Бахшҳо
29 авг 2015 12:29Тоҷикистон / Сиёсат

ВКД “парчамбардори аслии ДИИШ" дар Шаҳритусро меҷӯяд

Вазорати умури дохилии Тоҷикистон мегӯяд, нафари аслӣ дар насби парчами сиёҳ дар ноҳияи Шаҳритусро мавриди пайгард қарор додааст.

Аз ин ниҳод, имрӯз, 28 август ба “Озодагон” иттилоъ доданд, дар робита ба қазияи насби парчам дар ноҳияи Шаҳритус чанд ҷавонро боздошт кардаанд: “Маҳмадалӣ Абдуллоев, яке аз муттаҳамони асосӣ феълан ҷустуҷӯ мешавад”.

Ба иттилои манбаъ, Абдуллоев қасд доштааст, нафареро ҳамчун фидоӣ ё худкуш омода кунад, аммо ба ин ҳадафи худ нарасидааст. Яке аз боздоштшудаҳо дар гузориши телевизионии ВКД, ки шоми рӯзи гузашта нашр шуд, гуфт, “занг зад, вохӯрдем, баъд гуфт, ки ба ман як одаме лозим аст, ки фидоӣ бошад, нотарс бошаду рафта милитсияи ноҳияи Шаҳритусро бикафонад”.

Дар гузориш гуфта шуд, парчами сиёҳро ин ҷавонон соати яки шаб насб кардаанд: “Вале тааҷубовар он аст, ки чаро набудани фарзандон падару модарони онҳоро ба ташвиш нагузоштааст, ва ё масъулони муасисаҳои таълимие, ки ин ноболиғон таълимгирандаи онҳоянд, киро чигуна таълим додаанд, ки имрӯз онҳо ба ҷомеа хатару таҳдид мекунанд”.

Аз Вазорати умури дохилӣ ба “Озодагон” иттилоъ доданд, ҳолати насби парчами сиёҳ дар шаҳри Норак низ ба қайд расидааст. Дар гузориши телевизионӣ ҳам ба ин нукта ишора шуда, таъкид гардид, “ин ҷавонони гумроҳ, ки шумораашон наздики 20 нафарро ташкил медиҳад, заррае ба диёру зодгоҳи худ манфиате нарасонида, боз ба дому найранги ифротиёни бадхоҳи миллат афтода, аз пайи озору зиёни Ватани худ шудаанд”.

Манбаъ афзуд, Додгоҳи Шаҳритус волидони ин афродро бар асоси моддаи 90-и қонун “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” ба ҷавобгарии маъмурӣ кашидааст: “Гумонбарон ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида мешаванд”.

Қаблан, бархе расонаҳо аз насби парчами сиёҳ бо навиштаи "Аллоҳ", ки ба парчами гуруҳи террористии ба ном "Давлати исломӣ" монанд аст, дар ноҳияи Шаҳритус хабар доданд.
Мӯҳр
Марг ба чунин Точике ки ба миллат, ватан модари худ хиëнат мекунад. Ба ин хоинон бояд ч,азои сангин дода шавад. Садкаи ин ватани орому осуда шавед, ч,ох,илони ок,ипадар. Ин ч,ох,илон на саводи исломи доранду на саводи дуняви факат дили кинадору сиëх доранду халос.

Polat
Он нафаронеки боздошт шудан онхо бегуноханд.

Дар Панчакент низ парчами сиехро насб кардаанд.

Шумо қоидаи грамматикии кадом забонро улгу ихтиёр кардкд намедонам, аммо забони товиеиӣ бтсёр ҳам навишти содда ва фаҳмо дорад. Ба ҷои "нафари аслӣ дар насби парчами сиёҳ дар ноҳияи Шаҳритусро мавриди пайгард қарор додааст" - ғалат ҳам ҳаст - дуруст мешавад "нафари аслиро дар насби парчами сиёҳ дар ноҳияи Шаҳритус мавриди пайгард қарор додааст"

Яъне, Шахсеро дар ҷое ё маконе ҷустуҷӯ кардан на Шахсе дар ҷоеро ....

Афзал
Чунин безорихо на ба ватан даркоранду на ба падару модарашон, вагарна соати 1-и шаб модарро чи гуна хоб мебарад, ки фарзандаш дар хона нест?!. Кош давлати мо низ мисли баъзе давлатхои берахм нисбати хиёнаткорони ватан хукми катл медошт. Ин ношукрхо сазовори сахттарин чазоянд!

Самад
Ин Чи шурест,ки дар даври камар мебинам.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)