Бахшҳо

Таъсиси Кумитаи дифоъ аз масъулини боздоштшудаи ҲНИТ

Дар пайи боздошти 13 узви фаъоли Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон Кумитаи ҷамъиятӣ барои дифоъ аз ҳуқуқи боздоштшудаҳо ташкил ёфтааст.

Дар ин бора ба “Озодагон” Бузургмеҳр Ёров, вакили мудофеи 5 масъули боздоштшудаи ҲНИТ хабар дода, афзуд, ки кумита ба хотири ошкору ҷилавгирии қонуншиканӣ алайҳи боздоштшудаҳо таъсис ёфтааст.

Ёров имрӯз, 25 сентябр дар суҳбат бо “Озодагон” изҳор дошт, ки то ҳол наздикони 5 масъули боздоштшуда аз ҷумла Маҳмадалӣ Ҳаитов, Розиқов Зубайдуллоҳ, Ҳикматулло Сайфуллозода барои ҳимоя муроҷиат кардаанд: “Зерҳимояҳои маро аз манзилҳояшшон боздошт кардаанд ва гуфтаи мақомот, ки онҳоро дар роҳи фирор дастгир намудаанд, нодуруст аст. Инчунин чӣ гуна бе иҷозатнома манзили онҳоро кофтукоб кардаанд? Барои муайян кардан, ки то куҷо боздошт ва кофтукоби манзилҳои онҳо дар доираи қонун аст, кумитаи ҷамъиятиро ташкил додем, ки наздикони 5 зерҳимояи ман ба он ҷалб шудаанд”.

Бузургмеҳр Ёров таъкид намуд, ки нахуст барои расидагӣ ба ин қазия бо Додситонии кул, дигар ниҳодҳои дахлдор ва баъдан ба раисиҷумҳури Тоҷикистон низ муроҷиат хоҳанд кард.

Таъсиси Кумита дар ҳолест, ки қаблан Додситонии кулли Тоҷикистон аз боздошти 13 узви раёсати Ҳизби наҳзати исломии кишвар хабар дода, онҳоро дар экстремизм, қасди нооромсозии кишвар ва даст доштан дар ҷиноятҳои гуруҳи Ҳоҷӣ Ҳалим муттаҳам кард.

Ин ниҳод рӯзи 17 сентябр бо пахши як изҳорот дар қатори аъзои боздоштшудаи ҲНИТ аз ҷумла 1.Ҳисайнов Умаралӣ Фатоҳович, соли таваллудаш 1961, зодаи ноҳияи Мӯъминобод, истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе, кӯчаи Крупская, хонаи 114; 2. Ҷобир Раҳматуллои Раҷаб соли таваллудаш 1958, зодаи деҳаи Таҳназарии ҷамоати деҳоти Меҳрободи ноҳияи Файзобод, истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе, ноҳияи Шоҳмансур, кучаи Ф. Аттор, хонаи №5 0; 3. Давлятов Абдуқаҳор Абдукаримович, соли таваллудаш 1975, зодаи ноҳияи Ҷалолиддини Румӣ, истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе, кӯчаи Ушаков, х.110, ҳуҷраи 8; 4. Каримов Саттор Самадович, соли таваллудаш 1959, зодаи шаҳри Кӯлоб, истиқоматкунандаи ноҳияи Ҳисор, ҷамоати деҳоти Мирзо Ризо, деҳаи Деҳи Нав; 5. Розиқов Зубайдуллоҳ, соли таваллудаш 1946, зодаи ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ, истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе, кӯчаи Айнӣ, хонаи 337, ҳуҷраи 15; 6. Муҳаммадалии Файзмуҳаммад, соли таваллудаш 1959, зодаи ноҳияи Панҷ, истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе, маҳаллаи Хоҷанбиёи Поён, хонаи 125; 7. Ҳикматулло Сайфуллозода, соли таваллудаш 1950, зодаи ноҳияи Панҷ, истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе, кӯчаи Fафуров, бинои 10/1, хонаи 10; 8. Ҳаитов Махмадалӣ Раҳмонович соли таваллудаш 1957, зода ва истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе, кӯчаи Алишер Навоӣ, хонаи 17/4, ҳуҷраи 6; 9. Авазов Қиёмиддин Қурумҷонович, соли таваллудаш 1959, зодаи ноҳияи Вахш, истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе, кӯчаи Б. Fафуров, бинои 10/1 хонаи 10; 10. Хуҷаева Зарафо Раҳмоновна, соли таваллудаш 1973, зодаи ноҳияи Қумсангир, истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе, кӯчаи Раҳмон Набиев, бинои 132, хонаи 40; 11. Набиев Маҳмадшариф Маҳмадалиевич, соли таваллудаш 1962, зода ва истиқоматкунандаи шаҳри Кӯлоб, кӯчаи Фрунзе, хонаи 84; 12. Fайратов Абдусамад Исмоилович, соли таваллудаш 1962, зода ва истиқоматкунандаи шаҳри Кӯлоб, маҳаллаи Тамошотеппа; 13. Қосидинов Воҳидхон соли таваллудаш 1956, зодаи ҷамоати деҳоти Чоркӯҳи шаҳри Исфара, истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе, кӯчаи Пулодӣ, бинои 19, хонаи 10-ро номбар кард.
Мӯҳр
Насим
Худованди бузург озодкун Омин

Окил
Худо кумак кунад.

Бузургмехр Ёров - як жулик аст.

шахрванд
Аллох мадад кунад

Бузургмехр Ёров фарзанди фарзонаи ин кишфар.
Зинда боши

ҳалим
Худо шуморо аз дасти ин золимин наҷот диҳад. ин Ҳукумат қадри шумора надонист ба зуди Ҳукумат ба хоки пойи шумо зор мешавад аммо дигар дер мешавад

КОМИЛ
НАХЗАТИХО-ПАЙРАВОНИ ИБЛИСАНД.ХОИНОНИ ВАТАН, МИЛЛАТ, ВА ДИНУ МАЗХАБАНД.ХУДОВАВНД РЕШШАШОНРО ХУШК СОЗАД.

Фаромуз
Бузургмехр Ёров ин навбат навбати хдтай ака. Хамин кадар вакилони мудофеъ баромадан холшон чи шуд. Вакилони Зайд Саида дар хотир дори? Барои хамин ай дастут ягон кор намебиёд. Бигзор миллионта хамин гуна кумитаи дифоъ ташкил кун, ки ягон кор карда нметони!!!

Ташвишовар он аст, ки дар Точикистон агар ба хукумат лозим бошад.ягон конун риоя намешавад ва харчи лозим донанд кардан мегиранд. Конун барои гайри хукуматихо лозим. Дар дигар давлатхо призидентаю сарвазира ба додгох мекашанд вале дар мо факат халки камбагала. Ин зулмаст ва окибати хуб надорад. Рузе мешавад, ки косаи сабри инхо лабрез мешавад, онхо низ кам нестанд. Хар беша гумон мабар, ки холист. Ман медонам, ки коментарияи маро хеч вакт озодагон чоп намекунад вале барои тасалии дил менависам.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)