Бахшҳо

“Фишор”-и мақомоту саркашии Ёров: Аз ҳимояи аъзои ҲНИТ даст намекашам

Бузургмеҳр Ёров, ҳуқуқшиноси тоҷик мегӯяд, баъди азмаш барои дифоъ аз ҳуқуқҳои масъулини боздоштшудаи Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон мавриди фишор қарор гирифтааст.

Оқои Ёров имрӯз, 28 сентябр дар суҳбат бо “Озодагон” гуфт, намояндагони мақомот аз ӯ хостаанд, аз ҳимояи аъзои боздоштшудаи ҲНИТ даст бикашад. Ӯ афзуд, бархилофи қонунгузорӣ дар мавриди сирри адвокатӣ намояндагони мақомот шартномаҳои солҳои 2014-2015-и ӯро нусхабардорӣ карда, бо худ бурдаанд. Ӯ ин иқдомро як навъ фишор арзёбӣ карда, гуфт: “Айни ҳол маро ба Раёсати мубориза бо ҷиноятҳои муташаккил даъват кардаанд. Ман рафта мефаҳмонам, ки аз ниятам барои ҳимояи масъулини ҲНИТ намегардам, зеро маро давлат хӯрондаю пӯшондааст, то аз ҳуқуқи шаҳрвандонамон ҳимоя кунем. Мефаҳмонам, ки дар доираи сиёсати давлат барои ислоҳот дар соҳаи ҳифзи ҳуқуқи шаҳрвандон, ки президент ҳам борҳо ба ин нукта таъкид кардааст, фаъолият хоҳем кард”.

Бузургмеҳр Ёров дар пайи боздошти 13 масъули ҲНИТ бо иттиҳоми узвият дар гуруҳи Ҳоҷӣ Ҳалим, дар суҳбат бо “Озодагон” аз таъсиси Кумитаи ҷамъиятии дифоъ аз ҳуқуқи боздоштшудагон хабар дода буд.
Мӯҳр
хатлони
Бузургмехр хишер шав тухам наздик омадаи даводават бефоида хаст охир ба монанди шухрат кудратову дигар шахсиятхои кахрамон паси панчара мерави

Карим
Худованд хифзат кунад шермарди тоҷик..

bobo
Боз ту хам мисли Генерал "сохиби" касру кушк ва фабрикаву заводхо нагарди ака! Эхтиёт шав!!!

Ин-чи шурест, ки дар даври камар мебинам((((

Ба номи Худованди бахшандаи мехрубон.
Хамдиёрони азизу-гиромикадр! Хохишмандам -Андеша намоед!
Бузургмехр Ёров-Хуккукшиноси Точик барои ДИФОЪ аз масъулини боздоштшудаи ХНИТ-мавриди ФИШОР карор гирифтааст!
Андеша мебояд кард харяк Шахрванди Точикистонро!!!
Бузургмехр Ёров-агар танхо хохад монд,У-хам хохад Хомуш гашт!
Зайд Саидро-бечора Шухрат Кудрат дифоъгар гашту,Махбаси гашт,Мо хамаги шахрвандон ХОМУШИ-ро авло донистем,ки бубинед боз чи гуна вазъият! Агар имруз хам чунин Хомуш хохем буд,оккибат,тамоман хохем ХОМУШ гашт! Бузургмехр Ёров-Андеша намоед ХАМДИЁРОН-барои худаш НЕ,барои дигар шахрвандони Точикистон,ки хостгори ХАККИКАТ ва АДОЛАТ гаштаанду-буданд ОВОЗ-баланд кардааст-БЕДОР ШАВЕД!
Мухтаррам зийёиёну-равшанфикрон,Рухониён ва хама Шахрвандон хохишмандам БЕТАРАФ НАБОШЕД! Бигзор ХАККИКАТ-ро фахмад МИЛЛАТ! Бигзор Касе-нест хостгори пешравиву-осудахолии МИЛЛАТ чазои сазовор бигирад! Шахсан ман намешиносам Бузургмехр Ёровро-чун Овоз баланд кардааст бахри ДИФОЪ аз Шахсиятхои намоёни МИЛЛАТ,ки хостгори пешрави ва оромии Кишвар хастанд,ман бо БУЗУРГМЕХР!
Бародарон-ХАМДИЁРОН- БЕТАРАФ НАБОШЕД!!!

вaтaндуст
худовaндо.Faйрaти.бузургмехро.зийод.гaрдон.вa.
дaр.корхояш.бaрор.хохонaм.омин

Омузгор
Бача эхтиёт шав, ки чи балора ба сарат набиёри

Абдухалим Назарзода, «Хочи Халим» бо ХНИТ алокамандии зич дошта, мехостанд дар худуди ЧТ ба сулху суббот ва оромии кишвар дог биёранд, аммо ба ин максади нопоки худ нарасиданд, тирашон хок хурду худ огуштаи хун гаштанд.

Фаъолияти ХНИТ-ро махкум мекунем, зеро ХНИТ аз чониби давлатхои хорича идора карда мешавад ва рохбарону фаъолони ХНИТ бо супориши хочагони хоричиашон дар ЧТ амал мекунанд.

ХНИТ соли 1997 бо Хукумати ЧТ созишнома дар бораи сулх ба имзо расонид, аммо баровардани силоху ярок ба созишномаи сулх зарба зад.

Назарзода А.М., ки аз хисоби собик мухолифин буд, ба ин нигох накарда ба у вазифа ва рутбаи баланди харби дода шуд. Новобаста аз он ки Назарзода А. вазифа, рутбаи баланди харб= ва дороии зиёд дошт вай ба касами харбиашро шикаста ба Ватанаш хиёнат кард.

nabi farhor
Фардои киёмат дар назди Худо чи чавоб хохед дод.Бо як мансаб ман манихо,бо ин умри кутохи 40-50сола.Хукуки шахрванд набояд поймол шавад.

Шухрат Кудратов хам аз хеч гуна фишор наметарсид, ва вазифаи адвокатиашро нотарсона дар доираи конун пеш мебурд. Вале дар нихоят чи шуд? Шумо хам эхтиёт кунед мухтарам Ёров.
Муфаттише, ки аз тарафи коррупсия бо 10 хазор доллар хангоми порагири боздошт шуд, дар суд озод шуд, вале Кудратов бо гунохи исботнашуда, паси панчара рафт. Барои чи? Барои он ки аз рохи пешгирифтааш пас нагашт ва бегонохии зерхимояаш Зайд Сайидовро сад фоиз собит карда тавонист.
Шумо хам адвокати тавоноед, вале аз конунхои "такозои замон" эхтиёт шавед

Аз азобу гами хамин дармондагон истифода карда худро таблиг(реклама) кардан убол аст Буз мехр.
Оё ягон чабридида ё корафтодаро Шумо ёри расонидаеед ё аз фурсат истифода намуда танхо бо таблигу таърифи худ машгулед
Кумита ташкил кардед, сири тафтишотро бе асос кушодаистодед, о монед мардуми бечораро, ки ба ягон химоятгари дигар мурочиат намоянд ё ин ки бо ташкили Кумитаи дифоъ шумо ин фаъолиятро низ монополия кардед.

Бояд аз химояи НАХЗАТИХО даст кашен, варна "такдири" адвокатхои Зайд Саид насибатон мекнен ,ХУШЁРИИ "СИЁ,,,СИША " аз даст натиен!!!!!

Каримов Равшан
Еров Б., барои ту дар ин хаёт чи намеасад. Барои чи аз ин давлатдори рози шуда наметавонед. Шукр кунед Чаноби Оли мухтарам Эмомалии Рахмон махз барои шахрвандони азизамон тамоми кувахояшонро барои тенчию амони сарф карда истодаанд. Хушёр шавки барои норозигиат Худованд назанад. Шумо би ин кирдору рафторатон боз мехохед Чумхурииро но тенч кунед. Ин хел намешавад. Давлат айни замон пуркуват мебошад.

Ассалому алайкум
Хушо ба холат бародар Бузургмехр хушо ба холат эй ҷавонмард бо хамин азмат ин шо Аллох маъҷур асти ва Аллох нигахдорат бошад. Марди он нест ки аз фитодаро ба холаш гузошт балки дасти онро гирифтан мардист. Ин шо Аллох дар ин рох Аллох тавфиқ медихад.

Собир
Адвокат шуда, конуни адвокатхоро намедонад. Баъзе сирру асрори чараёни тафтишотро аллакай фош кард. Макомот кучоро нигох мекунанд?

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)