Бахшҳо
08 сен 2015 15:38Тоҷикистон / Иқтисодӣ

Заминсоз дар гирифтани 9 ҳазор доллар пора муттаҳам мешавад

Мақомоти ҳифзи ҳуқуқи вилояти Суғд аз боздошти як корманди бахши заминсозии ҷамоати деҳоти шаҳраки ноҳияи Исфара хабар дод, ки дар гирифтани 9 ҳазор доллар пора муттаҳам мешавад.

Аз ин ниҳод ба хабаргузории “Озодагон” иттилоъ доданд, ки кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ 7 сентябри соли равон аснои як чорабинии фаврӣ-ҷустуҷўӣ Ю.Р., соли таваллудаш 1969, сокини ҷамоати деҳоти шаҳраки ноҳияи Исфара ва корманди заминсози ҳамин ҷамоатро боздошт намудаанд: “Номбурда бо сӯйиистифода аз воколатҳои мансабии худ аз шаҳрванд А.Б., соли таваллудаш 1992 барои ба масоҳати 0,5 гектар ҷудо карда додани қитъаи замини наздиҳавлигӣ дар ҳудуди фермаи ҷамоти деҳоти шаҳраки ноҳияи Исфара маблағи пулӣ дар ҳаҷми 9 ҳазор доллари амрикоӣ ҳамучн пора талаб кардааст”.

Манбаъ мегӯяд, худи ҳамон рӯз, тахминан соати 16:00 кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар пайи гузаронидани як амалиёт дар ҳудуди ноҳияи Исфара шаҳрванд Ю.Р.-ро ҳангоми гирифтани маблағи пулӣ дар ҳаҷми 9 ҳазор доллар дастгир намудаанд: “Далели шайъӣ гирифта шуда, оид ба ин ҳодиса бо моддаи 319, қ.1 “гирифтани пора”, парвандаи ҷиноӣ боз гаштааст ва тафтишот идома дорад”.
Мӯҳр
Пиёда
Ростима нав фахмидум ки точикистон заводи замин сози дора озодагон меги 6 сотик замин загаз кнем айб аст бояд ин ном алиш кардашавад наход заминхам сохта шавад .

amin
Ин хам нахзати набошанд?

Ин хам нахзати набоша?

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)