Бахшҳо
28 авг 2015 18:17Тоҷикистон / Иҷтимоӣ

Даргузашти Акбари Саттор: “Талафоти бузург барои журналистон ва ҷомеаи шаҳрвандист”

Акбари Саттор, раиси Иттифоқи журналистони Тоҷикистон аз олам даргузашт.

Наздикони ҷаноби Саттор дар суҳбат бо “Озодагон” гуфтанд, қалби раҳбари Иттифоқи журналистони Тоҷикистон имрӯз 28 август такрибан соатҳои 16:00 аз тапиш боз мондааст. Ба иттилои онҳо, қарор аст, ҷанозаи Акбари Саттор фардо, 29 август дар зодгоҳаш -- ноҳияи Ҳисор баргузор шавад.

Хилватшоҳи Маҳмуд, собиқ сардабири “Озодагон” даргузашти Акбари Сатторро барои журналистон ва ҷомеаи шаҳрвандии Тоҷикистон талафоти бузург медонад. Ӯ мегӯяд, Акбар Саттор нафаре буд, ки Иттиҳоди журанлистони қариб ба нобудӣ рафтаи Тоҷикистонро ба ҳам овардааст: "Барои ман ӯ танхо як раиси Иттифоқи журналистони Тоҷикистон набуд. Ӯ нафарест, ки Иттиҳоди журанлистони қариб ба нобудӣ рафтаи Тоҷикистонро ба ҳам оварда, аз як созмони ҷамъиятии журналистон дар кишвар, аз ҷумла дар маҳдудаи собиқ шӯравӣ баъд аз истиқлолият хабар дод. Акбар Саттор барои ман бародар, дӯст ва рафиқест, ки тайи беш аз 20 сол бо ҳам рафтуои хонаводагӣ ва бародарӣ доштем. Даргузашти Акбар Саттор дар синни 50-солагӣ талафоти бузург на танҳо барои журналистон, балки барои ҷомеаи шаҳрвандии Тоҷикистону гуруҳи азизону дустон ва рафиқони ӯст. Ҳамагӣ се рӯзи қабл бо Акбар Саттор ҷое нишаставу суҳбате доштем, аммо чи метавон гуфт. Бозгашти ҳамаи мо ба сӯи Ӯст".

Абдумалик Қодиров, раҳбари намояндагии Институти инъикоси ҷанг ва сулҳ дар Тоҷикистон мегӯяд, ВАО-и тоҷик ва муҳити иттилоотии Тоҷикистон хеле талафоти зиёде дид: “Акбари Саттор яке аз онҳое буд, ки муҳити иттилоотиро дар солҳои аввали истиқлол сохт. Ӯ нафарест, ман наметавонам бигӯям, нафаре буд, аз аввалинҳо шуда ВАО-ро ҳамчун раванди соҳибкорӣ ба роҳ андохт”.

Оқои Қодиров афзуд, Акбари Сатор рӯзномаҳои гунонро рушд дод ва тавонист, ки дар шароити вазнин ин ВАО-ро рӯи кор овард: “Ин ҳунари баланди соҳибкории инсонро нишон медиҳад. Ӯ инсонест, ки каси эхтиёҷмандро ноумед гусел намекард. Хосатан дар солҳои буҳрони иқтисодӣ, ки рӯзноманигорон як қишри осебпазир буданд”.

Нуриддин Қаршибоев, раиси Шӯрои ВАО ва Анҷумани миллии расонаҳои мустақили Тоҷикистон ба “Озодагон” Акбари Сатторро симои барҷастаи журналистикаи тоҷик унвон кард. Ӯ гуфт, “вай тавонист дар амалияи журналистика муваффақ шавад. Ва соҳиби чанд расона, нашриёт ва раҳбарии созмони журналистиро ба уҳда дошт. Даргузашти Акбари Саттор ин талафоти бузург на танҳо барои ҷомеаи журналстӣ, балки барои Тоҷикистон низ ҳаст, ки ҳамин гуна шахс бемаҳал аз байн рафт”.

Зафари Сӯфӣ, муассиси гуруҳи расонаҳои “Озодагон”: “Бозгашти ҳама ба сӯи Ӯст! Вақте хабари марги нобаҳангоми як ДӮСТ ва як ҳамсоли ҶАВОНМАРДи ҷавонмаргатро мешунавӣ мағзат холӣ мешудааст. Ашк намегузорад чизе нависам... Акбари Саттор тайи ин чанд соли ахир ПАДАРи журналистикаи тоҷик буд. Ман худ шоҳидам, ки чандин ҳамкасбони моро аз ҳуҷуми ину он пуштибонӣ кард. Мо ҳам дар ин миён аз пуштибонияш бенасиб набудем. Афсӯс, афсӯс, афсӯс... Ба пирӣ мерасад хори биёбон, Вале гул чун ҷавон гардад, бимирад...”

Рустами Ҷонӣ, бунёдгузори “ИмрӯзНюс” даргузашти раҳбари Иттифоқи журналистонро фоҷиаи бузург гуфт: “Ӯ шахсияте аст, ки маргаш боварнакарданист. Даргузашти ӯ ба маънои аз як қанот маҳрум шудани журналистика аст”. Ӯ мегӯяд, "Акбар як одами ростгӯву ростқавл буд. Одаме, ки дар гапаш устувор аст. Дурӯягиро намепазируфт. Дар ҳама ҳолат ҳарфи худашро мегуфт. Журналситикаро аз ҳама боло медонист.


Соҷидаи Мирзо, мудири Бахши тоҷикии Радиои Озодӣ: “Бисёр як марги нобаҳангом ва такондиҳанда. Акбар журналаисти хуб буд, ташкилотчии хуб буд, инсони хоксор, баландҳиммат, миллӣ, дилсоф ва саховатманд буд. Одил буд ва меҳрубон. Ҷойи ӯ дар майдони матбуот ва дар дили дӯстон холӣ мемонад”.

Абдуқаюм Қаюмзод, рӯзноманигори маъруф: “Бо Акбари Саттор корро дар нашрияи “Ҷумҳурият” дар як кабинет шурӯъ кардем. Мо ҳатто дар як стул нишастем. Аввалин навишатҳои ӯро таҳрир мекардам. Бо ӯ хеле дӯсти наздик будам. Ӯ аз нахустин касоне буд, ки ба ҷони матбуоти тоҷик ҷони тоза бахшид. Як ташкилоти комилан шахшударо зинда кард. Бо рафтани нобаҳангомаш матбуоти Тоҷикистон зарари калон дид”.

Исфандиёри Одина, рӯзноманигори тоҷик мегӯяд, ҳарчанд бо Акбари Саттор аз наздик хеле ошно набуд, аммо дар чанде аз маҳофил ва ҳамоишҳои марбут ба рӯзноманигорон бардошташ аз ӯ ин буд, ки инсони меҳрубону покниятест ва ғами рӯзноманигоронро мехӯрад: “Инсони шӯх, хушзавқу хушдил ва гушодарӯе буд ва достонҳои ҷолибе аз сафарҳояш ва аз даврони гузашта нақл мекард, ки ҳамагонро шоду хушҳол месохт ва ханда ба рӯяшон медавид. Ба унвони раиси Иттиҳодияи рӯзноманигорон бештар талош мекард аз роҳҳои мухталиф, аз ҷумла бо миёнаравӣ, масоили матбӯъот ва рӯзноманигоронро ба наҳви аҳсан ҳал кунад. Дареғ, ки умр ба ӯ вафо накард, чун метавонист корҳои бузургу арзишманди дигаре барои матбӯъот ва ҷомеъаи рӯзноманигории Тоҷикистон анҷом диҳад”.

Профессор Иброҳим Усмонов, роҳбари Бунёди “Гуфтугуи тамаддунҳо” мегӯяд, Акбари Саттор яке аз аввалин нафаронест, ки иттиҳоди парокандашудаи рӯзноманигорони Тоҷикистонро сарҷамъ кард: “Ӯ аз аввалинҳоест, ки ҷавононро ба иттифоқ овард. Мо умед мекунем, ки кори неки вай ҳамеша боқӣ мемонад ва ин на шиор аст, зеро рӯзномаи вай, китобҳои вай аз ин далолат мекунад. Журналисти нағз буд. Охираташ ба хайр бошад”.

Акбари Саттор 10 феврали соли 1965 дар деҳаи Мортеппаи ноҳияи Ҳисор ба дунё омада, фориғуттаҳсили факултаи журналистикаи Донишгоҳи давлатии Ленинград мебошад. Фаъолияти кории худро дар нашрияи парлумонии Тоҷикистон бо номи “Садои Мардум” оғоз кардааст. Аввалин нашрияи худро дар соли 1994 бо номи “Дайджес пресс” рӯйи чоп овардааст. Акбари Саттор дар ҳоли ҳозир мудири кулли Ҷамъияти масъулияташ маҳдуди "Чархи гардун", ки 5 нашрия тобеи он аст, бар уҳда дошта, ҳамзамон раиси Иттифоқи журналистони Тоҷикистон буд.

Ҳайати кормандони гуруҳи расонаҳои "Озодагон" аз марги Акбари Саттор сахт андуҳгин буда, ба наздикону пайвандонаш изҳори таслияти амиқ баён мекунанд.
Мӯҳр
ХУДО РАХМАТ ВА МАНЗИЛИ ОХИРАТАТРО ЧАННАТ НАМОЯД УСТОД.

Комил Аюбӣ
Инно лиллоҳи ва инно илайҳи роҷиъун. Худованди муттаъол равони бародари гиромиқадр Акбари Сатторро шод кунад ва ба наздиконаш сабри ҷамил ато фармояд.

дар ҳақиқат журналистикаи тоҷик талафоти бузурге дод. ногуфтанӣ. Акбар шахсе буд, ба кори худ содиқ, шахси қавлу амал, дастгиру сахӣ, хулоса Инсоне буд комил. дар ин синну сол ин қадар кореро кардан на ба ҳар касс муяссар мегардад. афсӯс, афсӯс, афсӯс...., ки чунин шахс аз байни мо рафт. Худо ғариқати раҳмат ва шоистаи ҷаннат гардонат .Омин

Иброхим
Инно лиллохи ва инно илайхи рочиун. У касе буд, ки рафтораш, гуфтораш ва кирдораш бидуни колаб, вале бо хикмату мантики буд. Хар гардангафсро, ки нисбат ба журналист беэхтироми мекард, дар чойяш мешинонд. Худои муттаъол биомурзадаш.

Зафар
Ман хамчун хонандаи доимии нашрияхои ватани аз марги нобахангоми Акбари Саттор бисёр андухгин хастам ва ба тамоми журналистони озодандеш изхори тасаллият мекунам. Чояшон чаннад бод!

ЧУМАХОН САФАРОВ
ХУДО РАХМАТ ВА МАНЗИЛИ ОХИРАТАТРО ЧАННАТ ГАРДОНАД УСТОДИ АЗИЗ. МИЛЛАТ ХЕЧ ГОХ ЧУНИН ФАРЗАНДОНИ БАОРУ НОМУСАШРО ФАРОМУШ НАМЕКУНАД.

Man ham dargozashti ustod Akbar Sattorov ro ba khaniwada va jurnolistan tasliat Meguyam .

Baqer Moin

Самариддин
Ба наздикону пайвандон, дустони наздик ва хамаи хамкасбони мархум изхори тасаллият менамоям ва аз даргохи Худо барои онхо сабри чамил мехохам. Хамчун узви Иттифоки журналистони Точикистон ва чун хамкасб Акбари Сатторро бо рузноманигори касби ва хушгуфторию махфилоро буданаш мешинохтам. Дар сафари охирин ба вилояти Сугд бо 200 нафар ахли зиё, ки бо ташаббусу икдоми шоистаи Сарвари давлат дар тантанахои Наврузи иштирок доштем, дар хар як сухбату нищаст махфилорои мекард. Хамеша табъи атрофиёнро бо лутфу хушгуияш болида медошт. Дар хакикат барои журналистикаи муосири кишвар талафоти калон аст. Дар давраи рохбариаш хамчун Раиси Иттифок корхои назаррасу шоёнро анчом додааст. Шогирдони зиёдеро хам тарбия намудааст. Барои хамин мо на танхо хамкасб, балки устодеро аз даст додем. Худованд чояшро чаннат гардонад.

Чавонмарганд мардони хунарманд, Валекин нокасон садсола миранд... Худованд рахмату магфират кунад.

Руҳаш шоду ҷояш ҷаннати барин бошад.

Ох Худои ман! Наход ин рост бошад? Худованди бузург бародари моро аз вориди Чаннат-ул-фирдавс бенасиб нагардон. Вакте хабари шумро шунидам дунё тира гардид бахрам. Рост аст-ки Оллохи бузург гулчин будааст. Чунин шахсиятхои бузург дар чомеъаи мо ангуштшуморанд. Чархи гардун бе ин марди бузург аз гардиш Монд!

Мансур
Худованд чояшро Чаннатулфирдавс гардонад.

тасаллитхо
Бародарон Акбари Саттор хонаи охираташ рафт, то хол коментхоро набаровардед.

Хурсанд
Абдукаюм чи дуруг мегуйй. Ту хеч вакт дар "Чумхурият" кор накардайй. Агар дусти хакикии Акбари рахматй бошй гапа росташа гу. Мардуми Чумхурият дар хайрат хастанд, ки чи хел шумо дар ончо кор карда бошед.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)