12 оилаи аз офати табиӣ зарардидаи Мурғоб соҳиби манзили нав шуданд
12 хонаводаи аз офати табиӣ зарардидаи Бадахшон соҳиби манзили нав шуданд.
Нилуфар Асламшоева, мудири бахши иттилоотӣ-таҳлилии дастгоҳи раиси вилояти мухтори куҳистони Бадахшон имрӯз, 18 сентябр дар суҳбат ба “Озодагон” гуфт, калиди ин хонаҳо рӯзи гузашта аз сӯи Азим Иброҳим, муовини сарвазир ва Шодихон Ҷамшед, раиси вилояти Бадахшон ба сокинони аз офати табиӣ зарардидаи рустои Рангкӯли ноҳияи Мурғоб тақдим гардид.
Ба гуфтаи ӯ, дар натиҷаи офати табиии моҳҳои июл-августи соли равон дар ин деҳа 12 манзили истиқоматӣ комилан хароб ва 21 хонаи дигар қисман зарар дида буд: “Давоми якуним моҳ ин хонаҳо пурра навсозӣ гардиданд”.
Ба иттилои манбаъ, марҳилаи супоридани хонаҳо ба сокинони аз офати табиӣ зарардида фардо дар ноҳияи Рӯшон идома карда, рӯзи 21 сентябр шаҳраки навбунёд дар ноҳияи Шуғнон бо иштироки Шукурҷон Зуҳуров, раиси Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон мавриди баҳрабардорӣ қарор мегирад. Хонум Асламшоева афзуд, дар шаҳраки навбунёд дар умум 82 манзил, маркази савдо ва маркази саломатӣ бунёд шудааст.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 | 7 |
8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 | 14 |
15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 | 21 |
22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 | 28 |
29 | 30 | |