Русский  >>  فارسی  >>  Сешанбе 25 июн 2019, 19:01

Розенблум аз Тоҷикистон ҳам хост, ба эътилофи “анти-диишӣ”-и Амрико бипайвандад?

2 сентябр 2015, 15:04

Дениел Розенблум, муовини ёвари котиби давлатии Иёлоти муттаҳидаи Амрико дар суҳбат бо Низомиддин Зоҳидӣ, муовини вазири умури хориҷии Тоҷикистон масъалаи ҳамкории Вашингтону Душанбе дар мубориза алайҳи терроризми байналмилалиро ба миён гузоштааст.

Тибқи иттилои дафтари матбуоти Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон, Низомиддин Зоҳидӣ зуҳри 2 сентябр муовини ёвари котиби давлатии ИМА-ро, ки дар доираи як сафари корӣ дар шаҳри Душанбе қарор дорад, ба ҳузур пазируфтааст. Ба иттилои манбаъ, “дар ин вохурӣ ҷонибҳо доир ба мавзӯъҳои муносибатҳои дуҷониба, ҳамкориҳои бисёрҷониба дар доираи созмонҳои байналмилалӣ ва дигар масоили ҷолиби таваҷҷуҳи тарафайн изҳори назар намудаанд”.

Инчунин дар суҳбати Зоҳидӣ бо Розенблум масъалаҳои вобаста ба ҳамкории Тоҷикистону ИМА дар соҳаҳои иқтисодӣ, гуманитарӣ, амниятию сиёсӣ, аз ҷумла мубориза бар зидди терроризми байналмилалӣ муҳокима шудааст. Баррасии масъалаи ҳамкории Душанбеву Вашингтон дар мубориза алайҳи терроризми байналмилалӣ дар ҳолест, ки муовини ёвари вазири умури хориҷии Амрико дар суҳбат бо Абдулазим Комилов, вазири умури хориҷии Узбакистон ин масъаларо низ баррасӣ карда буд.

Ҷаноби Розенблюм аз мақомоти Тошканд даъват кард, ба эътилофи низомии ИМА, ки барои мубориза алайҳи созмони террористии ДИИШ ташкил шудааст, бивайвандад. Ӯ гуфт, эътилофи онҳо бар иловаи ҷанг алайҳи ДИИШ бо сармоягузорони ин созмони террористию убури ғайриқунунии марзҳо мубориза хоҳад бурд. Аммо Ислом Каримов, раиси ҷумҳурии Узбакистон дар суханронии худ бахшида ба истиқлолияти кишвараш ба ин даъвати Амрико ҷавоби рад дод, гуфт, Узбакистон ба ҳеч кадом блоки низомӣ намепайвандад.

Ҳарчанд дафтари матбуоти Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон дар мавриди даъват шудани Душанбе ба ин эътилофи “анти-диишӣ”-и Амрико чизе нагуфтааст, вале эҳтимол дорад, Розенблюм дар суҳбат бо Зоҳидӣ масъалаи пайвастани Тоҷикистон ба ин эътилофро ба миён гузошта бошад. Чун муовини ёвари котиби давлатии ИМА баъд аз мулоқот бо Абдулазим Комилов гуфта буд, ки кишвараш дар баробари Узбакистон аз кишварҳои дигар низ даъват мекунад, ба эътилофи ташкилкардаи он алайҳи ДИИШ бипайванданд.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • илхом

  • 2 сентябр 2015 16:20
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Ислом Каримов дуруст гуфтааст.Худи Америка чунин ташкилотхои терористиро ташкил мекунад ва вакте, ки ин ташкилот пурзур шуд ва зураш нарасид ба дигар давлатхо мурочиат карда онхоро мачбур мекунонад, ки ба у хамрох шаванд ва дигар давлатхо дар алангаи ин игво меафтанд.
Посух додан
  • Дарвеш

  • 2 сентябр 2015 16:34
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Аввал ба созмон медароран пас аз дохил шудан аз марз 4 авбошро равон карда чангро сар мекунан. Илтимос аз хукумат, ки бо инхо хамкори накунанд
Посух додан
  • И.САМАДОВ

  • 2 сентябр 2015 16:42
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
БОЗИИ СИЕСИРО БУБИН. ТАШКИЛКУНАНДАГОНИ АСОСИИ ДИИШ (ИМА)БА КАВЛЕ БАР ЗИДИ ОН "МУБОРИЗА "МЕБАРАНД
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Дар ин масъала хушёрии сиёси доштан лозим !!!!!
Коре кунед бахри савоб,
Не "СИХ" сузад, не "КАБОБ"!!!!!
Посух додан
  • Said

  • 2 сентябр 2015 18:33
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Мардуми азиз ин як найранги сиёси мебошад,яъне ба чашм хок пошидан аст.

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ-16;

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60;

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!