Русский  >>  فارسی  >>  Сешанбе 21 август 2018, 18:26

Ислом Каримов: Узбакистон ба ҳеч блоки низомӣ намепайвандад

2 сентябр 2015, 14:47

Ислом Каримов, раиси ҷумҳури Узбакистон аснои суханронӣ дар ҷашни истиқлоли кишвараш гуфтааст, мустаққар намудани пойгоҳи низомии давлати дигарро дар Узбакистон иҷоза намедиҳад.

Ӯ инчунин изҳор доштааст, Узбакистон ба ҳеч кадом блоки низомӣ намепайвандад. Бино ба иттилои расонаҳои хабарӣ, ҷаноби Каримов ҳангоми суханронӣ дар 24-умин солгарди истиқлоли кишвараш афзудааст, “миллати мо ба сулҳу оромӣ ниёз дорад. Ин хоҳиш, ҳадаф ва тасмими мардуми Узбакистон аст. Замоне, ки мо дар он қарор дорем, аз ҳамаи мо тақозо мекунад, боз ҳам бедор ва бодиққат бошем. Барои зиндагии осоишта мубориза барем ва осмони софро бар фарози худ ҳифз кунем”.

Раисиҷумҳури Узбакистон таъкид кардааст, “мо тавсеаи дӯстӣ ва ҳамдигарфаҳмиро миёни кишварҳои дуру наздик вазифаи аввалини худ медонем”. Ӯ гуфта, ки ин мавқеъ аз ҳама дуруст аст ва ҳеч гоҳ аз он берун намешаванд.

Ин ҳарфҳои Ислом Каримов дар ҳолеанд, ки қаблан Амрико аз Узбакистон даъват кард, ба эътилофе, ки барои мубориза алайҳи созмони террористии ДИИШ ташкил шуд, бипайвандад. Дэниел Розенблюм, муовини ёвари вазири умури хориҷии Амрико оид ба умури Осиёи Марказию Ҷанубӣ гуфтааст, дар баробари Узбакистон аз кишварҳои дигар низ барои шомил шудан ба ин эътилоф даъват шудааст. Ба гуфтаи ӯ, эътилофи онҳо бар иловаи ҷанг алайҳи ДИИШ бо сармоягузорони ин созмони террористию убури ғайриқунунии марҳо мубориза хоҳад бурд.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Кандаша занад Ислом Каримов, Узбекистона чанд зина пеш бурд
Посух додан
  • Муслим

  • 2 сентябр 2015 18:45
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
БАРОи ЧИ УЗБЕКИСТОН АЗ ОДКБ(СААД)БАРОМАД ВА ТАЛОШ КАРД КИ БА НАТО ХАМРОХ ШАВАД
Посух додан
  • Саъди

  • 3 сентябр 2015 10:42
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Найрагхои асри ХХ1
Посух додан
  • Yaman

  • 3 сентябр 2015 14:37
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
кандата зан И.К.ба кариби ба блоки дузах мепайванди!
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Хайфи хабарнигорони ин гуна сайтхои рангзард, ки забони кучагиро аз забони адаби фарк намекунанд. Зотан, журналисте, ки каму-беш савод дорад ва ба кадри мехнати худ мерасад дар Точикисон кор намекунад. Обрую эътибори бе ин хам косташудаи миллатро пас заданро бас кунед.
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Узбекистон тарафдори намекунад ва нахохад кард ! Узбекхо аз хар хатар метавонад худро мудофаа карда ! На Руссия ва на Америка -ю Хитой ! Зиндабод Узбекистони бузург !,

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ-16;

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60;

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!