Бахшҳо

(ВИДЕО) Истиқболи Саудӣ аз зоирин ва омодагии ситоди ҳаҷҷи Тоҷикистон

Масъулини Кумитаи дин мегӯянд, мақомоти Арабистони Саудӣ ба омодагии ситоди ҳаҷҷи ин ниҳод барои иштироки зоирини Тоҷикистон дар мавсими “Ҳаҷ-2015” баҳои баланд додаанд.

Афшини Муқим, сухангӯи Кумитаи дин дар суҳбат бо “Озодагон” гуфт, ситоди ҳаҷҷи ин ниҳод ғолиби озмуне дар робита ба фароҳам кардани шароити иқомати зоирин дар қаламрави Арабистони Саудӣ шудааст. Ба гуфтаи ҷаноби Муқим, шароити фароҳамнамудаи ситоди ҳаҷҷи Кумитаи дин барои ҳоҷҷиёни Тоҷикистон аз сӯи гуруҳи кории Вазорати ҳаҷҷи Арабистони Саудӣ беҳтарин дониста шудааст.

Ҳамсуҳбати мо афзуд, ин гуна озмун ҳамасола аз сӯи Вазорати ҳаҷҷи Саудӣ ба хотири беҳтар кардани шароити зисти зоирин миёни ситодҳои ҳаҷҷи кишварҳои мусулмоннишин баргузор мешавад: “Як гуруҳи махсуси корӣ аз Вазорати ҳаҷи Арабистони Саудӣ баъди боздид ва назорати шароити иқомати зоирони кишварҳои мусулмонӣ ва кори ситоди ҳаҷҷи ин кишварҳо Тоҷикистонро ғолиб донистааст”.

Дар пайи ин ғолибият намояндагони Вазорати умури хориҷии Арабистони Саудӣ гуруҳи ҳоҷҷиёни тоҷикро дар фурудгоҳи шаҳри Мадинаи мунаввара бо гулпошӣ ва шеърхонӣ истиқбол кардаанд.

Ҳаҷ аз ҷумлаи аркони панҷгонаи дини мубини Ислом аст, ки барои ҳар мусалмони ба балоғатрасида ва тавоно фарз мебошад. Ҳамасола аз Тоҷикистон ҳудуди шаш ҳазор барои зиёрати Хонаи Худо ба Макка мераванд. Ба иттилои Кумитаи дин, нархи сафари ҳаҷ имсол барои зоирини тоҷик 22 ҳазору 906 сомониву 98 дирам муқаррар шудааст. Имсол 50 дарсади зоирини тоҷикро ба Арабистони Саудӣ ширкати хусусии “Сомон-Эйр”-и Тоҷикистон ва 50 дарсади дигарро ширкати саудии “Flynas” интиқол хоҳанд дод.

Мӯҳр
Шахром , Каленин
Вокеан, ин дастоварду тавсифхо аз чониби Шохигарии Арабистони Сауди пеш аз хама ин низоми кори, дасту нияти холисона, шаффофият, содик будан ба вазифаи хеш ва захматхои шабонарузии кормандони Кумита ба хусус, Раиси Кумитаи оид ба корхои дин мухтарам Давлатзода С. мебошад.

Ха Ха Ха Ха Ха Ин афсоная бинед ! Наход, ки ин кадар шароитидарачаи олии Эрону индонезия Туркияву Россия монда ба точикистон ,ки соли гузашта ай биринч чушак хурдара мурдем бахои балан дода бошанд. охир Саудихо ранги мо бе дониш нестанд онхо рохи дипломатияро пеш гирифтаанд.Чи магар гуянд, ки шумо натонистед? Хатто одитарин чиз дар хамин Мино шароити Узбакистона бинед мо дар 50 ба 1,50 чой карданд он хам дар руи замин а уво дар кароватхо .ХА Ха Ха Ха Ха . Гуши кар андозу гуши хар хар
Гуши кар бехтар бувад аз гуши кар.
Хай озодагон аку худуш медонум , ки и шаву руз тахти фишор карор дореду лекин шуморам ждар ивази ягон квота мисли ..... харидаги набошанд. гар чоп куни ё накуни худуш маълум мешава.

КУЛЯБЕЦ
НАХОД ИНКАДАР ТАЪРИФ КУНЕД О МО СОЛИ ГУЗАШТА ДАР ХАЦ НАБУДЕМ ПАСТАРИН ШАРОИТ ДАР МАРДУМИ ТОЧИК МЕБОШАД АЗ ХУДО ТАРСЕД ОЗОДАГОН ШУНИДАН КАЙ БУВАД МОНАНДИ ДИДАН РАИСИ КУМИТАИ ДИН ДОНИШКАДАИ ИСЛОМИРА САРФАШ НАРАФТУ АРАБИСТОНА САРФАШ РАФТ МАРДУМА КУЧО ФИРЕБ МЕКУНЕД

22906,98 сомони : 6,34 = 3579,22 доллар, яъне ин аз шарофати пул
( пул бошад, хамаи проблемахо хал мешаванд ), ягон кас дар ин чо
худро пеш нагзора ,чун ШАЙХХО пулдустанд=да!!!!!?????

Милатдуст
мурод, Э бародари исломи мебахшед Шумо хач барои хурдан меравед ё барои адои фарзи илохи. Чи кадаре ки дар хач азоб каши хамон кадар савобу ачраш зиёд аст. бачои ин киёна заданхо Худоро шукр гу ки Точикистони моро чои аввал доданд ин ифтихори бузург аст. Иншоаллох Точикистони мо дар сохои наздик яке аз мамлакатхои пешрафта мегардад. Худовандо халки мо давлати мо ва сарвари давлати моро дар панохи исмати худ нигах бидор ва душманони милати моро хору залил бигардон ОМИН!

ТОЧИК
ХУДОРО ШУКР КИ МАРДУМИ ТОЧИКА БА ХАЧ МЕРАСОНАД АЗ ХЕЧ КАС МИНАДОР НАШАВЕД ТО СОХИБИ ХОНА РИЗО НАБОШАД НА СУЛАЙМОН НА КАСИ ДИГАР САБАБ МЕШАВАД ТАНХО АЗ АЛОХ НАМОНЕД МАРДУМИ ШАРИФИ ТОЧИИК ДАР ХАКИ ДАВЛАТ ДАР ХАКИ МИЛЛАТ ДА ХАКИ САРВАРИ ДАВЛАТ ДУОГУ БОШЕД КИ МАКОНИ МЕРАФТАГИТОН ИЧОБАТИ ДУО МЕБОШАД.

ШУКРИ АЛЛОХ

Салому алайку ва рахматулло бародарон хачи соли гузашта дар сатхи болотарин буд аслан мардуми мо барои зиёрат не балки барои хуру хоб мераванд паёмбар мефармояд садакахои худро бо озор додани марду ва минат кардан ботил накунед магар холи афгонхоро онхо на хурду хурок доштан на чои хоби соз мо бояд шукрона кунем магар расули худо аз мака то мадин бо автобус мерафтан магар он замон кондисанер вучуд дошт онхо дар сахрои гарм истикомат мекарданд худо хамаи шуморо нигох дорад

косим
ТОЧИК, Бародар хеч кас хурдани намеравад,хама хач меравад, лекин дар хамон сум хурдану либосу хар гуна харочотхо медароянд, мусулмон бояд хакки худро сохиб бошад.НАгузорад то пулаш бехуда харч шавад.

Мусалмон бародари мусалмон аст, Баҷои танқид шукронаи Аллохро кунем, мусалмон мусалмонро мешиносад, кани Русия ё Амрикою, Европаро боре далел оред, ки мардуми одиро пешвоз гирифтаанд,
ХУДОРО ШУКР, КИ МОРО МУСАЛМОН ОФАРИД.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)