Бахшҳо

(ВИДЕО) Шокирҷон Ҳакимов: Пешрафти давлат аз рушди ҷомеаи шаҳрвандӣ вобаста аст

Меҳмони “Баҳси бештар”-и Озодагон Шокирҷон Ҳакимов, ҳуқуқшинос ва муовини раиси ҲСДТ


ҶОМЕАИ ШАҲРВАНДӢ НУҚТАИ НИҲОИИ ДАВЛАТИ ДЕМОКРАТӢ МЕБОШАД


Озодагон: Чаро дар ҷомеаҳои демократӣ ба ҷомеаи маданӣ ё шаҳрвандӣ зиёд таваҷҷуҳ мешавад ва будани онро лозим медонанд? Мафҳуми ҷомеаи шаҳрвандӣ чӣ аст?

Шокирҷон Ҳакимов: Дар давлатҳое, ки иқтидори иқтисодии муваффақ доранд ва низомии сиёсии мукаммалу ҳисоботдиҳанда ба назар мерасад, ҷомеаи шаҳрвандӣ эҳсоc мешавад. Ин аз баланд будани фаросати сиёсӣ, муташакилии ҷомеаи шаҳрвандӣ ва аз ҳама муҳим будани иродаи сиёсӣ ва заминаҳои ҳуқуқии мусоид барои густариши ҷомеаи шаҳрвандӣ ва фаъол будани онҳо низ гувоҳӣ медиҳад. Бинобар ин, бо дарки масъулият дар низомҳои демократӣ ба ҷомеаи шаҳрвандӣ мутаваҷҷеҳ мешаванд ва ташаббусҳои онҳоро дастгирӣ мекунанд. Ҷиҳати мусбати мавзӯъ дар он аст, ки манбаи даромади созмонҳои ғайриҳукуматӣ аз давлат нест ва кормандонашон низ аз давлат вобаста нестанд, лекин дар назди қонун баробар ҳастанд. Ҳамзамон дар баробари ниҳодҳои расмии давлатӣ, ба монанди мақомоти додгоҳӣ ё иҷроия назорати мардумиро аз болои риояи қонуният, иҷрои он ва инчунин баъзе ҳолатҳое, ки шояд ҳокимият камтар ба он таваҷҷӯҳ кунад, ҳамчун ҳамкори иҷтимоӣ баҳри самарабахш будани дастури санадҳо талош мекунанд. Аз ин рӯ, ҷомеаи шаҳрвандӣ муҳимтарин воситаи ташаккули афкори ҷамъиятӣ буда, омили муҳими рушди устувории давлат ҳамчун пул миёни давлату ҷомеа хизмат мекунад. Дар давлатҳои дигар чун усули таҷзияи ҳокимияти давлатӣ эътироф шудааст, адолати додгоҳӣ вуҷуд дорад ва волоияти қонун аст, вале бо вуҷуди ин ниҳодҳои мухталифи ҷомеаи шаҳрвандӣ ба монанди иттифоқҳои касаба, созмонҳои ҷавонон, созмонҳои тахассусӣ ва дигар ташкилотҳо кӯшиш мекунанд, ки дар ҳамкорӣ ё мустақиман бахши муайяни давлатдориро баррасӣ кунанд ва дар ҳалли онҳо мусоидат кунанд. Ҳамзамон бояд зикр намуд, ки дар муқоиса бо дигар кишварҳои пасошӯравӣ, ки иқтидори иқтисодияшон имконият медиҳад, дар асоси озмун барои амалӣ намудани барномаҳои давлатӣ иштирок мекунанд ва ин зарфияти ҷомеаи шаҳрвандиро низ устувортар мекунад. Дар мавриди мафҳуми ҷомеаи шаҳрвандӣ дар илми сиёсатшиносӣ ё ҳуқуқи инсонӣ таърифҳои зиёд вуҷуд доранд ва нуқта мондан мушкил аст. Вобаста ба марҳилаҳои мухталифи ҳаёти иҷтимоӣ, фарҳангӣ, сиёсӣ ва иқтисодӣ мафҳуми ҷомеаи шаҳрвандӣ иваз мешавад, аммо усул дар он аст, ки дар ҷомеаи шаҳрвандӣ ва мафҳуми он ду мавзӯъ аст: 1) ҷомеа, яъне ҷамъият, 2) шаҳрванд. Шаҳрванд робитаи сиёсӣ ва ҳуқуқии шахсро бо давлат мушаххас, муайян ва муқаррар мекунад. Ҷомеа ниҳоде мебошад, ки пеш аз ҳама дар он шаҳрванд, шаҳрванди хориҷӣ, яъне шахс аст. Баъд аз он созмонҳои хориҷӣ, аҳзоби сиёсӣ, ҳаракатҳо ва ҷунбишҳо ва иттифоқҳои касаба шомил мешаванд. Дар ин рӯихат давлат аз ҳама охир аст. Яъне, давлат барои шаҳрванд бояд хизмат кунад ва аз ин хотир аз нуқтаи назари ҷомеаи шаҳрвандӣ кишваре, ки дар он усули таҷзияи ҳокимияти давлатӣ вуҷуд дорад ва ҳуқуқи озодиҳои инсон риоя мешаванд, конститутсия амал мекунад.



Озодагон: Хуб, аз ин таърифу тавзеҳе, ки шумо аз ҷомеаи шаҳрвандӣ додед, ба ҷомеаи шаҳрвандии Тоҷикистон нигоҳ мекунем. Аз назари шумо ҷомеаи шаҳрвандии Тоҷикистон дар чӣ ҳол аст?

Шокирҷон Ҳакимов: Дар Тоҷикистон ва аксарияти кишварҳои пасошӯравӣ аломатҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ вуҷуд дорад. Чун дар низоми Шӯравӣ як ҳизби сиёсӣ доштем ҳоло 8 ҳизби сиёсӣ аст, иттифоқҳои касаба вуҷуд дорад. Фақат номи онро тағйир доданд ва ҳоло “Иттифоқҳои касабаи мустақил” ном дорад. Пеш агар комсомол буд, имрӯз созмонҳое, ки бо ташаббуси шаҳрвандони аз 14 то 30 сола таъсис шуда кӯшиш мекунанд, ки масъалаҳои мухталифи ҷавононро ҳал кунанд, тибқи маълумоти Вазорати адлия тақрибан 100-то ҳастанд. Ҳамин тавр, созмонҳои касбӣ, ба монанди Анҷумани ҳуқуқшиносҳо ё Иттиҳодияҳои духтурон вобаста ба соҳаҳои мухталиф ва ғайра низ вуҷуд доранд. Дар маҷмӯъ дар Тоҷикистон ҳудуди 4 ҳазор созмони ғайриҳукуматӣ низ ҳаст. Ин дар бораи будани аломатҳо гувоҳӣ медиҳад. Аммо, то имрӯз воқеан созмонҳои ҷамъиятӣ муташаккил нашудаанд. Рисолат ва таъйиноти иҷтимоии худро дар таҳкими ниҳодҳои демократӣ анҷом надодаанд. Ҳамчун созмонҳое, ки назорати мардумиро аз болои давлат дошта бошанд, вуҷуд надоранд. Аз ин нуқтаи назар, новобаста аз он, ки дар Конститутсия меъёрҳои марбута ва дар қонунҳои мушаххас, аз ҷумла Кодекси граждании Тоҷикистон, қонун дар бораи иттиҳодияи ҷамъиятӣ, Қонун дар бораи фаолияти созмонҳои ғайритиҷоратӣ, фондҳо ва ғайра вуҷуд доранд. Онҳо ваколату салоҳияти созмонҳои ҷамъиятиро ҳамчун ниҳодҳои муҳими ҷомеаи шаҳрвандӣ танзим мекунанд, аммо имрӯз гуфтан мумкин нест, ки онҳо муваффақ ҳастанд ва фаъолияташон назаррас аст. Масалан, бо вуҷуди он, ки тақрибан 4 ҳазор созмонҳои ғайриҳукуматӣ, ки шаклҳои ташкиливу ҳуқуқии гуногун доранд ва дар Вазорати адлия бо талаботи муқарраргардида сабт шудаанд аксарияташон аз ҳисоби грант кор карданд. Вале, мутаассифона аксарияти онҳо зимни амалӣ намудани барнома ё лоиҳаҳои мушаххас натавонистанд, ки афкори мусбати ҷамъиятиро ба вуҷуд биоваранд ва мустақилияти худро таъмин кунанд. Бинобар ин, то ҳол аз нуқтаи назари молиёт онҳо аз омилҳои берунӣ вобаста ҳастанд. Дуввум ин ки иқтидори иқтисодии Тоҷикистон камтар аст. Фасоди молӣ, хешутаборӣ, маҳалгароӣ, тафаккури музофотӣ ва дигар омилҳову падидаҳои номатлуб раванди ташакули ҷомеаи шаҳрвандиро халалдор менамоянд. Дар баъзе мавридҳо бо вуҷуди он, ки ҳукумат ва раёсати Тоҷикистон барои дастгирии ташаббусҳои мушаххасаи созмонҳои ғайриҳукуматӣ барномаҳо пешниҳод мекунанд, онҳо боз ҳам бо ҳар восита дастраси сохторҳои марбутаи мақомоти иҷроияи ҳокимити давлтӣ мешаванд, ки дар натиҷа ба ҳадаф намерасанд ва стратегияе, ки қаблан эълон мешавад, самаранок нест. Аз ин хотир гуфтан мумкин аст, то замоне, ки иқтидори иқтисодии Тоҷикистон устувор нашавад, имконияти дастгирии барномаҳои мушаххас ё лоиҳаҳои мухталифи ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ аз ҷониби давлат гумон аст. Вале, ҳамзамон боиси таассуф аст, ки бо истифода аз таҷрибаи кишварҳои худкома давлат кӯшиш дорад, ки ҳадди назоратро аз болои фаолияти созмонҳои иҷтимоӣ аз ҳад гузаронад. Ҳамин гуна омилҳои обективӣ ва субективӣ вуҷуд доранд, ки раванди ташаккули ҷомеаи шаҳрвандиро халалдор мекунанд, ки ба манфиати давлатдорӣ нест.

ДАР ДАВЛАТҲОИ ДЕМОКРАТӢ ҲУКУМАТ АЗ ИТТИФОҚҲОИ КАСАБА МЕҲАРОСАД

Озодагон: Бештар ба заиф будани ҷомеаи шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон ишора кардед ва чанд омили онро ҳам баршумурдед. Аммо аз назари Шумо Тоҷикистон барои нерӯманд шудани ҷомеаи шаҳрвандӣ моил аст?

(ВИДЕО) Шокирҷон Ҳакимов: Пешрафти давлат аз рушди ҷомеаи шаҳрвандӣ вобаста астШокирҷон Ҳакимов: Саволи хеле мубрам аст. Бояд таъкид кард, ки ҷомеаи шаҳрвандӣ нуқтаи ниҳоии давлати демократӣ мебошад. Ҳоло Тоҷикистонро давлати демократии мукаммал гуфтан мумкин нест. Давраи гузариш ба дарозо кашид. Аломатҳои усули худкома дар тарзи идораи давлат мушоҳида мешавад. Ҳамзамон бояд зикр кард, ки худи демократия раванд аст ва муваффақияту бузургиву хирадмандии сиёсатмадорон ва ҷомеаи шаҳрвандии давлатҳои мутамаддину демократӣ дар он аст, ки агар дар марҳилаи давлатдориашон мушкилотро эҳсос карданд, онро эътироф мекунанд. Аз тариқи субектҳои иттилоотӣ ҳамин падидаро мавриди баҳс қарор медиҳанд, ислоҳ мекунанд ва ҳангоми зарурат заминаҳои ҳуқуқиро низ бо дарназардошти будани иродаи сиёсӣ ба вуҷуд меоранд. Аз ин хотир худи Амрико, Шветсия, Фаронса ва Олмон бо вуҷуди он, ки давлати демократӣ ҳастанд, доимо кӯшиш мекунанд, ки ягон мавзӯъро мушаххас кунанд ва дар ҳамкорӣ бо ҷомеаи шаҳрвандӣ дар ислоҳи он саҳм гузоранд. Мо иқтидори иқтисодии заиф дорем ва дар Қонуни асосиамон давраи гузариш мушаххас нашудааст. Аз дигар ҷиҳат меъёрҳои марбутаи конститутсияи Тоҷикистонро давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд,дунявӣ ва иҷтимоӣ эълон кардааст. Аз нуқтаи назари ҳуқуқ ин мушкилот аст. Ҳатто, Ҷопону Олмон, вақте ки Қонунҳои асосиашонро таҳия карданд, муаллифон зимни қабули он кӯшиш мекарданд, ки тариқи раъйпурсӣ ва ба воситаи парлумон бахши махсусро пешбинӣ кунанд ва барои расидан ба баъзе ҳадафҳо давраи гузаришро муқаррар кунанд. Баъд аз анҷоми давраи гузариш шаҳрвандон ҳуқуқ доранд, ки ҷиддитару сахттар аз мақомоти давлат қотеъонатар аз мақомоти давлатӣ иҷрову риоя ва татбиқ шудани меъёрҳои конститутсияро талаб кунанд ва барои ин ҳақ низ доранд. Аз ин хотир, вақте ки як ҳолат рӯй диҳад ва ҷониби давлат бо баҳонаи он ки гӯё мо дар давраи гузариш қарор дорем ва баъзе ҳолатҳоро нодида гирем, нодуруст аст. Чунки дар давлати ҳуқуқбунёд ҳар чиз ва аз ҷумла давраи гузариш низ дар конститутсия муқаррар мешавад. Бинобар ин имрӯз дар Тоҷикистон аломатҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ аст, аммо самарабахш нест. Барои босамар шудан бояд Вазорати адлия воқеан фаолияти онҳоро танзим ва мавриди санҷиш қарор диҳад. Шояд, аз 30 то 50 созмони ғайриҳукуматие монад, ки манбаи даромадаш хароҷоташро таъмин кунад. Созмонҳои дигар бо ном дар Вазорати адлия сабти ном шудаанд ва танҳо барои ҳисобот дар назди ниҳодҳои СММ, САҲА ва баъзе кишварҳои мушаххас, ки кафолат ва шарти густариши муносибати дуҷониба бо ҷомеаи шаҳрвандиро вобаста мекунанд, мавриди истифода қарор мегиранд, ки ин дурӯғи маҳз аст. Ба ин тартиб, ду омил, яке шароити мусоид ва дуввум иродаи сиёсӣ аст, ки барои беҳбудии ҷомеаи шаҳрвандӣ лозиманд. Дар мавриди иродаи сиёсӣ бояд зикр кунам, ки ман пеш аз ҳама президент, ҳукумат, вакилон ва аъзои Маҷлиси миллиро дар назар дорам. Чун инҳо субектҳои ташаббуси қонунгузорӣ мебошанд ва дар асоси таҳлили маводи расонаҳо новобаста ба муроҷиати хаттӣ онҳо лоиҳаи қонунро пешниҳод кунанд. Созмонҳои ғайриҳукуматӣ бо вуҷуди он, ки субектҳои ташаббуси қонунгузорӣ нестанд, аммо субектҳои пешниҳоди лоиҳаи қонун астанд. Агар, иродаи сиёсӣ бошад пас онҳо кӯшиш мекунанд заминаи ҳуқуқиро ба вуҷуд меоранд. Шароити мусоид, иродаи сиёсӣ ва такмили қонунгузорӣ боиси ташаккули ҷомеаи шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон мешавад.

Озодагон: Яъне, набуди ин сегона феълан дар Тоҷикистон эҳсос мешавад.

Шокирҷон Ҳакимов: Албатта! Вале, як нукта ин аст, ки на ҳамаи давлатҳо манфиатдор ҳастанд, ки ҷомеаи муташаккили шаҳрвандӣ дошта бошанд. Агар низоми сиёсӣ номукамал бошад онҳо аз назорати мардумӣ худдорӣ мекунанд, меҳаросанд. Зеро ки ҷомеаи шаҳрвандӣ аз ҳисоби буҷаи давлат кор намекунад, вале барои ҳукумат андоз месупорад. То як андоза дар ҳалли масъалаҳои шуғли аҳолӣ мусоидат мекунад. Дар ҷалб намудани мақомоти давлат ва масъалаҳои мухталифи давлатдорӣ ва масоили мухталифи давлатдорӣ саҳм мекузорад. Аммо, аз дигар ҷониб онҳо барои нигоҳ доштани мустақилият байни худ бояд ҳамкорӣ дошта бошанд. Ба назар чунин мерасад, ки рисолату таъйиноти иҷтимоӣ ва моҳияти таъсиси созмонҳои ғайриҳукуматиро дарк накарда, бо истифода аз баъзе омилу зуҳуроти номатлуб ва аз ҷумла фасоди сиёсӣ ва робита бо доираҳои муайян, ки дар созмонҳои мухталиф кор мекунанд, бо мақсади гирифтани грант созмонро ташкил медиҳанд, вале аз ҳадафи оинномавии худ худдорӣ мекунанд. Натиҷаи корашон ба мардум дастрас намешавад. Масалан, имрӯз ҳадди ақали музди меҳнат ё кафолатҳои бознишастагӣ хеле паст аст. Инчунин ҳуқуқ ба меҳнат аст ва ҳуқуқ ба нафақа. Ҳуқуқ ба бознишастагӣ вобаста ба вижагиҳои меҳнатӣ ё касбӣ синну сол аст ва барои бознишастагӣ ҳақ дорад, лекин вобаста ба хусусияти фаъолияти мушаххас инсон имконияти идома додани фаолияти меҳнатии худро дошта бошад. Бахусус, агар нафақа талаботи иҷтимоии ӯро қонеъ накунад, кас барои фаъолияташ ҳақ дорад. Ғайр аз ин, чун мо шаклҳои гуногуни моликиятро эътироф кардем ва онҳо ба монанди ҷамъияти саҳҳомӣ, консорсиум, корпоратсия ва ғайра бояд қонуни меҳнатро риоя кунанд. Аммо, бисёр ҳолатҳо аст, ки музди меҳнати коргарон пасттар, соати корӣ зиёд, тафовути соати корӣ дар робита ба ҳаҷми корие, ки кодекси меҳнат муқаррар кардааст, пардохт намешавад. Инчунин дар аксарияти мавридҳо корфармо ба коргар аз додани рухсатӣ ва дигар имтиёзҳо дар робита барқарор кардани вазъи саломатияш худдорӣ мекунад. Яъне, ҳамаи ин мавзӯъҳо масъалаи иттифоқи касаба аст.



Озодагон: Гуфтаниед, ки Иттифоқи касаба ба ҳайси як ниҳоди ҷомеаи шаҳрвандӣ ин чизҳоро назорат намекунад.

Шокирҷон Ҳакимов: Инҷо низ чанд омилу сабаб аст. Аввал, бо тағйири номи созмон гуфтан мумкин нест, ки моҳияти фаъолияти ин чанд созмон иваз шуд. Дуввум ин ки дар интихоби раис аз усулҳои давлати демократӣ истифода мешавад. Таъйини раисони иттифоқҳои касаба дар мувофиқа бо мақомоти иҷроия ё раиси ҷумҳур сурат мегирад, ки ин мустақилияти онҳоро гум мекунад. Дар давлатҳои демократӣ иттифоқҳои касаба як созмони хеле бонуфуз мебошад ва ҳукумат аз онҳо меҳаросад. Доир кардани машварати корӣ ва мулоқотҳо бо иттифоқи касаба як анъана аст ва ба одати сиёсӣ низ табдил ёфтааст. Аз ин хотир ҷомеа муътадил мебошад. Ин шароит дар Тоҷикистон мушоҳида намешавад.

Озодагон: Баргардем сари заминаҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон. Оё аз нигоҳи ҳуқуқӣ заминаи бунёд кардани ҷомеаи шаҳрвандӣ фароҳам аст?

Шокирҷон Ҳакимов: Заминҳои ҳуқуқӣ то як андоза ба асноди ҳуқуқи байналмилалӣ мувофиқат мекунанд ва ба талаботҳои дигаре, ки аз ӯҳдадориҳои байналмилалии Тоҷикистон бар меояд низ мувофиқат мекунанд. Аммо, мутаассифона бо истифода аз таҷрибаи кишварҳои пасошӯравӣ, бахусус Қазоқистон ва Русия ба қонунҳое, ки созмонҳои ғайриҳукуматиро танзим мекунанд, тағйирот ворид карданд ва онро ислоҳот номдиданд. Аммо, моҳияти ислоҳот дар он аст, ки ба воситаи ворид намудани тағйирот ба қонун шароити кору фаолиятро бояд беҳтар кунем дар натиҷаи татбиқи меъёрҳои марбута дар таҳрири нав бояд кор пеш равад. Омилҳои халалдоркунанда камтар шавад. Аммо, дар шароити мо чунин шудааст, ки гӯё қонунро ислоҳ кардем, аммо вақте ки моҳияти онро таҳлил мекунем, бидуни мавриди амал қарор додани он аллакай шакли лоиҳаи он нигаронии олимони соҳаро ба бор овард. Аз ин хотир, вақте ки бо баҳонаи он, ки гӯё созмонҳои ғайриҳукуматӣ воситаи таъсиррасонӣ, аз ҷониби омилҳое, ки ба Тоҷикистон таҳдиду хатар меоранд ё амнияти моро халалдор мекунанд ё бар зидди манфиатҳои миллӣ кор мекунанд, лозим донистанд, ки минбаъд гирифтани грантро аз созмонҳо ва давлатҳои алоҳида ба воситаи Вазорати адлия назорат кунанд. Ягон зарурат барои ин набуд. Чунки Тоҷикистон иқтидори иқтисодие надорад, ки худаш лоиҳаҳои мушаххаси созмонҳои ғайриҳукуматиро дастгирӣ кунад. Дуввум ин,масалан, мақомоти амниятӣ барои назорат механизмҳои худашро дорад. Инчунин мақомоти пулис ва ғайра. Ҳар чизе, ки тариқи бонк сурат мегирад таҳти назорат аст. Ғайр аз ин созмонҳои ғайриҳукуматӣ дар мӯҳлати муқарраршуда ба Вазорати адлия ҳисоботи хаттӣ пешниҳод мекунанд. Ба ҳамин тариқ новобаста аз ин тағйирот механизмҳои ҷорӣ кардани назорат аз болои созмонҳои ғайриҳукуматӣ буд. Мутаассифона, мо на таҷрибаи давлатҳои пешқадам, балки кишварҳои мушаххаси пасошӯравиро, ки имрӯз бархурдҳои мушаххасро бо давлатҳо ё марказҳои сиёсӣ бо дарназардошти манфиатҳои геополитикӣ ва мавқеи геостратегии худ доранд, бидуни таҳлил ва машварат бо олимони соҳа ба роҳ андохтем. Ин хуб нест. Зеро ки вобаста ба тарзу усули доир намудани интихобот ва ҷойгиршавии нерӯҳои сиёсӣ дар парлумон гуфтан мушкил аст, ки дар низоми ҳокимияти Тоҷикистон парлумон таъсири муассир дорад ва метавонад буҷетро тасдиқ карда иҷрои дурусти онро назорат кунад. Парлумон барои қабул кардану ба тасвиб расонидани ҳама гуна ибтикоре, ки аз ҷониби мақомоти иҷроия бар меояд ягон мушкилӣ надорад. Аз ин хотир як ҷиҳат ин хоси давлатҳои худкома аст, вале аз дигар ҷиҳат акнун эҳтимолияти ворид шудани грантҳо ва дастгирии ташаббусҳои шаҳрвандонро ба воситаи созмонҳои иҷтимоии онҳо аз ҷониби омилҳои берунӣ камтар мекунад. Ин иқдом боз ҳам ҷомеаи шаҳрвандӣ ва заминаҳои молиявӣ ва ҳуқуқии онҳоро заифтар мекунад.

Озодагон: Хуб, аз таҳлилҳои шумо метавон хулоса кард, ки заминаҳои қавӣ кардани ҷомеаи шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон нест. Ин натиҷагирӣ дуруст аст?

(ВИДЕО) Шокирҷон Ҳакимов: Пешрафти давлат аз рушди ҷомеаи шаҳрвандӣ вобаста астШокирҷон Ҳакимов: Бояд кӯшиш кунем, ки иродаи сиёсиро дар бораи зарурат ва аҳамияти стратегӣ доштани ҷомеаи шаҳрвандӣ дар таҳкими ниҳодҳои демократӣ ва устувор шудани заминаҳои ваҳдати миллӣ истифода барем. Дар баробари ҳалли масоили иҷтимоӣ ва шуғли аҳолӣ инчунин бисёр ҳолатҳое ҳастанд, ки дар муносибатҳои ҷамъятӣ аз мадди назари давлат дур мемонанд. Маҳз созмонҳои ҷамъятӣ метавонанд, ки таваҷҷӯҳи давлатро ба ҳалли онҳо ҷалб кунанд. Аз ин хотир чун мо мехоҳем, ки миёни кишварҳои мутамаддин ҳарчӣ зудтар мақоми шоиста дошта бошем, ниёз ба ҷалби сармояи хориҷӣ дорем, беҳтар шудани сатҳи зиндагии шаҳрвандон, кам кардани фасоди молӣ ва дигар зуҳуротҳои номатлуб доштани ҷомеаи шаҳрвандии муташаккил яке аз шатрҳои муҳими давлати демократӣ аст.
Мӯҳр
Андарз аз Шугнон
Мухтарам Шокирчон Хакеимов.Пешрафти чомеа аз Вахдат, хамдигафахми, дуст дошатни обу хоки сарзамин ва мардуми он сарчашма мегирад.на аз лофу газоф. Агар дар кору рафтори хамарузаи мо як амали созанда, на гуфтор сурат бигириад, ин аст пешрафт, ин аст шукуфои ва ватандустдори

Мухтарам Хакимов, мо чонибдори чомеаи шахрвандие, ки дар никоб мехоханд оромии чомеаро халадор созанд, нестем. Ва он чомеаи шахрвандии гарбгароёна, ки дур аз фархангу маданияти мост кобили кабул хам нест. Хамин таклидкори ба мардуми гарб буд ки мо карби 100 сол акиб мондем.

Султон
Мансур,
Шумо аз кадом маданият сухан мегуед??! Дар кучо Шокирчон сухан аз таклидкори сухан гуфт. То магзи гап расидан худ фахмишу маданиятро талаб мекунад. Агар маданият, дониш ва фахмиши шумо барин косалесон
ва хочагони фасодзадаатон дар сатхи худат бошад, ин миллат ва давлат хеч ояндае надорад. Бо саводу фахмишатон оянда ба нестист.

точик
Мухтарам хакимов бо шумо мувофикам вале мутаассифона чомеаи мо чомеаи бесавод, бе ирода ва дур аз хакикатхои имруз хаст ин боис мешавад ки на факат демократия рушд накунад балки чомеа дар оянда низ фиребхурда брки мемонад, ки фарчомаш хуб хуб нест

КУЛОб
АМИРА ЧИЮ БА СИЁСАТ КОРДОР ШИДАНШ ЧИ АФТАШ МЕГА КИ АЙ ДАСТШ БАЛО НАМЕБИЯ АЙ СУХАНОШАМ МАЪЛУМ ШИД КИ ЯК САФСАТАГУ ХАСТ

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)