Бахшҳо

Мансаби нави Эллиотт баъди сафирӣ: Тоҷикистонро пазмон хоҳам шуд

Сюзан Эллиотт, ки тайи се соли ахир дар Тоҷикистон ба ҳайси сафири Амрико фаъолият дорад, дар мақомоти низомии кишвараш мансаби нав гирифтааст.

Хонум Эллиот субҳи имрӯз, 11 сентябр дар сафҳаи фейсбукаш навишт дар “EUCOM” ё фармондеҳии марказии Амрико дар Аврупо мақом гирифтааст. Ба навиштаи ӯ, дар "EUCOM", мақараш дар Штутгарти Олмон ба ҳайси муовини фармондеҳ-мушовир дар масоили мулкию сиёсӣ кор хоҳад кард.

Сюзан Эллиотт таъкид намудааст, муҳлати сафириаш дар ҳоли анҷомёбист ва таъиноти навро як имтиҳон барои худ хондааст. Ӯ гуфтааст, се соли сафирияш хеле зуд гузаштаанд. Сафир изҳор доштааст, ки моҳи октябр Душанберо тарк хоҳад кард ва илова намудааст, ки Тоҷикистонро пазмон хоҳад шуд.

Эллиотт аз моҳи октбяри соли 2012 то ҳол ба ҳайси сафирии ИМА дар шаҳри Душанбе фаъолият дорад. Ахиран Барак Обама, раиси ҷумҳурии Иёлоти муттаҳидаи Амрико Элизабет Миллардро ҳамчун номзад ба мақоми сафирии ИМА дар Тоҷикистон пешниҳод кард. Хонум Миллард аз соли 2013 ба ин сӯ, ба ҳайси муовини котиби иҷроияи Депардаменти давлатии ИМА кор мекунад ва дар гузашта дар сафоратхонаҳои кишвараш дар Қазоқистон, Непал, Ҳиндустон ва Мағриб фаъолият кардааст.

Муносибатҳои дипломатӣ миёни Тоҷикистон ва ИМА 14 феврали 1992 барқарор гардида, моҳи марти ҳамон сол сафорати ин кишвар дар Тоҷикистон (бо иқоматгоҳ дар Қазоқистон) кушода шуд ва сафорати Тоҷикистон дар Вашингтон аз соли 2002 ба ин сӯ, фаъолият менамояд.
Мӯҳр
сафир
Ахамият доден, ИМА аз соли 2005 пас аз сафорати Хоугланд, ба Точикистон факат занонро ба сафири мефиристад? Ин ягон маъни ва сиесатро дар худ надорад?

Дилшод
сафир,
Занхои Амрико аз 1000-мардхои мо часуртар ва донотар мебошанд. Бародари мехрубон бо занхои амрикои ягон бор мулокот накарди намедони онхо чи хел одамонанд. Яке аз он занхо Хиллари Клинтон дар интихоботи оянда агар Президенти ИМА мебинем.

сафир,
Дӯсти азиз, ту беҳтараш ба дигар тарафи масъала таваҷҷӯҳ бикун.ин хонумро ҳамагӣ пас аз се сол барои дигар маъмурият мефиристан, ба Франкфурти Олмон. Роҳбаронаш ҳаминро лозим шумурдаанд. Механизми ВКХ (Гос. Департамент)и ИМА ба монанди соат кор мекунад. Сафир зан ё мард аст, аҳамияте надорад. Зеро кори сафоратро кормандони сафорат пеш мебаранд, ҳатто дар набудани сафир ҳам. Дар муқоиса сафирони ҶТ дар як мамлакат 5 солу 7 сол ( ҳатто зиёд) дар вазифа мебошанд. Барои аксарашон ин вазифа ахирон зинаи хизмати давлатӣ аст. Албатта, на барои ҳама! Ин вобаста ба пушту паноҳ аст. Сафирҳои тоҷик пас аз аҷоми маъмурият дар куча монда, худашон дар ҷустуҷӯи коранд. Ва боз як чизи дигар: агар банда хато накунам, мо то ҳол аз ҷинси латиф ягон сафир надорем.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)