Бахшҳо

АКС: Аз боздошти “ҶИП”-ҳою 32 шарики “Ҳоҷӣ Ҳалим” то таслими бародар ва муҳосирааш дар Ромит

Вазорати умури дохилии Тоҷикистон мегӯяд, дар пайи амалиёти муштараки мақомот то ҳол 32 узви гуруҳи генерали фирорӣ Абдуҳалим Назарзода боздошт гардида, 13 нафари дигар безарар гардонида шуданд.

Ин ниҳод бо пахши як иттилоия хабари кушта шудани 33 корманди ВКД ва Вазорати мудофиаро рад намуда, таъкид кардааст, дар баробари боздошти 32 нафар ва нобудсозии 13 узви гуруҳи Назарзода, аз онҳо зиёда аз 500 яроқу аслиҳаи ҷангӣ мусодира шуд: “Инчунин якчанд махфигоҳи яроқу аслиҳа ва автомашинаҳои "ҶИП" ва "Седан" дарёфт карда шуд”.

Вазорати умури дохилӣ таъкид мекунад, худи Абдуҳалим Назарзода, маъруф ба "Ҳоҷӣ Ҳалим" ҳамроҳи 7-8 ҳаммаслакаш дуртар аз шаҳри Душанбе ба масофаи 150 километр дар дараи Ромит пинҳон гаштааст: “Гирду атрофи ин минтақа пурра ба иҳота гирифта шуда, амалиётҳо барои дастгир ва безарар гардонидани онҳо идома дорад”.

Ин ниҳод меафзояд, бародари Назарзода - Назаров Мирзоҳаёт Мирзоевич соли таваллудаш 1972, ихтиёран аз гуруҳ ҷудо шуда, ба мақомот таслим шудааст: “Тафтишоти парвандаи ҷиноятӣ идома дорад”.

ВКД мегӯяд, дар ин амалиётҳо 9 корманди мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ба ҳалокат расида, 6 нафар ҷароҳати сабуки ҷисмонӣ бардоштаанд: “Феълан вазъият дар ҷумҳурӣ тинҷу ором буда, таҳти назорати қатъии мақомотҳои қудратии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад”.


Аксҳо аз навори оперативии ВКД:

АКС: Аз боздошти “ҶИП”-ҳою 32 шарики “Ҳоҷӣ Ҳалим” то таслими бародар ва муҳосирааш дар Ромит

АКС: Аз боздошти “ҶИП”-ҳою 32 шарики “Ҳоҷӣ Ҳалим” то таслими бародар ва муҳосирааш дар Ромит

АКС: Аз боздошти “ҶИП”-ҳою 32 шарики “Ҳоҷӣ Ҳалим” то таслими бародар ва муҳосирааш дар Ромит

АКС: Аз боздошти “ҶИП”-ҳою 32 шарики “Ҳоҷӣ Ҳалим” то таслими бародар ва муҳосирааш дар Ромит

АКС: Аз боздошти “ҶИП”-ҳою 32 шарики “Ҳоҷӣ Ҳалим” то таслими бародар ва муҳосирааш дар Ромит

АКС: Аз боздошти “ҶИП”-ҳою 32 шарики “Ҳоҷӣ Ҳалим” то таслими бародар ва муҳосирааш дар Ромит
Мӯҳр
Суруш
Хамин Назаров Мирзохаёт кандаша занад, кори худаша дар гарданаш гирифтаст. Хамин куштору вахшоният умуман даркор набуд.

Хуррам
Ахсан ба мардонагии кормандони милитсия. Киноматаграфияи точик аз тарчумаи филми хомиён ё Водии гургони туркида дар бораи ин родмардон филм офаред.

Муслима
Агар by даста хамла намекард хеч як макомот дарак намеёфт ки бар зидди давлат гурухе ташкил шудааст. Ана ин хулосабардори ба кору фаъолияти кормандони милиса ва амният. нишастани 8 соатт дар утоки кори ва ба хона дигар ваколату вазифа нест.

Сафар
барои мо мардуми точик тинчиву ороми неъмати бебахост ва ба кадри он бояд расид.

инхо бояд барои давлат хизмат кунанд, на он ки зидди сулху салох барояд. Хар нафаре, ки мукобили давлат мебарояд зуд чазояшро мегирад.

Точикам
Худоё Точикистонро аз онки монанди Сурияву Ирок гардад нигахдор, агар тенчу ором нашинед танхо мардуми камбагалу бечора озор меёбанд, аз тенчиву оромй дар дунё неъмати бузургтар нест, бинед ки мардуми афгону суриву ироки чи хол доранд хохишмандам дуъо кунед ки Худо Точику Точикистонро дар хифзи худ нигахдорад.

Шахром
Ман аз бе кадрии хори сари девор донистам,
Ки нокас кас намегардад аз ин боло париданхо.
Бубинед инсоне, ки ба дарача рутбаи баланд расидаву ин кадар хурмату эхтиром дошт, билохира худро шармандаи дунё кард.

Навруз
Дар Точикистон чунин гурухчахо тез ошкор ва безарар гардонида мешавад. Макомотхои кудрати, бахусус ВКД бисёр бакувват аст ва тачрибаи бои чанги доранд. Родмардони ин макомот дар рохи тинчию ороми чон нисор мекунанд ва чинояткоронро нест мекунанд, маълум аст, ки ба савгандашон содик хастанд. Номи онхое, ки барои тинчию ороми халок гардидаанд хамеша дар дилу дидаи мардум бо неки мемонад, аммо номи хоинони Ватан чун инсонхои ватанфуруш доимо бояд такрор ба такрор талаффуз шавад, то ки мисли онхо дигар дар чомеа пайдо нашавад.

Дар Точикистон чунин гурухчахо тез ошкор ва безарар гардонида мешавад. Макомотхои кудрати, бахусус ВКД бисёр бакувват аст ва тачрибаи бои чанги доранд. Родмардони ин макомот дар рохи тинчию ороми чон нисор мекунанд ва чинояткоронро нест мекунанд, маълум аст, ки ба савгандашон содик хастанд. Номи онхое, ки барои тинчию ороми халок гардидаанд хамеша дар дилу дидаи мардум бо неки мемонад, аммо номи хоинони Ватан чун инсонхои ватанфуруш доимо бояд такрор ба такрор талаффуз шавад, то ки мисли онхо дигар дар чомеа пайдо нашавад.

Шамшод
ИН ЧИ ГАП ХАСТ ХАМА МАНСАБДОРОНИ СОХАИ КУДРАТИ ДАСТ БА ХИЕНАТИ ВАТАН МЕЗАНАНД.МИСЛИ ГУЛМУРОД ХАЛИМОВ.

усто
Хайрият ягон игвогар инчоба игво накардос ку! Хаматонба рахмат, ки барои миллату давлат дуо мекунед. Хоин чи дар ин дунё ва чи дар он дунё гунахгор аст ва хеч вакт ба максадаш намерасад. Бо ина генерал додиян! Гуфти русхо сколка волка не корми всё равно в лес смотрит!

Я вообще то не уверен, что мой коммент напечатают, но тем не менее изложу свое видение сложившейся ситуации в стране, которая мне не без различна. В данном случае, в первую очередь особые претензии должны быть к правоохранительным органам (МВД,ГКНБ), непосредственно несущие ответственность за произошедшее. Посудите сами, данные органы призваны обеспечить внутреннюю и внешную безопасность страны, но к сожалению они не всегда оказываются не то что на высоте, а реально ниже предполагаемого уровня. Как могло такое произойти, где были сотрудники указанных ведомств, чем они занимались если не отслеживанием обстановки на порученных участках. Ответ очень прост вместо преданных и профессионально подготовленных сотрудников, по различным причинам уволившихся с органов, пришли непонятно кто и преследующий какие цели, которые занимаются исключительно личным обогащением, но только не службой на благо отечества. Отсюда и такие большие проколы, которые могут стоит дорогого.

Масъуд
Фахмида намешавад ин Хочи Халим чи мехост аввал кушт баъд таслим шуд ?

Заврони
Гургзода окибат гург шавад, гар чи бо одами бузург шавад,

Генерал Халим! хочиён хама вакт дар фикри хайр хастанд, шумо бошед дар фикри бори дигар Точикистонро ба нооромӣ кашидану, хазорхо хуни нохак рехтан.

Хамватанони азиз, агар шумо ватандусти хакикӣ бошед, барои оромии кишвари худ ба Хукуматдорон ёри расонда, дастачамъона чунин маразхоро аз чамъият решакан намоед!


нест бод хоинони миллати точик...

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)