Парванда алайҳи тоҷике, ки мехост дар Перм “Таҷик-таун” бунёд кунад
Раёсати умури дохилии Перми Русия нисбати Ҷонибек Ҷононов, раҳбари диаспораи тоҷикон дар ин шаҳр, парвандаи ҷиноӣ боз намудааст.
Ба иттилои расонаҳои русӣ, раҳбари диаспораи тоҷикон дар Перм бо моддаи 171-и Кодекси ҷиноятии Федератсияи Русия "соҳибкории ғайриқонунӣ" муттаҳам мешавад. Манбаъ мегӯяд, охири ҳафта дар манзили зисти Ҷононовҳо ва дафтари кории ширкати “ЕвроПлюс” тафтишот гузаронида шуда, баъзе корҳои “сиёҳ”-и муҳосиботӣ ошкор гардидааст. Пулис Ҷононовро дар “роҳандозии қарзҳои ғайриқонунӣ” ҳам муттаҳам медонад. “Ҷононов ҳоло ҳаққи берун рафтан аз Пермро надорад”,-навиштаанд расонаҳои русӣ.
Ҷонибек Ҷононов соли 2013 пешниҳоди бунёди шаҳраки тоҷикнишине бо номи “Таҷик-таун” дар пермро карда буд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 | 7 |
8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 | 14 |
15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 | 21 |
22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 | 28 |
29 | 30 | |