Бахшҳо
01 сен 2015 09:52Тоҷикистон / CV / Иҷтимоӣ

Президент аз Вазорати маориф хост, ҳангоми нашри китобҳо саросема нашавад

Таваҷҷуҳи довталабон ба ихтисоси омӯзгорӣ дар Тоҷикистон коҳиш ёфта, боиси иҷро нашудани нақшаи қабул дар муассисаҳои таълимии кишвар шудааст. Ин нуктаро Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон дар суханронии худ бахшида ба Рӯзи дониш дар Донишгоҳи давлатии шаҳри Кулоб баён дошт.

Ӯ аз паст будани сатҳи дониши хатмкунандагони имсол нигаронӣ карда, гуфт, “ихтисосҳои омӯзгорӣ аз ҷониби довталабон кам интихоб шуда, нақшаи қабул дар ин муассисаҳои таълимӣ низ иҷро нагардидааст”.

Раисҷумҳури Тоҷикистон аз паст будани сатҳи дониши хамткунандагони имсолаи макотиби миёнаи кишвар шадидан нигаронӣ карда, ба он бархе аз волидайн, худи донишомӯзон ва раванди омодасозии муаллимонро гунаҳкор донист. Раисҷумҳур афзуд, “натиҷаҳои имсолаи тавассути Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул намудани довталабон ба муассисаҳои таҳсилоти олии мамлакат нишон дод, ки сатҳи дониши хатмкунандагони мо ҳоло ҳам ба талабот ҷавобгӯ нест. Агар як сабаби сустии дониши хонандагон масъулияти дуруст эҳсос накардани як қисми падару модарон ва худи хонандагон дар интихоби касбу ихтисос бошад, иллати дигараш дар паст будани сатҳи омодасозии муаллимони оянда дар муассисаҳои таҳсилоти олии омӯзгорӣ мебошад. Ҳар ду омил боиси нигаронӣ буда, ҳарчи зудтар ислоҳ кардани онҳо ба беҳтар шудани сифати таълим мусоидат менамояд”.

Ба қавли Эмомалӣ Раҳмон, имсол ба тариқи тестӣ 73700 нафар довталаб ҳуҷҷат супорида, 36000 нафар дохил шудааст. Яъне нақшаи қабули донишҷӯён ба муассисаҳои таҳсилоти олии мамлакат 77,2 фоиз иҷро шудааст. Дар ҳоле ки ин нишондод дар соли гузашта 66,4 фоизро ташкил дода буд: “Бо вуҷуди он ки саволномаҳои тестӣ нисбат ба соли гузашта содда карда шудаанд, ба ихтисосҳои равияи таббииву техникӣ довталабон кам ҳуҷҷат супорида, натиҷаи имтиҳонҳояшон ҳамагӣ 69 фоизро ташкил кард ва нақшаи қабул дар ин равияҳо ба таври қаноатбахш иҷро нагардид.

Раисҷумҳур таъкид кард, ки натоиҷи имтиҳонҳо дар Маркази миллии тестӣ паст будани сатҳу сифати таълим дар макотиби кишварро ошкор сохтаааст: “Натиҷаҳо ошкор сохт, ки сатҳу сифати таълим дар кишвар беҳбудии ҷиддӣ мехоҳад ва масъулони соҳаи маориф, роҳбарони мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва дигар сохтору мақомотро зарур аст, ки ба сифати таълим диққати махсус диҳанд ва назоратро дар ҳамаи муассисаҳои таълимии кишвар пурзӯр намоянд”.

Эмомалӣ Раҳмон аз шикояти бархе аз довталабон низ ёдовар шуда, афзуд, ки имсол аз ҷамъи умумии довталабон ҳамагӣ 66 нафар аризаи шикоятӣ навиштаанд, ки аз ин ҳисоб 44 нафар бо сабабҳои техникӣ иштибоҳ кардаанд. Раисҷумҳурим кишвар дар идома ба масъалаи табъу нашри китобҳои дарсӣ низ дахл карда, аз масъулини Вазорати маориф ҳалли мушкилҳои ҷойдошта дар ин самтро хостор шуд. Ӯ гуфт, масъулини Вазорати маориф бояд ҳангоми таҳия ва чопи китобҳои дарсӣ ва барномаҳои таълимӣ риояи қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ ва меъёрҳои забони давлатиро риоя кунанд, чун ба қавли ӯ, пурмазмуну бехато интишор ёфтани китобҳои дарсӣ шарти зарурӣ ва талаботи давлатӣ ба шумор меравад: “Вазорати маориф ва илмро зарур аст, ки ҳангоми чопи китобҳои нав ба саросемагӣ роҳ надода, онҳоро қаблан аз назари омӯзгорони пуртаҷриба, мутахассисон ва муҳаррирон гузаронида, баъди санҷидан дар мактабҳои таҷрибавӣ тавассути Шӯрои миллии таҳсилот ба нашр тавсия намояд”.

Эмомалӣ Раҳмон инчунин хостори тарҷума шудани бархе аз китобҳои дарсӣ, аз ҷумла таърихи халқи тоҷик, ҷуғрофия ва монанди инҳо аз забони тоҷикӣ ба русӣ шуда, таъкид кард, ки дар дохили кишвар ба теъдоди зарурӣ чоп кардани китобҳои дарсӣ барои мактабҳои забони таҳсилоташон русӣ ниёзе пеш омадааст ва иҷрои ин кор вазифаи масъулони соҳа мебошад: “Ҷиҳати амалӣ намудани ин тадбирҳо маблағҳои давлатӣ ва лоиҳавӣ пешбинӣ шуда, босифат ба анҷом расонидани онҳо вазифаи аввалиндараҷаи масъулони соҳаи маориф мебошад”.
Мӯҳр
Мундукбой
Албата тавачухи довталабон нисбати касби омузгори кам мешавад на аз сабаби паст будани маош балки набудани чои кор дар макотиби миена.Донишгохро хатм мекунад бечора диплом дар даст меравад дар ягон мактаб чои кор нест!!!!Хамай чойхо ЗАНЯТ.боз мегуянд ки муаллим намерасад..махсусан дар водии Рашт илтимос вазорати маориф ягон чора бинед наход 5 сол хонему диплом дар дар даст куча ба куча гардем кор кофта

Darvesh
JANOBI OLI! BAroi on ki kadrhoi navro omuzoned az kadrhoi tojike ki dar khorij dored istifoda namoed!!!!!! In ideyaro 1 ruz Shabdolov ba shumo peshnihod namuda bud!!!!!!!!!

ХОНАНДАИ МАКТАБ
ХУБ МЕШУД ОМУЗГОРОНРО ТАРИКИ ТЕСТИ БА КОР КАБУЛ МЕКАРДАНД ДИПЛОМИ ОМУЗГОРРО ДОШТАН ИН МАЪНОИ ОМУЗГОР БУДАНРО НАДОРАД.

омузгор
Дар ин самт хуб мешуд аз тачрибаи Россия исифода намоянд, ки яке аз муаллифон омузгори собикадори мактаби миёна аст. Махсусан китобхои забони руси муаллифаш Гусейнова хеле мураккаб аст ва хеч гох ба китобхои Успенская баробар шуда наметавонад.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)