Русский  >>  فارسی  >>  Якшанбе 28 май 2017, 08:05

Мавҷудаи 8-сола барои ҷарроҳии қалбаш кумак мехоҳад (АКС)

30 август 2016, 12:18

Фурқат Латифов, маъюби гуруҳи дуюм, ки қалби духтари ҳафтсолааш дар тарафи рост ҷойгир буда, аз нуқсони меъдачаҳои дил ранҷ мекашад, барои муолиҷаи ӯ аз ҳамаи афроди саховатпеша кумак мехоҳад. Оқои Латифов унвонии “Озодагон” номае ирсол кардааст, ки пешниҳоди хонанда мегардад:

“Ман, Латифов Фурқат Шарифович, маъюби дараҷаи 2 буда, пешаи аслиам омӯзгорист. Хадаф аз навиштани ин нома пеш ҳама сарнавишти имрӯзаи духтарчаам -- Латифова Мавҷуда мебошад, ки 28-феврали соли 2008 таваллуд шуда, имсол ҳаштсола мешавад.

Ростӣ, аз хурдсолӣ доимо ба бемориҳои гуногун мубтало буду то аввали соли равон ягон табиб бемории ӯро дуруст ташхис карда натавонист. Танҳо моҳи апрели соли равон, баъд аз гузаронидани тадқиқоти эхокардӣ дар шӯъбаи тадқиқоти функсионалии Маркази миллии тиббии ҷумҳурӣ аниқ шуд, ки дили Мавҷуда дар тарафи рост ҷойгир буда, нуқсон доштааст. Тибқи ташхиси мутахассисон бемориаш ин нуқсони муштараки меъдачаҳои дил мебошад, ки барои зинда монданаш хатари зиёд дорад. Яъне агар фавран ҷарроҳӣ нашавад, ҳар лаҳза имкони ӯро аз даст доданамон мавҷуд аст.

Банда омӯзгораму ҳамагӣ 330 сомонӣ нафақа мегирам. Чун модараш Латифова Анорҷон, бо далели ҳамеша паҳлӯи духтарам будан, дар ягон ҷой кор карда наметавонад, нафақаи ман на ба гузаронидани рӯзгор мерасаду на кӯмаке ба бародари донишҷӯяшу хоҳари бузургаш. Дар бораи табобати духтарчаам Мавҷуда бошад, ҳоҷати сухан ҳам нест. Гузашта аз ин, роҳҳои дури куҳистон имкон намедиҳанд, ки ҳар лаҳза ӯро назди табибон барем.

Мегӯянд, “то реша дар об ҳаст, умеди самар ҳаст”. Он чӣ боиси умедвориамон аст, ки ҷарроҳии ӯ имконпазир будааст, ҳарчанд бо нархи хеле гарон.

Ҳадаф аз навиштани ин нома шикоят карданам нест. Чун дигар шаҳрвандон ман низ шукргузори оромиву осоиштагӣ ва ободии диёр ҳастам. Вале вазъи мавҷудаи рӯзгор, рӯз ба рӯз вазнин шудани ҳолати духтарчаам, имкон намедиҳад, ки бетавофут бошам ва маҷбурам ба ҷойҳои дахлдор муроҷиат намоям. Зеро аллакай боақл шудаасту орзуҳои зиёде дар дил мепарварад. Чун медидем, ки нафарони саховатпеша доим дар чунин вазъиятҳо дастгири муҳтоҷонанд, ман низ бо ҳамин умед навиштам, ки шояд шахсоне пайдо шаванд, ки боиси солимӣ ва бардавом будани умри духтарчаам Мавҷуда гарданд.

Ба ҳама тансиҳатии комил орзумандам.
Бо эҳтиром, сокини деҳаи Вешаби ноҳияи Айнӣ, маъюби дараҷаи 2”.

ТЕЛЕФОН БАРОИ НАФАРОНЕ, КИ МЕХОҲАНД БА ИН ХОНАВОДА КУМАК РАСОНАНД: 98 816 48 40, 556 557 158


Мавҷудаи 8-сола барои ҷарроҳии қалбаш кумак мехоҳад (АКС)

Мавҷудаи 8-сола барои ҷарроҳии қалбаш кумак мехоҳад (АКС)


Мавҷудаи 8-сола барои ҷарроҳии қалбаш кумак мехоҳад (АКС)

Мавҷудаи 8-сола барои ҷарроҳии қалбаш кумак мехоҳад (АКС)


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • муҳочир

  • 3 сентябр 2015 11:57
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
ИН ХУДОВАНДО ИН ХОҲАРИ ЗЕБОЯКИ МОРО ШИФОИ ОЧИЛУ КОМИЛ НАСИБ КУНАД ҲАСТАНД ЧАВОНОНИ БОГАЙРАТИ МО КИ ДУХТАРАКИ ЗЕБОРО ДАСТГИРИ КУНАНД ИН БЕҲТАРИН ҲАЙР ВА САДАКА ДАР НАЗДИ АЛЛОҲ АСТ
Посух додан
  • Гуломов

  • 3 сентябр 2015 15:28
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Илохо хохарчонам Мавчуда сихат шави ва ба орзухоят бираси (омин), сад афсус, ки дасти расо надорам вагарна хатман худам табобати пураашро ба зимма мегирифтам.
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Касе тавонад, ба хоричихо хам барои кумак мурочиатномахо равон кунад. Шояд духтуроне пайдо шаванд, ки аз барои хайр ин гуна чаррохиро анчом диханд. Худо шифо бахшад Мавчудаи ширинро.
Посух додан
  • Benom

  • 4 сентябр 2015 10:30
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Ин ҳоҷиёни мо, ки бо ин қадар дабдабаву ҳашамат ба ҳаҷ мераванду меоянд чӣ мешуда бошад, ки ба ҳамин гуна дармондагон ёрӣ расонанд? Ҳаҷ рафтани аксари онҳо барои худнамоӣ ва престиж аст!
Посух додан
  • курбон

  • 4 сентябр 2015 10:37
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
муҳочир,
мард он аст, ки ба чунин касон кумак мекунад
Посух додан
  • Bond

  • 4 сентябр 2015 17:00
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Baroi jarrohi chi kadar mablagh darkor ast?
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Озодагон пешниходе дорам ман мехостам Шумо бо ягон тарик рохеро пайдо кунед, ки тамоми Точикистониён ба чунин беморон (хохараки дуструякам) кумак расонида битавонанд хох 1-сомон бошад хох 100-сомон ин метавонад раками мобили бошад ягон депозит дар бонк боз кунанду ракамашро дар сайти Шумо эълон намоянд ба чунин тарз хамаи мо метавонем ёрии худро расонем агар 1-миллион ахоли точикистон 1-сомони дихад 1 миллион сомони мешавад агар 2-сомони дихад хочат ба фахмондан нест илимос рохашро ёбед, мо барои кумак таёрем факат ракамро эълон кунед ки мо ба вай камам бошад пул ворид созем худованд туро дар панохаш нигахбон бошад хохараки дуструякам
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Худованд барои шумо шифои комил диҳад духтарҷони ширин. Банда дар муҳоҷирати меҳнати дар русия ҳастам, аз шумо хоҳиш мекунем ки ба мо фаҳмонед ки чихел кӯмак кунем? Маблағро ба номи Кӣ равон кардан даркор?
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Чандсум пул даркор аст барои чарохии духтарча??
Посух додан
  • Точик

  • 31 август 2016 08:27
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
То хач рафта чайби шайхони фосики арабро пур кардан ба ин кудак кумак мекардед магар хубтар набуд????
Посух додан
  • Точик

  • 31 август 2016 08:28
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Аз Пешвои миллат хохиш дорам, ки то дар Точикистон чунин шахсони дармонда вучуд доранд, рафтани хачро манъ намояд. То хач рафтан ба чунин беморон кумак кунед, худо хозорхо маротиба ба шумо сабоби бештар аз хачро медихад
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Илоҳо ба хоҳари мо шифои комилу оҷил насиб гардон. Парвардигор мефармояд касе нафареро кушад монанде ки тамоми мардумро куштааст ва касе шахсеро зинда кунад яъне дар зинда монданаш саҳм гузорад монанде, ки тамоми мардумро зинда кардааст. Ва ба ном тоҷику ва каси дигар беном ки та,лиқ навистааст инҷо ҷои та,назани бо ҳоҷиён нест хуб мешуд ба шумо насиҳат нависам аммо озодагон чоп намекунад.

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ-16;

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60;

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!