Бахшҳо

Масъули Кумитаи дин: Зоирони тоҷик аз сӯхтор зарар надидаанд

Масъулини Кумитаи дин мегӯянд, дар сӯхтори яке аз меҳмонхонаҳои шаҳри Макка зоирини тоҷик осеб надидаанд.

Афшини Муқим, сухангӯи Кумита оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллӣ дар суҳбат бо “Озодагон” гуфт, ҳеҷ як шаҳрванди Тоҷикистон дар меҳмонхонае, ки мавриди сӯхтор қарор гирифт, ҳузур надошт: “Ҳамаи зоирини мо дар меҳмонхонаи “Jawharat Al Osaimi” иқомат доранд. Вазъи саломатии онҳо хуб аст”.

Рӯзи 17 сентябр дар яке аз меҳмонхонаи шаҳри Макка сӯхтор ба вуқӯъ пайваст. Дар хабари расонаҳо гуфта мешавад, дар ин меҳмонхона зоирон аз кишварҳои Қораи Осиё ба сар мебурдаанд: “Мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Арабистони саудӣ 1028 зоирро ба ҷойҳои бехатар кӯчонданд”. Телевизиони “Ал-Ахбария”-и саудӣ мегӯяд, сӯхтор дар ошёнаи 11-уми меҳмонхона рух дода, дар пайи он ду нафар ҷароҳат бардоштаанд.

Хабари сӯхтор дар ҳолест, ки рӯзи 11 сентябр бар асари боришоту шамоли сахт борбардори сохтмонӣ дар Масҷид-ал-Ҳароми Макка чаппа шуд, ки дар натиҷа 107 зоир ҳалок ва 238 тани дигар маҷруҳ шуданд.
Мӯҳр
Саид
Худо доно аст хамин сол кадоме бо нияти бад ба хонаи Худо рафтааст, ки ин кадар ходисахо рух додаистода аст!

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)