Дар шаҳри Маскави Федератсияи Русия мусобиқаи байналмилалӣ оид ба Ҷиу-ҷитсӣ баргузор гардид.
Тавре аз кумитаи миллии олимпӣ ба «Озодагон» иттилоъ доданд, дар миёни варзишгарони кишварҳои Арманистон, Қирғизистон, Қазоқистон, Озарбойҷон, Русия, ҷумҳуриҳои Доғистон ва Чеченистон 5 варзишгари тоҷик аз клуби варзишии «Динамит» таҳти роҳбарии Аҳтам Хокироев, президенти Лигаи самбои муҳорибавӣ ва муҳорибаҳои омехта, ҳунарнамоӣ карданд. Дар вазни 70 кило намояндаи ҷумҳурии Тоҷикистон Шоҳин Сафаров барандаи медали нуқра гардид. Ӯ дар даври аввал бо варзишгари Арманистон, дар даври дуюм бо варзишгари Чеченистон ва дар муҳорибаи нимниҳоӣ бо варзишгари Қирғизистон қувваозмоӣ намуда, дастболо гардид. Дар қувваозмоии ниҳоӣ бошад, бо варзишгари рус ба майдон баромада, бо натиҷаи камтарини холҳо шикаст хӯрд. Инчунин, Зуҳар Нурмуҳаммадов дар вазни 85 кило барандаи медали нуқра гардид. Рустам Акбаров дар вазни 75 кило зинаи савумро касб мекунад. Файзӣ Тобатов бошад, дар вазни 90 кило беҳтарин партофтҳоро нишон дода, ба даври ниҳоӣ роҳхат гирифтааст.
Баъд аз анҷоми мусобиқа бо даъвати ноиби президенти самбои муҳорибавии Русия Михаил Смирнов тими Тоҷикистон баҳри ширкат дар марҳилаи ҷоми шарқу ғарбӣ оид ба самбои мухорибавӣ озими шаҳри Санкт- Петербург мешавад. Мусобиқаи навбатӣ таърихи 20-уми окятбр баргузор мегардад. Дар ин бора ба хабаргузории «Озодагон» президенти Лигаи самбои муҳорибавӣ ва муҳорибаҳои омехта Аҳтам Хокироев иттилоъ дод.{jathumbnail off}
Мӯҳр