Бахшҳо

Дасти хайр: Барои боз шудани панҷаҳои Шаҳнозахон кумак расонед (АКС)

Башорат Бобоева, як сокини шаҳри Хуҷанд барои муолиҷаи наберааш, ки аз дарди “Обиласори модарзодӣ” ва “Гепатит С” ранҷ мебарад, барои кумакхоҳӣ ба Душанбе омадааст.

Ӯ ба дафтари “Озодагон” омад ва гуфт, чанд рӯз мешавад, ки дар баъзе нуқтаҳои серодами пойтахт лавҳаҳои дархости кумак насб мекунад. Хонум Бобоева мегӯяд, наберааш -- Шаҳнозахон Зоидбоева 17 сол дошта, аз модар бо чунин беморӣ ба дунё омадааст.

Ба қавли ин сокини шаҳри Хуҷанд, барои табобат Шаҳнозахонро чанд маротиба Русия бурданд, аммо бенатиҷа будааст: “Қаблан, падараш дар Русия кор мекард ва чанд бор барои табобат ба беморхонаҳои он кишвар бурд, аммо ягон натиҷа надод”.

Ӯ мегӯяд, танҳо табибони Исроил кафолат додаанд, ки метавонанд Шаҳнозахонро муолиҷа намоянд, аммо ин табобат маблағи зиёдро талаб мекунад: “Барои харидории баъзе доруву лавозимот, ки барои панаҳ кардани ҷойи яраҳо лозиманд, маблағ надорем, чӣ расад ба рафтан ба Исроил”.

Хонум Бобоева афзуд, панҷаҳои наберааш кушода намешаванд ва ҳоло тамоми талошашон барои он аст, то ҳадди ақал тавассути ҷарроҳӣ онро боз кунанд: “Мо имрӯз ҳастем, пагоҳ нестем. Мегӯем, панҷаҳояшро ҷарроҳӣ кунем, ки ақалан хӯрокашро худаш омода кардаву хурда тавонад. Табибони Маскав гуфтанд, ки ҷарроҳии панҷаҳояшро бар ивази 12 ҳазор доллар анҷом медиҳанд. Аммо ин қадар маблағ надорем”.

Ба гуфтаи вай, падари Шаҳнозахон се сол қабл даргузашт ва маоши модараш -- Шаҳло Зоидбоева, ки инчунин ду фарзанди дигар дорад, барои пешбурди рӯзгор намерасад: “Бинобар ҳамин ҳамчуни як модар, як бибӣ аз кулли мардуми кишвар шахсони саховатманд, модарону занони ҳимматбаланд, ки бори гарони ятимиро аз сар гузаронидаанд ва ё медонанд, кумак мехоҳам. Охирин умедамон аввал ба Худованд ва баъдан ба Шумо ҳамдиёрони азиз мебошад”.

БАРОИ ТАМОС: 927645332 (модари Шаҳнозахон), 927565990 (бибии Шахнозахон)

ОАО Банк Эсхата Ф-л ГСБ РТ "Амонатбонк"
ш.Хужанд, к.Гагарин 135 р/счет 26202972600055224000
МФО 350501707 ИНН 510004599
к/счет 20402972757071000000 МФО 350101626
р/счет 20216972000038000000 к/счет 20402972316264
ИНН 510004229 №172197


Дасти хайр: Барои боз шудани панҷаҳои Шаҳнозахон кумак расонед (АКС)

Дасти хайр: Барои боз шудани панҷаҳои Шаҳнозахон кумак расонед (АКС)


Дасти хайр: Барои боз шудани панҷаҳои Шаҳнозахон кумак расонед (АКС)
Мӯҳр
Агар дар терминалхои шахр ин аксро чо мекардан бисер хуб мешуд. Мардум ду се сомони мепартофтан, маблаги бисер чамъ мешуд.

Орзу
Худованд шифои комилаш тияд

nabi farhor
Хуб мешуд паёмаке тарики телефонхои мобили омода мекарданд.То шахрвандон тавонанд 5-10 с ирсол мекарданд,хело пул чамъ мешуд.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)