Бахшҳо

"Замони як ҳизби асосиву чанд ҳизби кисагӣ гузаштааст"

Вазорати адлияи Тоҷикистон ба Ҳизби наҳзати исломӣ – ҳизби умдаи мухолифи кишвар ва ягона ҳизби сиёсии динӣ дар Осиёи Марказӣ огаҳӣ дод, давоми даҳ рӯз ба фаъолияти ба гуфтаи ин ниҳод ғайриқонунии худ хотима бахшад. Ахиран, дар расонаҳои ҳукуматӣ хабару гузоришҳои ба истилоҳ “анти-коммунистӣ” шурӯъ шудааст. Бо назардошти ин “Озодагон” аз коршиносон суол кард: БА НАЗАРИ ШУМО ОЯНДАИ ТОҶИКИСТОН ЯККАҲИЗБӢ АСТ?


Рашид Ғанӣ АБДУЛЛО, сиёсатшинос

Кӣ медонад, ки чӣ мешавад? Ғайр аз ҲНИТ дигар ҳизбҳо низ ҳастанд, аз нуқтаи назари қонун яккаҳизбӣ намешавад. Шояд, ки Ҳизби коммунистии Тоҷикистон обрӯе, ки пештар дошт, ҳоло надошта бошад, вале арзи вуҷуд дорад.

Абдумалик ҚОДИРОВ, коршинос

На, фикр накунам ҳукумат роҳ ба сӯи яккаҳизбӣ гирифтааст. Аз лиҳози сиёсӣ яккаҳизбӣ ба нафъи ҳукумат нест: имиҷи кишвар дар арсаи ҷаҳонӣ коста хоҳад шуд, ки ин дар навбати худ, ба коҳиши сармоягузории хориҷӣ оварда мерасонад. Вале ҳадаф метавонад "бисёрҳизбии кисагӣ" бошад. Яъне, аҳзобе ки сиёсати мустақил доштанд, бояд аз арсаи сиёсат раванд ва ҷои онҳоро ҳизбҳои "киссагӣ" бигиранд. Каме баъдтар, шояд навбат ба ҳизби Раҳматилло Зоиров (Ҳизби сотсиал-демократӣ) расад ва пас аз он - ВАО-и мустақил. Дар ин давраи ниҳоят ҳассоси бӯҳрони иқтисодӣ, ки Тоҷикистон ба он ворид шудааст, ҳукумат ба хотири нигаҳ доштани субот (яъне қудрат) бояд аз рақибони фаъол ва неруманди худ "халос" шавад ва ин ҳама валвалаҳои зиддикоммумнистӣ ҷузъе аз ҳамин нақша мебошанд.

Абдуманнон ШЕРАЛИЕВ, таҳлилгар

На! Ояндаи Тоҷикистон ва ҳеч кишвари дигаре яккаҳизбӣ нест. Замони яккаҳизбӣ кайҳо гузаштааст ва баргаштан ба он ғайриимкон асту кушишаш беақлист. Ҳатто замони як ҳизби асосиву чанд ҳизби кисагӣ ҳам гузаштааст. Онҳое, ки дар ин орзу ҳастанд, хобашонро ба об гӯянд. Бо фишору таъқибу таҳдиду туҳмат ба ҳошия рондани як ҳизб ҳанӯз маънии онро надорад, ки ҳукумат пирӯз шудааст. Ба хусус, агар ин ҳизб мардумӣ бошад. Баръакс, ин дарак аз шикасти ҷуброннопазир медиҳад. Ман намефаҳмам барои чӣ ба ҳизби коммунист часпидаанд, чун ин кушишашон ба кушиши террори мӯйсафеди дар ҳоли марг мемонад, аммо дар саҳна будани ҲНИТ умри ҳукуматро тӯлонитар мекард, ки худашон нахостанд. Ва ҳатман рӯзе пушаймон хоҳанд шуд. Аммо ҲНИТ бурде кард, ки дар сурати машруъият доштанаш дар Тоҷикистон шояд дар даҳ соли дигар ҳам намекард.

Парвиз МУЛЛОҶОНОВ, коршиноси масоили сиёсӣ

Яккаҳизбӣ намешавад. Ҳизбҳое, ки онҳоро ҳизбҳои “кисагӣ” мегӯем, ҳамоно боқӣ мемонанд. Он ҳизбҳое, ки нисбатан ба ташкилотҳои мухолифин монандӣ доранд, барҳам мехуранд. 5-6 ҳизбе, ки аз ҷумлаи ҳизбҳои мухолиф нестанд, боқӣ мемонанд, дигарҳо барҳам мехуранд.

Саидҷаъфар ИСМОНОВ, раиси Ҳизби демократии Тоҷикистон

Аввал бояд фаҳмид, ки Вазорати адлия дар асоси чӣ ба Ҳизби наҳзати исломӣ огаҳӣ додааст ва дигар ин ки ин кори мақомоти қудратӣ аст, ки имунитети давлатро ҳифз кунад. Дар мо муд шудааст, ки агар камбуди касе гуфта шавад, ҳатман ӯ мегӯяд, ки ба ман фишор меоранд. Хуб, пас чӣ сохторҳои қудратии давлат кор накунанд? Давлати мо ҷомеаи ҳуқуқбунёди демократӣ аст ва демократияро бояд дар корҳои хуб истифода кард, на корҳои бад. Давлат ҳар коре мекунад, барои он асос дораду онро аввал асоснок мекунад. Ҳамаи мо медонем, ки пайравони ҷараёни Салафия қасди ташкили хилофатро доранд ва дар интихоботи парлумони соли равон дар ҳавзаи интихоботии ноҳияи Фархор якчанд салафӣ аз тарафи ҲНИТ номзадии худро барои вакилии маҳалллӣ пешниҳод карданд. Хуб, инҷо саволе ба миён меояд, ки миёни ҲНИТ-у ҷараёни Салафия чӣ умумият аст? Ин асосе аст, ки ман бо чашми худам дидаам. Дар ҳоле ки ҳама инро медонанд. Аммо хап мекунанд. Як тарафро мегӯянду тарафи дигарро намегӯянд. Дар Амрико ҳам ду ҳизб фаъолият дорад. Дар ҳоле ки онҳо аз мо хеле боақлтару дар соҳаи хоҷагии халқ ва имкониятҳои давлатдорӣ пешрафтатаранд. Демократия маънои онро надорад, ки дигар ҳар касе хост, дар “поворот”-е як ҳизб таъсис диҳад. Ҳизби коммунистии Тоҷикистон як ҳизби куҳнаи боқимонда аз даврони Шӯравӣ аст ва албатта дар ин ҳизб мо мебинем, ки бисёр шахсони солхурда вуҷуд дорад ва бояд гуфт, ин Ҳизби коммунист дигар асту он ҳизби коммунистии даврони Шӯравӣ дигар мебошад. Чун мо ҳоло дар дигар давлат зиндагӣ мекунему талаботи он дигар аст. Вале дар фаъолияти он ман шахсан ягон навъи камбуд надидаам.


Дар акс: Абдуманнон ШЕРАЛИЕВ
Мӯҳр
Бо суханхои чидди, аксе гузошта шудааст, ки фикр мекуни дар кадом театр ё барномаи лахзахои гувороро тамошо дорад, ягон акси чиддияш набуд магар...

Зафар
аз хамин гапзанишон малум ки кадомашон кисаги !!!!!

Ашук Колен Ёнг
Мухтарам Саидчаъфар Исмонов шумо бо эхтиром мегуфтед ки чаро махз ин икдоми Адлия дархоле сурат грифт ки ХНИТ мехост анчуман барпо кунад ман худам чавобашрохам медонам чавобаш ин ки ХНИТ демократияи вокеиро мехохад ва шумо пай бурдаед ки ин чои демократияи шуморо ки факат да конистутсия аст мегирад бахамин хоти ба хар бахона ба ХНИТ мушкил эчод мешавад Ва сабаби гароиши Мардум ба ХНИТ адолати ХНИТ аст. Медонам хакикат сахт мерасад барои хамин бахшиш мепурсам

шахрванд
Саидчаьфар гапхое мегуяд,ки кудакхо аз гуфтанаш шарм мекунанд.

Реатр
Саидчаъфар Исмонов Не парови хизби демократ дораду не хизби дигар, хаиин ки сохиби курси дар парлумону 5ооо сомони дар мох шуд, фикр мекунад ки тамом ба хадафаш расид. Холо мебини мисли Масъуд Собирову пешиниёне мешаваи ки кидат шуданд, албатта агар то он замон ягон кисагитаре пайдо шавад, ки лагандро болотар бардорад.

Зарипова
Суханони Алишер Зарипова таъсир кард,ки аксро ИВАЗ намудан

Иброхим
Махалгарои демократхои точик ба он оварда расонд, ки Саидҷаъфар ИСМОНОВ барин одам раиси хизби шуд....

Сайдчаьфар Исмонов -вокеан исбот сохт ки на сиёсатмадорасту на тахлилгар . Хар вакте тахлилхои ин шахсро мехонам хайрон мемонам ки наход сиёсатмадор унам боз демократ чунин дидгохои кудаконаву пуч дошта бошад.
Рост гуфтааст махбус ХДТ

Сайдчаьфар Исмонов -вокеан исбот сохт ки на сиёсатмадорасту на тахлилгар . Хар вакте тахлилхои ин шахсро мехонам хайрон мемонам ки наход сиёсатмадор унам боз демократ чунин дидгохои кудакона дошта бошад.
Рост гуфтааст махбус ХДТ

Исмонов худи шумо аз кадом паварот пайдо шудо як хизберо ки дорои тарихи хуб дорад сохиб шудед ?

.
Дар хакикат суханоне, ки Исмонов гуфтааст, лоики рохбари хизби сиеси нестанд. Ин гуна суханро ягон дехкони бесавод мегуфт, айб надошт.

Демократ
С. Исмонов бо ин суханаш собит сохт, ки ӯ воқеан демократ нест, балки демократнамову антидемократ аст.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)