсиашон берун бароянд? Чунки замони низоми ин диктатурҳо дигарандешон, рӯшанфикрон, норозиён -- яъне ҳамон гуруҳи сеюм миёни ҳукумат ва тудаҳо бо тамғаҳои ЭКСТРЕМИСТӢ ва ТЕРРОРИСТӢ саркуб, зиндон, бадарға ва кушта шуда буданд!

Ҳамин тавр муносибат бо ЭКСТРЕМИЗМ ва ТЕРРОРИЗМ чӣ дар сатҳи давлатҳо ва чӣ дар сатҳи байналмилалӣ якранг нест. Ва он таърифҳои илмие, ки ин ду вожа доранд вақтҳои ахир корбурди ҳархела дошта, “мақсаднок” истифода мешаванд. Агар барои Русия ҷудоихоҳони Донбас дар шарқи Украина гуруҳҳои милливу озодихоҳ бошанд, ин гуруҳ барои Украина ва кишварҳои ғарбиву Амрико гуруҳҳои террористиву экстремистӣ мебошанд. Амрико иқдомҳои ишғолгаронаи артиши Исроилро як амали дуруст ва ватандӯстона медонад, аммо муборизаи халқи Фаластинро, ки барои сарзамин ва ҳаққи ҳалоли худ меҷанганд, на танҳо эътироф намекунад, балки онҳоро гуруҳҳои ТЕРРОРИСТИВУ ЭКСТРЕМИСТӢ мегӯяд.

Ин аст, ки дар сатҳи давлатҳо, хусусан кишварҳои ҷаҳони сеюм ва ё дар ҳоли рушд низ муносибат бо ин масъалаи ЭКСТРЕМИЗМ ВА ТЕРРОРИЗМ аз рӯи “манфиат” сурат мегирад. Масалан, ҳиҷоби шуморо аз саратон дағалона мегиранд, ришатонро маҷбур метарошанд, маъракаву тӯю зодрузатонро ба танзим медароранд ва назорат мекунанд, ки дар онҳо кӣ иштирок кунад ва кӣ бояд иштирок накунад. Инро мегӯянд “пешгирӣ аз бегонапарастӣ”, “таъмини амният”. Ба хотири эътиқод ё либос зан дар назди шавҳар ё шавҳар дар назди зан таҳқир мешунавад, он ҳам дар маҳзари ом. Вале касе инро амали ЭКСТРЕМИСТӢ намегӯяд, баръакс чунин “навъ”-и шаҳрвандонро хатар ва таҳдид ба амнияти миллӣ унвон мекунанд, на сарқонун ва на дигар меъёрҳои ҳуқуқиву шаҳрвандӣ наметавонанд аз шумо дифоъ намоянд.

Агар шумо ангушти ишора сӯи як зани нимурён ба қавле мудерн кардед ё як майнӯш ва ҷавонеро дидед, ки даст ба фасоди ахлоқӣ мезанад, каме насиҳат кардед, тамом. Аввалан шуморо ба ақибмондагӣ ва куҳнапарастӣ айбдор мекунанд, баъдан аз болои шумо шикояте сурат гираду ҳамчун ифротӣ ё ЭКСТРЕМИСТ муаррафӣ шуда, узви “Ал-қоида”, Толибон, ДИИШ, ҲИУ, “Ҳизб-ут-аҳрир”, “Ансоруллоҳ” ва ғайра мешавед. Ҳеч қонуну додгоҳе наметавонад аз шумо дифоъ намояд. Ва худатон ҳам наметавонед исбот кунед, ки ЭКСТРЕМИСТ нестеду ба ин гуруҳҳо алоқа надоред. Ин ҳаракатҳо ҲНИТ нестанд, ки дафтари расмӣ ё роҳбари аниқ дошта бошанд, то шумо маълумотнома биёред, ки узви ин гуруҳҳо нестеду то ин муддат аввалин бор дар бораи ин гуруҳҳо мешунавед.

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ метавонед ҳар мухолифи давлатро ошкору пинҳон танқид кунед, таҳқир намоед ё онҳоро корикатура карда, зери онҳо “лайк”-у“ класс” гузоред ва дағалона шарҳ бинависед. Зиндагии хусусии нафареро ба навор гиред ва ба намоиш гузоред. Почтаи дигарандешон ё ба истилоҳ норозиёну мухолифонро бишканед ва маълумотҳои хусусиву маҳрамонаро ба даст оварда, оммавӣ намоед Шумо ЭКСТРЕМИСТ нестед. Чаро? Зеро то ҳол шунидаед, ки нафаре бо чунин ҷурм ЭКСТРЕМИСТУ ТЕРРОРИСТ эълон шуда, ҳукм гирифта бошад? Оё дидаед, ки барои омода намудани навори фаҳшомез, ки борҳо тамошо кардаем, нафаре ЭКСТРЕМИСТ эълон шудаву ба хотири поймол кардани ҳуқуқҳои консититутсионӣ шаҳрванд ба маҳкама рафтааст? Оё нафаре барои он ҳама туҳмату буҳтоне, ки алайҳи дигарандешон ва мухолифон нашр мешавад бо ҷурми баромадан аз ҳади ваколатҳои хизматӣ тундгарову ҷарима шудааст?

Вале дар мавзӯъҳое, ки сиёсатҳои ҳукумат ба риштаи таҳлил кашида мешавад “лайк” нагузоред. Аз навиштани комментҳои интиқодӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ зери акси мансабдоре худорӣ варзед. Чунки рӯзе муттаҳам ба ЭКСТРЕМИЗМ ВА ТЕРРОРИЗМ нашавед. Аз ин “лайк” -гузорӣ ва шарҳнависӣ як замон шуморо мепурсанд. ЭКСТРЕМИЗМ дар тарафӣ “рост” аст, касе ба тарафи “чап” коре надорад. Агар аз тарафи “рост” дифоъ кардед ва тарафи “чап”-ро танқид намудед, шумо ФАРИШТАЕД, аммо агар аз тарафи “ чап” истода ба кунҷи “рост” нигоҳ кардед, мехоҳед ё намехоҳед ЭКСТРЕМИСТ ҳастед ё дар рӯйхати тундгароҳои эҳтимолӣ!

Чунин навъи муносибат дар кишварҳои ҷаҳони сеюм дар ҳоли рушд аст. Ин гуна муносибат боиси он мегардад, ки як гуруҳи шаҳрвандон худро заиф, таҳқиршуда ва бе пуштибон эҳсос намоянд ва даст ба амалҳои ЭКСТРЕМИСТИВУ ТЕРРОРИСТӢ бизананд. Бо ин навъи бархӯрд дар ҷомеа натанҳо амалҳои ЭКСТРЕМИСТИВУ ТЕРРОРИСТӢ пешгирӣ намешаванд, балки онҳо ба таври бесобиқа ба майдон меоянд ва он ҳангом мубориза бо ЭКСТРЕМИЗМУ ТЕРРОРИЗМИ воқеӣ душвор мешавад. Агар муносибат тағйир наёбаду бо ҳамин шакл идома кунад ва бархӯрд бо ЭКСТРЕМИЗМ ва ТЕРРОРИЗМ дар ҳамаи замина якранг набошад, он аз рӯи шиори ШУМО ЭКСТРЕМИСТУ МО ФАРИШТА сурат бигирад, пас чунин кишварҳоро дер ё зуд буҳронҳои шадиди сиёсӣ фаро мегирад.

АЗ ИДОРА: Ин навишта андешаи шахсии муаллиф аст
Мӯҳр
man
офарин бародар бо ин маколаи чолиб.гапхои дурусти 100фоиза

насим
Хами одамда бо вучуди чивон буданаш ман гап надорам

Хуш ба холат бародар. Эй хамватанон мо бояд пеш аз хама Ватану миллати азизамонро дуст дорем! Танхо дар хамдасти мо метавонем, бо хамаи тахдидхои берунаву дохилаи ватану миллатамон истодагари намуда голиб бишавем.
Ватан вайрона аз ёр аст, ё агёр, ё харду,
Мусибат аз мусалмонхост ё куфор ё харду.
Хама доди ватанхохи зананд аммо намедонам,
Ватанхохи ба гуфтор аст, ё кирдор, ё харду!.

Додар,озоди ба фикрам ба ту макул нест хомонхое ки 25-30 Сол гирифтан фикри туро доштан акнун ту хам ,,террорист"?!?!?!"шуди тамом

Файзобод
Далер каппат дуд кадагияй. Агар дар тв кор мекарди ин хел гапхои хусуматомезро намезади. Некем дар аловмонию чанг андози хамто надори. Озодагон барои страховкаи худаш аллакай "инро андешаи муаллиф аст" баён намудааст.

кандота зан чони гапа гуфти Фариштахо хонед хулоса бароред

саддарсад рост аст, мутаассифона чамъияти мо чунин хает дорад.

шахрванд
хар чи хаст вокеият аст бародаро! Далер бародар ба холи шумову ин миллат дилам месузад!

АФСУС ДАР ТОРИКИСТОН АГАР РИШ МОНДИ Ё САТР ПУШАН ХОХАРО САЛАФИТ МЕГАН АГАР МАЙЗАДА БОШИ МОНАНДИ ХУДШОН ЧАВОНИ ТАРАКИЁФТАТ МЕГАН.

Комил
ҳай нотарс будайда. Ай куҷо боша ами шербача?

Офарин
Агар шумо ангушти ишора сӯи як зани нимурён ба қавле мудерн кардед ё як майнӯш ва ҷавонеро дидед, ки даст ба фасоди ахлоқӣ мезанад, каме насиҳат кардед, тамом. Аввалан шуморо ба ақибмондагӣ ва куҳнапарастӣ айбдор мекунанд, баъдан аз болои шумо шикояте сурат гираду ҳамчун ифротӣ ё ЭКСТРЕМИСТ муаррафӣ шуда, узви “Ал-қоида”, Толибон, ДИИШ, ҲИУ, “Ҳизб-ут-аҳрир”, “Ансоруллоҳ” ва ғайра мешавед. Ҳеч қонуну додгоҳе наметавонад аз шумо дифоъ намояд. Ва худатон ҳам наметавонед исбот кунед, ки ЭКСТРЕМИСТ нестеду ба ин гуруҳҳо алоқа надоред. Ин ҳаракатҳо ҲНИТ нестанд, ки дафтари расмӣ ё роҳбари аниқ дошта бошанд, то шумо маълумотнома биёред, ки узви ин гуруҳҳо нестеду то ин муддат аввалин бор дар бораи ин гуруҳҳо мешунавед.

ali
Сад дар сад дуруст кайд карди бародар офарин.хаёт ва мушкилоти имрузаи халки мазлумро руи сатр оварди

fafa
камтар бнависи намешава

чавоб ба Далер
Нону намаки устод Нурира хурдаи бояд аку аз пушти хизбаш баромад кни, хамин хел брати аллома? ки экстремисту ки террорист ва ки салафи мардум худаш аллакай медонад. Дар чамъияти имрузаи мо к,ин аст салафиро шинохтан? уно худашон нишонаашон маълум аст ку - риш асту бурут нест... так что брат ак,лаки даркор нест. чомеа бе камбуди нест, факат муттахид шуда, Ватанро обод кардан даркор, китоб хондан, касб омухтан, забонхои хоричию компютерро омухтан даркор. Дигар хамаш иншооллох нагз мешавад. Асос мо тинчи дорем, лекин худат баринхо дар чомеа нотинчи меоранд.....

Бародари гиромикадри Исломи - Далер Шарифов! Худованд Шумо ва хамфикрону хаммаслакони Шумо ва ахли хонадони Шуморо дар хифзу амонаш нигахдор бошад. Шумо бо ин андешаву фикр ва озодона баен намудани инхо БАНОМУСТАРИН РУЗНОМАНИГОРИ ТОЧИК буданатонро нишон додед. Ахсан ба Шумо! Ба Шумо куллахои баланди эчодиро таманно дорам!

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)