Бахшҳо
23 сен 2015 10:07Тоҷикистон / Сиёсат

Рӯбарӯкунии шарики Ҳоҷӣ Ҳалим бо Ҳайит: Аз нақшаи ошӯб то тақсими вазифа

Мақомоти тафтишотии Тоҷикистон Маҳмадалӣ Ҳайит, ноиби боздоштшудаи раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистонро баъди зуҳри 22 сентябр бо яке аз шарикони дастгиршудаи Ҳоҷӣ Ҳалим рӯбарӯ кардаанд.

Дар ин бора ба “Озодагон” Ҷамшед Ёров, вакили дифои Ҳайит иттилоъ дода, афзуд, шарики Ҳоҷӣ Ҳалим шаҳодат дод, ки “гӯиё зерҳимояам бо маслиҳати пешакӣ бо Абдуҳалим Назарзода қарор доштааст. Ӯ изҳор дошт, ки гӯиё Ҳайит, Муҳиддин Кабирӣ ва ду нафар аз наздикони ӯ аввали моҳи марти соли равон дар хонаи Ҳоҷӣ Ҳалим мулоқот доштаанд ва маслиҳати ташкили ошӯб кардаанду гӯиё маслиҳат кардаанд, ки баъди ошӯб вазифаҳоро тақсим мекунанд”.

Оқои Ёров мегӯяд, аммо зерҳимояаш бо ваҷҳу далелҳои қотеъ беасос будани ин изҳоротро исбот намуд.

Вакили дифоъ афзуд, то ҳол алайҳи ҷаноби Ҳайит расман айб эълон нашудааст ва қарори додгоҳ дар бораи ҳабси пешакии ӯро низ мақомот пешниҳод накардаанд: “Ин дар ҳолест, ки тибқи қонунгузорӣ давоми 72 соат агар зарурати идомаи ҳабс пеш ояд, бояд қарори додгоҳ дар бораи ҳабси пешакӣ содир шавад. Мо дархост кардем, ки қарорҳо дар бораи оғози парванда, дар бораи ҳабси пешакиро ба мо пешниҳод кунанд, аммо то ҳол нагирифтаем”.

Ҷамшед Ёров инчунин аз амали мақомот интиқод намуд, ки зерҳимояашро рӯзи 16 сентябр боздошт карданд, аммо наздикону вакили дифоаш танҳо рӯзи 22 сентябр макони нигоҳдориашро фаҳмидаанд, ки боздоштгоҳи муваққатии Кумитаи амният будааст: “Тибқи қонун худи мақомот бояд аз лаҳзаи дастгир кардани шаҳрванд баъди 12 соати бозпурсӣ ба ӯ имкон диҳанд, ки ба наздиконаш дар тамос шаваду огоҳ кунад. Мо аз рӯи нақзи ин талаботи қонун ҳам шикоят хоҳем кард”.

Ин вакили дифоъ афзуд, феълан ифтитоҳи парвандаҳои ҷиноӣ аз рӯи се моддаи Кодекси ҷиноӣ -- 179 (террор), 104 -– (одамкушӣ), 187 -- (ташкили иттиҳоди ҷиноӣ) алайҳи зерҳимояаш дар назар аст: “Эҳтимол иттиҳомоти мақомот афзоиш ёбанд ва айби ниҳоӣ давоми 10 рӯз маълум хоҳад шуд”.

Ҷамшед Ёров дар мавриди вазъи саломатӣ ва муносибати маъмурини боздоштгоҳ бо Маҳмадалӣ Ҳайит гуфт, ин нахустин суоли ман аз ӯ ҳангоми танҳо монданамон буд: “Гуфт ҳамааш хуб аст, ҳеч шикояте надошт. Осори шиканҷаро ҳам дар ӯ ва ҳаракату роҳгардиҳояш мушоҳида накардам”.

Додситонии кулли Тоҷикистон рӯзи 17 сентябр бо нашри як изҳороти расмӣ Маҳмадалӣ Ҳайит ва 12 фаъоли дигари ҲНИТ-ро, ки дар боздошт ба сар мебаранд, дар ҳамдастӣ бо гуруҳи Абдуҳалим Назарзода муттаҳам карданд.
Мӯҳр
Карим
ин шизофреник доим байни иғвогарон буд
оё дар хотир надоред, ки чи хел соли 1992 дар майдони назди КМ ҲК ва телевизион баромад карда буд - ба ном "народное телевидение"

Бародар
Хамин одам аз аввлхои соли 1992 хамавакт аз ватану одам доим норози буд, то хамин вакт менолид, охир эй бандаи худо тавба бояд мекарди, касал боши бояд табобат мекарди, бандагони худоро мисли худат накун, одам дар ин дунё як маротиба меояд, хамаро гумрох кардед бо ин мусулмониатон

мардин
М. Хайит аз окилтарин ва содиқтарин аъзоёни нерӯҳои мухолифин, хусусан наҳзат буд, ки ҳамеша бо мавқеъҳом мушаххас ва ҷиддӣ камбудиҳои мақомотро фош мегуфт, аз ин рӯ ҳар номардиро дар қиболаш ҷоиз медоранд, вале набояд ноумед гашт. Ӯ ҳеҷ гоҳ ба миллату Ватан ва динаш хиёнат накарда ва нахоҳад кард. Ғурурмояҳо донанд, ки ин кори эшон ба зарари давлату миллат ва ҳукуматашон буда, ба ягон рамкаи одамгарӣ рост намеояд. Бас, будгист хун рехтан, ҳамин курсиву минбар аз ҳама мемонад, оқибат фаношавӣ ва дар пешгоҳи Худованд ҷавоб гуфтан аст.

Карим,
ЭЭЭ бас кунед хамин гапои кухнаю чангу чанчолро ее!!!! Ки чи кор кард хама сулх шуд хамдигарфахми ошти милли бас гапи кухна кофтан!!! Карим ба ту нафратам омад. Мон солхои навадумро фикри пешрави кун! ба Хитой бингар! истехсолот, таракиёт! ту солои навадума як тараф мон!!!

wwww
ватан вайрона аз ер аст е агер е харду.
мусибат аз мусулмонхост е куфор е харду..

Ба гайр аз таърих дигар хама хомушона ин беномусиро мебардоранд.

Diplomat
барои инхо барвакт хамаи чиз тайер хукумат дер боз онхоро назорат мекард шояд 50% дастгиршудагон кормандони хадамоти Z бошанд то шамол нашавад шохи дарахт намечунбад озодагон медонам чоп намекунеду хайр

мир
аз афташ маълум ки одами хуб нест

шахид
Мухаммадали хайит худо еру хамрохат.мо аз дилу чон хамрохатонем устувор будед устувор бимонед.мо хеч гох аз ин рохи худову расулаш барнамегардем агар аз осмон санг биборад хам.

Шукронаи Ношукр
Бародар рони нахзати Хама хуб медонанд ки ХНИТ гунакорнест мо дар хаки шумо дуо мекунем Худованд бо сабурон аст имрузк сари шумо оввардан басари худашон хам хохад омад

Комрон
Махмадали Хаит фардест ки бояд дар таьрихи точикон бо калами тилло дар борааш навишта шавад. Худованд тухматгарон ва душманони ин кахрамони миллатро ба максадашон нарасонад ва озод шавад.

фируза
ЗИНДА БОД ХНИТ.....
МО БО ШУМОЕМ......
ДУОГУИ ШУМОЕМ.......

Хакикат
Мухаммадали Хаит шахсест, ки тамоми вучудашро барои Ватан ва миллаташ фикрнокарда фидо мекунад. У сухари рости Точикистон аст. Агар уро кахрамон хам бигуем хато намешавад. Хукуматро мебоист ана хаминхоро дар бараш чо мекард. Умедвор хастам, ки фикри солими раиси Чумхур намегузорад, то ин шахс хор шавад. Бас аст аз хама душман тарошидан, бояд аз "душман" партнер тарошид.
Худо ёратон устод!

Саша
Озодагон кометарияаи хамаро чо дихед чаро фикри маро чой надодед шумохам аз 30% хастед чи?

мухаммад
Ман бо тамоми масьулият ва ба номи поки Аллоh касам
мехурам нависандаи ду коменти аввали як нафар аст ва як
сабки навишт истифода шудааст бо номи "бародар" ва "карим"
фабрикаи чааоб дар холи азхисоби гушти бадани мардум дар бадани
касифи худ хуни харом давондан идома медихад. Хохиш мекунам чоп кунед.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)