Бахшҳо

Ҷанозаи Акбар Саттор дар Мортеппаи Ҳисор (АКС+ВИДЕО)

Ҷанозаи Акбари Саттор, раиси Иттифоқи журналистони Тоҷикистон дар зодгоҳаш -- деҳаи Мортеппаи ноҳияи Ҳисор ба хок супорида шуд.

Ин маросим имрӯз, 29 август соати 10:00 дар Масҷиди деҳаи Мортеппа бо ҳузури рӯзноманигори шинохта, намояндаҳои дастгоҳи иҷроияи президент, раҳбарияти ноҳияи Ҳисор ва наздикону пайвандони марҳум гузашт.

Қалби раҳбари Иттифоқи журналистони Тоҷикистон рӯзи 28 август тақрибан соатҳои 16:00 аз тапиш боз монда буд.

Акбари Саттор 10 феврали соли 1965 дар деҳаи Мортеппаи ноҳияи Ҳисор ба дунё омада, фориғуттаҳсили факултаи журналистикаи Донишгоҳи давлатии Ленинград мебошад. Фаъолияти кории худро дар нашрияи парлумонии Тоҷикистон бо номи “Садои Мардум” оғоз кардааст. Аввалин нашрияи худро дар соли 1994 бо номи “Дайджес пресс” рӯйи чоп овардааст. Акбари Саттор дар ҳоли ҳозир мудири кулли Ҷамъияти масъулияташ маҳдуди "Чархи гардун", ки 5 нашрия тобеи он аст, бар уҳда дошта, ҳамзамон раиси Иттифоқи журналистони Тоҷикистон буд.

Ҳайати кормандони гуруҳи расонаҳои "Озодагон" аз марги Акбари Саттор сахт андуҳгин буда, ба наздикону пайвандонаш изҳори таслияти амиқ баён мекунанд.




Ҷанозаи Акбар Саттор дар Мортеппаи Ҳисор (АКС+ВИДЕО)

Ҷанозаи Акбар Саттор дар Мортеппаи Ҳисор (АКС+ВИДЕО)

Ҷанозаи Акбар Саттор дар Мортеппаи Ҳисор (АКС+ВИДЕО)

Ҷанозаи Акбар Саттор дар Мортеппаи Ҳисор (АКС+ВИДЕО)
Мӯҳр
Махмуди Ашурмухаммад
Нахустин нафаре буд,ки рузноманигориро бо тичорат пайваст ва дар солхои душвор хам холигохи иттилоотиро пур карду хам ба садхо рузномафурушон "нон" дод.Едаш бахайр!

инно лиллах ва инно илайхи рочиун
мо хама ба суи Худо бозгашт дорем
Худо рахматаш намояд

Филолог
Мухтарам Озодагон! Вактхои охир дар хабарномахо чунин чумла ба назар мерасад: "чанозаи фалони ба хок супорида шуд". То чи андоза ин дуруст аст? Магар чаноза - чорабинии видоъ бо мархум ба кабр гузошта мешавад е майит (мархум)?

Мукаррам
Худо рахмат кунад Акбари Саторро, инсони хуб буданд. Ба хонаводааш худо сабр ато кунад.

ман хамчун як шахрванд талиф дорам,ки дехаи Мортеппа ба номи Акбари Саттор монда шавад.

Муҳиддин Идизода, журналисти точик, хабари даргузашти Акбари Сатторро “наштари чонсузе бар қалбу чону чигар” хонд. У гуфт, “чанд муддат пеш ҳамроҳ бо у суҳбат доштам ва шухиомез месароид: "Рав, "Чархи гардун"-ро бигу, Акбар видоят карду рафт..." Гуё медонист, ки баъд аз чанде сафари охират дорад...”
(«Радиои Озоди», 31 августи с. 2015).
«Рав чархи гардунро бигу, Акбар видоят карду рафт»,
Ахли каламро нома дех, Акбар дуоят карду рафт
Марди хунар, марди заки, дар зиндаги фарди сахи,
Аз заъфи дил, дарди чигар, Акбар шикоят карду рафт.
Дарди Ватан, дарди сухан, дарди замону ин макон,
Бо килку бо сехри сухан, Акбар хикоят карду рафт.
Эй хамсару хамрози у, уро магу ту бевафо,
Дар вопасин харфу нафас, Акбар садоят карду рафт.
Эй хамкалам, ахли назар, сохибдилу сохибсухан,
Чони чавони хешро, Акбар нисорат карду рафт.
Бурибеки Худобахш.
(Помир).

шахригул
Равонатон шод бод, Устоди гиромй ва бехамтои мо.

БА ШАХРВАНД ВА ДАСТГИРЙ ТАКЛИФИ У. Дар хакикат Акбар шахси оддй набуд. У чизеро медонист, ки мо намедонистем. У чизеро бо чуръат бо забон ва бо калам мегуфт, ки дар дили мо ногуфта мепусид. У ЧОМЕАИ ШАХРВАНДИРО бо худ мебурд... Рухат шод бод АКБАР. Дар хакикат кабирй.
Ин таклифи номгузорй шудани дехаи Мортеппаро бо номи Акбар дар рузи чаноза низ ба забон оварда мешуд. Бигузор "Мортеппа" нею деха "Акбар" ном гирад. Ахли хамсабакони мактабию донишчуии Акбари Саттор

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)