Бахшҳо

Миллат ва номус

Азизи НАҚИБЗОД

Он гоҳ, ки миллат ғурурашро аз даст медиҳад, замони фаношавиаш оғоз мегардад.

-Мулло ришро тарошидед ё тарошиданд? Ин суоли беҷоро ба фурӯшандаи ошноям, ки дар бозори Корвон тиҷорат мекунад, додам.
-Тарошиданд! Бо сари хам ҷавоб медиҳад.
Аз суоли ноҷои додаам пушаймон шудам. Чун ман ин ошноямро ҳич гоҳ сархам надида будам. Ӯ як марди пурғурур ва сарафрозе буд. Чун ҳалол кор мекард ва ҳалол мехӯрд баҳонае барои сарафканда шудану сархам будан надошт. Аммо ин бор, ки ришашро бидуни хоҳишаш ҷабран тарошидаанд ва дар дуроҳаи интихоб ночор монда, ки ришро ихтиёр намояд ё ризқи фарзандонашро, ғуруршикаста менамуд.
Чун нахостам, ки беш аз ин хиҷолат кашад, роҳамро давом додам.

-Аппа “имиҷро дигар” кардаед? Ин пурсишро як ҷавон ба фурӯшандазане дод, ки ҳамеша руймоли калон мебаст. -Чи илоҷ, додар бо рӯймоли калон намегузоранд, кор кунем. Зани бечораро эҳсоси шарму ҳаё пахш карда кушиш мекард бо гӯшаи руймоли пуштисарбастааш ҷойҳои урёни танашро пӯшонад.

Намедонам мақомот аз роҳандозии ин маърака чӣ мехоҳад ва аз ин амал чӣ натиҷае ба даст оварданист. Ё аслан ин кор чӣ маънӣ дорад?
Мақомот ин иқдомашро мубориза бо фарҳанги бегона (фарҳанги афғониву арабӣ) тавҷеҳ медиҳад. Аммо онҳое, ки дар кӯчаву бозор ба рӯймоли хоҳарон ва риши бародарони ҳамватану ҳаммилатамон дахолат мекунанд оё аз фарҳанги миллат бӯе бурдаанд? Оё аҷдодони мо риш намегузоштанд ва модарони мо ва бибиҳоямон рӯймоли калон намебастанд? Ин ки риштароширо ба кишвари мо русҳо оварданд ва то кишвари моро забт кардани русҳо ҳеч тоҷике риш наметарошид ва ҳеч зани тоҷик сарлуч намегашт, ҳақиқати маҳз аст ва ҷои баҳс надорад! Пас чаро бедалел мегӯем, ки ин амалҳо фарҳанги арабу афғон аст?

Беш аз ин дар фарҳанги тоҷик ҳаққи дахолат ба либоси як занро танҳову танҳо падару бародар ва шавҳараш доранд. Дар фарҳанги миллати ман дахолат ба либоси зани бегона дахолат ба марзи нангу номуси хонаводааш ба ҳисоб меравад. Пас иқдоми рӯймолкашии мақомот чи фарҳангест? Ба кадом фарҳанг хос аст? Дақиқан фарҳанги тоҷикӣ нест. Намедонам, онҳое, ки пушти ин “амалиёт” менишинанд чӣ шинохте аз фарҳанги миллати мо доранд, вале ба назари ман бидуни ихтиёр ва ҷабран рӯймоли як занро кашидан фарҳанги барбарист!

Таърихан ҳич гоҳ миллати ман чунин корро накардааст. Ҳатто русҳо ки беш аз ним аср дар кишвари мо ҳукмронӣ мекарданд ва барои аз байн бурдани фарҳанги миллати мо мубориза менамуданд, ҳеч гоҳ руймоли зани тоҷикро иҷборан накашида буданд ё риши тоҷикеро маҷбурӣ натарошидаанд.
Аз ин амалиёт ҳеч суде нест. Натиҷааш ба ҷуз шикастани ғурури миллат ва тарсуву беғайрат сохтани он наметавонад бошад. Дахолат ба либоси зан дахолат ба ҳарими хусусии шахс, дахолат ба нангу номус ва ҳайсияти инсон мебошад. Худ тасаввур кунед, вақте дар маҳзари ом корманди мақомот рӯймоли ҳамсар ё хоҳари шуморо аз сараш бигирад, чи эҳсосе ба суроғатон хоҳад омад? Магар ифтихор мекунед? Дар фарҳанги миллати ман дар ин ҳол кас худро шарманда ва таҳқиршуда меҳисобад.

Замоне, ки миллат ғурурашро аз даст медиҳад, вақти фаношавиаш оғоз мегардад. Вақти ҷанги дохилӣ то ҷое ғурури миллатамон осеб хӯрд. Натиҷааш ин шуд, ки чеҳраи тоҷик ба “Равшану Ҷамшуд” мубаддал гардид. Дар хотир бояд дошт, ки шахси беғурур на аз худ на аз хонавода ва на аз Ватанаш ҳимоят накардаву намекунад. Аз ин рӯ набояд бо ғурур ва номусу ҳайсияти мардум бозӣ кард! Мақомот боястӣ марзбони нангу номуси миллат бошад, на марзшикани ҳайсияту ғурури миллат.
Мӯҳр
Саидчон аз Ёкутистон
Худованд нигохбонат бошад бародари азиз! Бисёр суханхои хуб, вале додамонро ба ки бигуем? Худо хамаи рохбархои Чумхурии моро тавфикашонро рафик гардонад ва гайрати исломиро дар дилашон чой дихад. Омин_омин

Паргор
Ин корхо аз нотавони аз тарс аз белиёкати ва барои он аст ки бухрон хама сохахои давлатро фаро гирифтааст, метарсанд ки халк талаби бехтар шудани вазьро кунад, метарсанд халк эьтироз кунад барои хамин сари халкро бо корхои бефоида саргарм мекунанду ганахкорашон мекунанд ки шумо риш доред шумо румол доред гунахкоред боз дар саратон чизи дигаре наоядоооооооооооооо

АХСАНТ, бародари гироми! Хеле тахлили хуб ва вокеияти холи мардумро навиштед. Вокеан ин миллат дигар на гурур дораду на фархангу ору номус. Хамаи ин арзишхои ахлокию инсониро макомот бо бахонаи фарханги бегона фуру бурдааст. Ин миллат хатто хун надорад. Дар рагу паяш ба чои хун тарс дар гардиш аст. Зихи миллати тарсу ва бе ору номус!

Ман гумон мекардам ки дар мардуми точик дигар одами аз номуси миллат дафоъ мекардаги намондааст. Шукри Аллох ки фарзандони бономуси миллат хануз будаанд. Ташаккур ба модаре ки туро зоидааст. Худованд туро дар панохаш нигах дорад. Ва тамоми мардони точикро ки духтару хохару модару зан доранд номус ато кунад. Омин!

саид
. Ин хамааш бахона аст иронию афгони. Чаро мо фарханги ФОРСРО бегона мегуем. То хол надидаам ва нашунидаам ки юпкадоро либоси милли пушонида бошанд е ягон муйсафеди беришро тавсия бар риш карда бошанд. Инхо пешвохои моро тахкир карданд. А. Рудаки. М. А. Хамадони ва дигарон инхо бериш буданд магар. ТОЧИК дар русия ба хотири точик будан азят мекашию тахкир мешави. Он кадар хисси милли дошта бошед агар милатро дар точикистон ба чои кор таъмин кунед. Баъд фарханги миллиро шиносонед ба мардум. Лекин боз мегуям модари точик хеч вакт барахна набуд.

ростин
Ватан
Хуб Кардано, ки тарошиданд риши рафики Корвониатро. аз ришдорхо саъодаро интизор набошед. Ояндаи ришбози сурияву Афганистан АСТ, МО роз на медихем, ки пайи номубораки онхо ба ватаги МО биояд.

Вакти он аст эй калам буррандатар Гарди зи тег'!...

хонанда
дируз дар вохурии як гурух аз 45 гуруххои таъсисдодаи шахрдории Душанбе бо сокинони махаллаи профсоюз, ки дар мактаби №90 нохияи Сино доир гашт, намояндагони хукумати шахр шикаст хурданд. Зеро ба суолхои мардуми посух дода натавонистанд. Чавоне хесту гуфт: "Шумо стрхои занони моро аз сарашон мегиред фарханги бегона гуфта, аммо чаро ба мини-юбка" пушидани духтарон кордор нестед, ки он хам либоси милли нест. Нфаре аз ислому сатру намоз харф зад вале чун аз пулуфтагуихояш садои мардум баланд шуд, он нафар маъзарат пурсид, ки "Ман исломро дуруст намефахмам шояд хато карда бошам, бахшиш"

шахрванд
Вакте Хукумат ба амали риштароши даст задаву дар бораи пушиши либоси милли харф мезанад пас уро хам фахмидан лозим , ягон чизро медонад. Аз хаво кор намекунад. Як барбари бозори Корвон, Чал-чамро салафихо зер кардааст. Ин сатрпушхои бозорро намегуед. хайел кардед, ки хамту мепушанд. дар зери ин пушишхо сад муаммое пинхон аст.Хато нафахмед манро. ман хеч гох намехохам ки духтар, зан ва е модари точик барахна бошад. Лекин хама чиз эб дорад..

Ояндабин
Рости гап ман ба гуфтаҳои ҳамин бародари азизамон, ки аз ҷаҳли эҳсосот ному насабашро ҳам қайд накардааст, сад андар сад муқобилам. Бародар мо дар асри 21 зиндагӣ карда истодаем, наход ки номуси миллат ҳамин риши дарозу фаранҷиву рӯймолҳои сиёҳи арабӣ бошанд, ки дар ягон давру замон ба миллати тоҷик хос набуданд. Шумо замони Шуравиро мисол меоред, он вақт кадом зане рӯймоли сиёҳ Ё фаранҷӣ ё марде каме номъқули мекард чашмашро дар худи зиндонҳои Сибир мекушоданд. Худи мардуми русро ҳам Пётр 1 аз риши дарозу дигар чизҳои нолозим чанд аср пеш халос карда буд. Мо бошем дар асри 21 ришу фаранҷиву руймоли сиёҳи арабиро номуси миллати тоҷик ном бурда бо ин "дилсӯзиамон" миллатамонро ба асри 6 бурда истодаем. Номус дошта бошем дониш омӯзем, забонҳои хориҷиро аз худ кунем, ягон завод ё фабрика бисозем, нанотехнологияро аз худ кунем , Тоҷикистони азизамонро дар арсаи байналмилалӣ дар соҳаҳои гуногун муаррифӣ карда тавонем ана он вақт номуси миллии мо баланд шуда ин хурофотпарастиҳо худ аз худ аз байн мераванд ва фарҳанги бойи тоҷикӣ боқӣ мемонад, на фарҳанги бегонапарастӣ, фаҳмо мӣ бародар , бедор шавед, асри асри 6 ё 8 не , алаккай асри 21.

п
Ояндабин,

Шояд барои ту ин чизхо ягон арзише надоранд. Лекин барои мусалмони хакики ин чизхо суннат ва фарз хастанд. Наход ту фикр дошта боши ки хукумат бо хамин сатрманъкуниву риштароши мардумро метавонад мачбур кунад, ки аз ислом руй гардонанд? Харгиз не,

вакил
Офарин, устод Азиз, рости гап , вокеияти имрузаро гуфти, "макомот боясти марзбони нангу номус бошад..."

Хозиразамон
Ояндабин,
Ояндабин,
Дар давраи Петри 1 андози РИШ чори карданд, ки нисбати дигар намуди андозхо накшааш бисертар ичро мешуд. Мардуми рус дар давраи ПЁТР аракхур шудагианд. Ту ки гузаштаро намедони ОЯНДАро аз кучо ДИДА метавони????????????
Шояд ту хам АРАКХУР боши................


асалому алайкум вараҳматулоҳи вабарокоту
бародарони азиз раҳмат ба ОЗОДАГОН КИ ҲАМИХЕЛ темаҳора мекушоянд кам кам ҳамихели темаҳора ҳамай журналисто агар гушоянд иншаллоҳки ҳамаш хуб мешавад

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)