Русский  >>  فارسی  >>  Ҷумъа 23 феврал 2018, 15:27

Тағйироти кадрӣ дар мақомоти додгоҳӣ ва “Барқи тоҷик”

26 август 2015, 19:25

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон имрӯз, 26 август бо чанд фармон ва қарорҳои ҳукумат дар мақомоти судӣ ва ширкати “Барқи тоҷик” тағйиротҳои кадрие амалӣ кардааст.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти президент, Эмомалӣ Раҳмон, Ғуломов Алиҷон Амрихудоевичро аз вазифаи раиси суди ноҳияи Роштқалъаи вилояти мухтори куҳистони Бадахшон бинобар нисбати ӯ бароварда шудани ҳукми айбдоркунии суд ва эътибори қонунӣ пайдо кардани он озод кардааст. Инчунин, Бобоҷонзода Исрофил Ҳусейн аз вазифаи муовини якуми раиси суди вилояти Суғд озод ва ваколати судяи суди вилояти Суғд -- Қурбонова Фирӯза Тӯхтабоевна бинобар вафоташ қатъ шудааст: “Нозирӣ Зокир Вализода аз вазифаи судяи суди шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд бо хоҳиши худ озод гардид”.

Манбаъ мегӯяд, Раҳматзода Рустам Мирзо бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз вазифаи раиси Ширкати саҳомии холдингии кушодаи “Барқи Тоҷик” озод ва ба ҷои ӯ Исмоилов Мирзо Ибрагимович таъин шудааст: “Раҳматзода Рустам Мирзо дар мувофиқа бо Президенти мамлакат муовини якуми раиси вилояти Суғд таъин карда шуд”.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • бобо

  • 26 август 2015 19:38
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Айнигохо дар вазифахо озод шудестан дар сатхи чумхури БАРОИ ЧИ?
Посух додан
  • С.Айни

  • 27 август 2015 07:37
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Чавоб ба бобо, мо сарбози Ватанем кучое равон кунанд хамонча рафта кор карда ободуш менем
Посух додан
  • Сафар

  • 27 август 2015 09:17
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Рустам Рахматзода кадри бисёр хуб аст, вале у энергетик набуд. Нав ба вазифаи сазовор таъин шуд, агар раиси вилоят таъин мекарданд, боз хубтар мешуд.
Посух додан
  • БАРКЧИ

  • 27 август 2015 11:59
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
БА САДОРАТИ БАРКИ ТОЧИК КАСИ САЗОВОРТАРИН ОМАД. АЗ ОИЛАИ БАРКЧИЁН. ПАДАРАШ СОЛХОИ ДАРОЗ ДАР ВИЛОЯТИ КУЛОБ ИН СОХАРО РОХБАРИ КАРДААСТ. БАЪДТАР ХУДАШ НИЗ БА ИН МАКОМ РАСИД. БЕ ТАЪСИРИ ЯГОН ОМИЛИ ДИГАР. ИМРУЗ БАРКИ ТОЧИКРО РОХБАРИ МЕКУНАД. ХАЛОЛАШ БОД. КАДРИ ХАКИКИ. ДАР ХАМА СОХАХО ХАМИН ГУНА КАДРХОРО ЧУСТАН ДАРКОР.
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
О ин чи хел шуд? Раиси барки точикро барои ухданобарои аз вазифа холи карданду муовини раиси Сугд монланаша. Ачаб замонае ухданобаро боз дар вазифаи давлати?
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Исмоилов Мирзо Иброхимович бехтарин кадр бояд мисли худаш мутахассисони болаёкатро дар чои лозими монад баъд кор пеш меравад

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ-16;

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60;

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!