Бахшҳо

“Сюрприз”-и Ҷӯрабек, Ҷонибек ва Садриддин

Се овозхони шинохтаи тоҷик таронаи муштараке сабт карда, мегӯянд, он ҳатман қалби ҳаводоронашонро тасхир хоҳад кард.

Ҷӯрабеку Ҷонибек Муродовҳо ва Садриддини Наҷмиддин бори аввал бо ҳам таронаи муштарак иҷро кардаанд. Ҷонибеку Садриддин бо нашри аксҳо дар шабакаҳои иҷтимоӣ гуфтанд, ба наздикӣ суруди сегонаи онҳо нашр хоҳад шуд. Ҷонибек дар як суҳбати катбӣ ба “Озодагон” гуфт, то 10-15 рӯзи дигар он ба дасти мухлисон мерасад: “Худо хоҳад, клипаш баъди як моҳ нашр мегардад. Ҳоло номи сурудро намегӯям, бигзор “сюрприз” бошад”.

Ҷӯрабек аз чеҳраҳои номовари санъати мусиқии мардумии тоҷик аст. Ҷонибеку Садриддин дар раддаи аввали хонандаҳои поп қарор доранд. Бо таваҷуҳ ба ин шореҳони мусиқӣ ҳадс мезананд, ки таронаи сегонаи онҳо бояд воқеан шуниданӣ бошад.

Барои Ҷӯрабеку Ҷонибек ин аввалин суруди сегона нест. Соли сипаришуда таронаи “Ало, шодоб соҳилҳо”-и онҳо, ки бо Валиҷон Азизов иҷро шуд, “хит”-и сол эътироф гардид. Чанд сол қабл Ҷонибек ҳамроҳ бо Шабнами Сурайё ва Наҷим (хонандаи афғон) суруди “қарсак”-ро иҷро карданд, ки низ зиёд мухлис дошт.
Мӯҳр
Вокеъанхам устоз Муродов чеҳраҳои номовари санъати мусиқии мардумии тоҷик аст, зинда бошед устози Бузург, боваркунед дар баробари шунидани овози устоз тану чони шахсе, ки камак манту оханги мусикиро дарк мекунад рохат мекунад.

беном
рохат кардем

рохат кардем

Фаридун
Устоди тарбиятгар Чурабек Муродов! Ахсант!!!

иждов довла иждов дов чндл чндл еруме

Ман ҳунари устод Ҷӯрабекро эътороф дорам, вале аз он ки дар чунин синни боло мӯйи сарашонро ранг кардаву худро ба ҷавони навхат шабеҳ мекунанд, хушам намеояд. Фикр мекунам, ки ранги сафеди мӯяшон бештар мезебадашон....

Хуб Хелло Хурсандем Аммо Боз Мехохем Садриддин Чаро Бо Устоди Худ Ягон Таронаи Дуэт надорад?? Яъне Бо Фуркат Саиди Ма Хамчун Мухлисси сарояандахои точик мехохам як тарона бо Фуркат Саиди Низ Хонад Садриддин Боки Барояашон Бурдбори Таманно Дорам Худо Ёру Куръон Мададагорашон бошад!!!

кенчабой
Бутун хам тузук

Шарифчон
Овозхои Чонибеку Садриддин ва дах тани дигар аз сарояндахои чавонро чамъ куни бо овози устод баробари намекунанд

Zoro
Бисиор тарифашон накунед бо яке аз худ нараванд

Устод Чурабек шумо хунарманде хастед, ки хамто надоред. Бари писаратон ва баланд бардоштани санъаташон кушиш мекунед маълум. Истеъдод ба хар кас дода нашудааст ва худро бо ин 2- шахси беистеъдод ва компютери маскара накунед. Агар барк хомуш шавад и 2- нафар низ хомуш мешаванд.

хонанда
зап гапе будай бо хийол кадум ки долар арзон шидай

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)