Бахшҳо

Эълони қатъи интиқоли об дар Душанбе: Захира кунед!

Дар Душанбе интиқоли оби нӯшокӣ барои аҳолӣ муваққатан қатъ мегардад. Дар ин бора аз дафтари матбуоти шаҳрдорӣ иттилоъ дода, афзуданд, бар пояи қарори раиси шаҳр интиқоли об тавассути истгоҳҳои обтаъминкунии “Кофарниҳон”, “Ҷанубӣ-Ғарбӣ”, “Худҷореъ” ва “Фишорӣ” қатъ хоҳад шуд.

Ба иттилои манбаъ, ин тасмим “бо мақсади омода намудани истгоҳҳо ба мавсими тирамоҳу зимистони солҳои 2015-2016” гирифта шудааст. Дар қарори Маҳмадсаид Убайдуллоев омада, аз соати 22:00-и 30 сентябр то соати 24:00-и якуми октябри соли 2015 интиқоли об тавассути истгоҳи “Кофарниҳон” ба ноҳияи Фирдавсӣ: маҳаллаҳои Гулбутта, Маърифат, Крупский-1,2, шаҳракҳои 61, 63, 64, 65 кӯчаҳои Н.Қарабоев, Қаҳҳоров, Фучик, Чайковский; ноҳияи Шоҳмансур: кӯчаҳои Назаршоев, Қаротеғин, Ховарон, Мирзобек, Зебуниссо, Чиноро-1,2, К.Хуҷандӣ, Восифӣ, Хайробод, Мастонгулов, Фучик, К.Манн, Зафар, С.Р.Афардӣ, Улуғбек, У.Зоконӣ, А.Савдо, Афзалӣ, хиёбони Рӯдакӣ, аз бинои роҳи оҳан то Меҳмонсаройи “Пойтахт” ва қисмати кӯчаи С.Айнӣ, то гардиши Фурудгоҳ, шаҳракҳои 191, 192, Бинокорон ва маҳаллаи оҳолинишини Комбинати коркарди чӯб қатъ мешавад.

Аз соати 22:00-и 6 октябр то соати 24:00-и 7 октябр бошад, интиқоли об тавассути истгоҳи обтаъминкунии “Ҷанубӣ-Ғарбӣ” ба сокинони ноҳияи Фирдавсӣ: шаҳракҳои 43, 64, 65 ва кӯчаҳои Борбад, Фирдавсӣ; ноҳияи Сино: шаҳракҳои 11,12, 13, 14, 15, 31, 32, 33, 52, 53, 82, 83, 84, 103, 104, кӯчаҳои Нахимов, Миралӣ, Юсуф Вафо, А.Қаҳҳорӣ, П.Сулаймонӣ, Тургенев, Р.Набиев, Ханҷин, маҳаллаҳои Меҳнатобод, Наврӯз, Роҳи нав, Ҳаёти нав қатъ хоҳад шуд.

Ҳамин тариқ, аз соати 22:00-и 13 октябр то соати 24:00-и 14 октябр тариқи истгоҳи обтаъминкунии “Худҷореъ” ноҳияи И.Сомонӣ: маҳаллаҳои Хуҷамбиёи боло ва поён, Шафақ, Чашмасор, Амиршоев, Заҳматобод, Саҳбо, Раҳимов, Анзоб, Гулистон, Зайнаб бибӣ, У.Хайём ва Сари-Осиё, кӯчаҳои П.Толис, Гагарин, Сурхоб, Меҳнат, Карамов, Шевченко, хиёбони Рӯдакӣ (аз буриши кӯчаи У.Хайём то кӯчаи С.Ғанӣ), инчунин Боғи С.Айнӣ, Беморхонаи ҷумҳуриявӣ ва шаҳрчаи тандурустӣ; ноҳияи Шоҳмансур: маҳаллаҳои Н.Муҳаммад, Қӯрғон, Хоруғ, Баҳорӣ ва Бадахшон-1,2, кӯчаҳои Дӯстии халқҳо, А.Дониш, Истаравшан, Ҳусейнзода, Назриқулов, А.Раҷабовҳо ва С.Айнӣ аз хонаи 1то 77; ноҳияи Сино: маҳаллаҳои Меҳробод, Мир Саид Алии Ҳамадонӣ, Навободи боло ва поён, Буни Ҳисорак, Испечак 1,2,3, Қазоқон-1,2, Қарамиршикор ва Муҳандис, шаҳракҳои 82,91,92,101,102,112 ва Зарафшон 1,2; ноҳияи Фирдавсӣ: кӯчаҳои Қаҳҳоров, Н.Қарабоев то хиёбони Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ, маҳаллаҳои Равшангарон, Дарвоз, Яккачинор, Миралӣ, шаҳракҳои 23, 24, 41, 42, 43, 44, 45, 46 ва Маркази истеҳсоли барқу гармидиҳии ш. Душанбе бе об хоҳанд монд.

Интиқоли об тавассути истгоҳи “Фишорӣ” барои сокинони ноҳияи Сино: маҳаллаҳои Шараф, Ал-Берунӣ, Беморхонаи клиникии ҷумҳуриявии №3 ба номи Дяков, Боғи ҳайвоноти шаҳрӣ, Варзишгоҳи марказӣ; ноҳияи И.Сомонӣ: хиёбони Рӯдакӣ (аз кӯчаи Бухоро то кӯчаи С.Ғанӣ), хиёбони И.Сомонӣ, кӯчаҳои М.Турсунзода, Шевченко, Шероз, С.Носир, Шотемур, Ф.Ниёзӣ, А.Командир, М.Холов, Л.Шералӣ, Ғ.Абдулло, Азизбеков, Ф.Шаҳобов, Л.Толстой, М.Миршакар, Пушкин, Теҳрон бошад, аз соати 22:00-и 20 октябр то соати 24:00-и 21 октябр қатъ мегардад.

Шаҳрдорӣ аз сокинони маҳаллаю кӯчаҳои зикргардида хоҳиш кардааст, миқдори лозимии оби нӯшокиро барои як шабонарӯз захира намоянд.
Мӯҳр
Таджик
Ашна таджик ОБ хурдум.....)))))))))))

мирзодикак
О хамин оба махкам накарда таъмир кунед ё шаб таъмир кунед дигар кишвархо барин намешавад? Шаб кор карданро дар таъмири рох ва дар таъмири хатхои обрасони шахрдори ёд гирад чудо хуб мешавад. Ё ки кормандонро ба хорича фиристад то шаб кор кардани объектхои мухимро ёд гирифта биёянд. Конса- консов истиклолиятро 24 сол шуд мо кай ёд мегирем?

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)