Бахшҳо

Раддияи Вазорати мудофиа ва муҳлат барои таслим шудани “Ҳоҷӣ Ҳалим”

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон хабари кушта шудани низомиёни ин ниҳод аз сӯи гуруҳи “Ҳоҷӣ Ҳалим”-ро рад кард.

Фаридун Маҳмадалиев, сухангӯи вазорат шанбеи 5 сентябр ба “Озодагон” гуфт, хабари бархе расонаҳои русӣ дар мавриди кушта шудани сарбозони Вазорати дифоъ сиҳат надорад. Қаблан, чанде аз ВАО-и Русия навиштанд, собиқ муовини вазири дифоъ афродеро, ки аз пайвастан ба гуруҳи ҷиноии ӯ саркашӣ кардаанд, куштааст.

Аммо оқои Маҳмадалиев мегӯяд, ҳеч корманди вазорат кушта нашудааст. Ӯ инчунин афзуд, ин ниҳод дар амалиёт барои боздошти “Ҳоҷӣ Ҳалим” ва ҳамаслаконаш иштирок надорад.

Рӯзи гузашта Вазорати умури дохилӣ ҳамлаҳои мусаллаҳона ба ШКД-и Ваҳдат ва гардиши фурудгоҳи Душанберо кори “дастаи террористӣ”-и "Ҳоҷӣ Ҳалим" хонда гуфт, собиқ муовини вазир ва чанде ҳамроҳонаш ба Ромит, 40 километрии Душанбе паноҳ бурдаанд.

Ба иттилои расида, мақомот аз собиқ муовини вазири дифоъ хостаанд, бидуни хунрезӣ таслим шавад.
Мӯҳр
Дилдода
ИНШОЛЛОХ ЧИНОЯТКОРОНРО ДАСТГИР МЕНАМОЯД .ХУКУМАТ ХУКУМАТИ СОЛИ 1991НЕСТ.

озод
барои чи ин генерал чунин кард У чи мехохад.таачуб мекунем .

Калтус
Какой таслим? Их надо уничтожить.

Абдуллочон
Хиёнаткори Ватану миллат несту нобуд карда шавад. Он фиикри баде, ки дар асаби шахс як бор ташаккул ёфт, бори дуввуму дахум хам такрор меёбад. Ин аст исботи гуфтахои боло.

Тоҷик
Воқеан дилдодаи шоеаҳо будаӣ. Пеш аз ин ки чизе маълум шавад ҳукм мебарорӣ. Аввал мафҳуми чинояткорро фаҳм баъд гап зан.

саткаи нону намаки хамин сарзамини бихиштосо кунад хаминхел номардохоро...

Мардуми Кулоб кирдори ташкилкунандагони ин чиноятро махкум мекунанд. Собик муовини вазири мудофиа Назарзода Абдухалил ба Ватан, миллат ва давлати худ хиёнат кард ва сазовори чазои сахттарини Конун аст. Ин кабил ашхос солхои чанги шахрванди барои худ «кресло» талаб карданд ва баъди ин кадар сол аз нишастан дар «кресло»-хои худ безор шуданд ва боз хамон нооромихоро ба сари миллати точик оварданиянд.

Чунин хиёнаткоронро давлату миллат асло бояд набахшанд инхо душмани давлату милат мебошанд хиёнаткор...

додарбек
Генерал бояд зинда гирифта шавад ва ба мардуми точик аз ТВ-зон гуяд чаро ба ин кор даст зад. Баъд халк чазояшро эълон кунад, то ба дигарон ибрат шавад

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)