Бахшҳо
26 авг 2015 17:32Тоҷикистон / CV

43 ҳазор ҷаримаи масъули Вазорати нақлиёт барои қоидавайронкунӣ бо “Ренҷ-Ровер”

Масъулини Вазорати умури дохилии Тоҷикистон дар идомаи нашри хабарҳо дар мавриди нақзи қавоиди роҳ дар шаҳри Душанбе аз ҷарима шудани Сироҷев Умедҷон Холматҷонович ба маблағи наздики 45 ҳазор сомонӣ хабар додаанд.

Тибқи иттилои дафтари матбуоти ВУД, Сироҷев - соҳиби мошини “Ренҷ-Ровер” рақами давлатиаш 1111ВМ01 давоми тақрибан яку ним сол 187 бор қоидаи ҳаракат дар роҳро нақз кардааст, ки аз сӯи дурбинҳои назоратии “Шаҳри бехатар” сабт шудаанд. “Оид ба 187 далели қоидавайронкуниҳои Сироҷев ҳангоми ҳаракат дар роҳ, расмҳои сабти видеоии ҳолати ҳуқуқвайронкунӣ ва амрномаҳои намунаи муқарраргардида бо зикри андозаи ҷаримаи маъмурии таъиншуда чоп карда шуда, ба соҳиби воситаи нақлиёт барои пардохти ҷаримаи маъмурӣ пешниҳод карда шудааст”,-афзудааст манбаъ.

Дафтари матбуоти ВУД таъкид кардааст, Умедҷон Сироҷев маблағи ҷаримаи 181 ҳолати қоидавайронкунии худ, ки 43 ҳазору 830 сомониро ташкил медиҳад, тавассути бонки “Амонатбонк” ба буҷаи давлат интиқол дода, ҷаримаи 6 ҳолати дигар ҳанӯз пардохт нашудаанд.

Дар ҳамин ҳол, як манбаи муътамад аз Вазорати нақлиёти Тоҷикистон дар суҳбат бо “Озодагон” гуфт, Сироҷев Умедҷон Холматҷонович корманди Раёсати робитаҳои байналмилалии ин ниҳод буда, воқеан соҳиби мошини “Ренҷ-Ровер” бо рақами давлатиест, ки ВУД зикр кардааст. Аммо Фарида Ёқубзода, сардори ин раёсат ба "Озодагон" доштани корманде бо ин ному насабро рад кард: "Чунин шахс дар раёсати мо фаъолият намекунад ва ҳеч гоҳ кор накарда аст".
Мӯҳр
ООООО маошаш чанд будаст ин Сирочевро бо “Ренҷ-Ровер" мегаштаст корманди Раёсати робитаҳои байналмилали Вазорати наклиёт

ин натичаи бесаводиро нишон медихад, вассалом! а ро ай б фарк намекнан, холи знакои дар рох бударо як тараф монен.

1) 43830:181=242,15 сомони барои як ;
2) 43830:12мох=3652,50 сомони дар як мох 1сола:
3) 43830:24мох=1826,25сомони дар як мох 2сола;
Ана фактхо, локин дар ВУД ё дигар сохторхои Точикистон ягон "хисобчии конуни" хаст, то ки аз кучо пайдо кардани 43830 сомони
санчанд-А ?????!!!!!

Шахбоз
Ман нафахмиам.! ЧИ АЗ ЧАРИМА ХАМ АНДОЗ МЕГИРАНД?????

Бухгалтер
Шахбоз,
Андоз намегирааааанд. Маоши кормандони вазоратхонахои Точикистон аз 500 то 1500 сомони мебошад Арифметика гуфтани аст, ки бо ин маош Сирочев ин кадар маблагро аз кучо ёфта бошад?

Агентии мубориза бо фасод ами бачара як файрод карда дастгири кунед охир аз шумо минадор мешавад

Анаи ин будаст сабаби сохтани рохои бе сифат дар ш Душанбе бо харчи калону сифати паст..аз ин маълум мешавад ки нисфи пули чудо шуда барои хариди мошинхои гарон арзиш ва харчи харузаи сузишвории он 24 лтр дар 100 кмтр..Худо инсоф биде ин вазифадорхоро..

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)