Бахшҳо

Ифтитоҳи парвандаҳои ҷиноӣ алайҳи Ёров: Барои талони қалбакӣ, қаллобӣ...

Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз ифтитоҳи парвандаҳои ҷиноӣ алайҳи Бузургмеҳр Ёров, вакили дифои аъзои боздоштшудаи Ҳизби наҳзати исломии кишвар хабар додааст.

Ин ниҳод Ёровро дар қаллобӣ муттаҳам мекунад: “Аз ҷумла тахминан моҳи июли соли 2010 ба боварии шаҳрванд Бозоров Комилҷон, сокини шаҳри Истаравшан, кӯчаи Ғозиев, хонаи № 43 даромада, бо суйистифода аз ҳолати оҷизӣ ваъда додааст, ки бо шиносҳои зиёд дар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва судӣ метавонад писари охирон, яъне Бозоров Дилшод Комилҷоновичро, аз ҷавобгарии ҷиноятӣ бо моддаи 32 қисми 3 (Суиқасди ҷиноят), 104 қисми 2 банди “ё” (Одамкушӣ) озод намояд. Сипас, аз дасти Бозоров Комилҷон маблағи баробар ба 4000 доллари ИМА-ро гирифта, ба манфиати худ сарф кардааст ва ягон кӯмаки ҳуқуқӣ нарасонидааст”.

Вазорати умури дохилӣ мегӯяд, инчунин Ёров талони муоинаи техникиро қалбакӣ сохта, истифода намудааст: “Бинобар ин, бо дастрасии моддаҳои 140, қ.6 м.145 ва 146 КМҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон ва моддаҳои 247 (Қаллобӣ) ва 340 (Сохтакорӣ)-и Кодекси ҷиноии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтишоти пешакӣ идома дорад”.

Ин ниҳод аз шаҳрвандон даъват намудааст, агар алайҳи Ёров шикояте дошта бошанд, ба мақомоти умури дохилӣ муроҷиат кунанд.

Ин дар ҳолест, ки наздикони Ёров ба “Озодагон” гуфтанд, вакилони дифоъ бо Бузургмеҳр Ёров дар бинои УБОП мулоқот доранд. Ба қавли онҳо, Ёров баъди зуҳри 28 сентябр барои бозпурсӣ ба Раёсати мубориза бо ҷиноятҳои муштаккил – УБОП даъват шуда буд, ҳанӯз аз ин ниҳод мураххас нашудааст. Ӯ гуфтааст, агар давоми се соати оянда берун нашавад, маънои онро дорад, ки боздошташ кардаанд.

Бузургмеҳр Ёров 28 сентябр пеш аз бозпурсиаш дар суҳбат бо “Озодагон” гуфт, намояндагони мақомот аз ӯ хостаанд, аз ҳимояи аъзои боздоштшудаи ҲНИТ даст бикашад. Ӯ афзуд, бархилофи қонунгузорӣ дар мавриди сирри адвокатӣ намояндагони мақомот шартномаҳои солҳои 2014-2015-и ӯро нусхабардорӣ карда, бо худ бурдаанд. Ӯ ин иқдомро як навъ фишор арзёбӣ карда, гуфт: “Ман рафта мефаҳмонам, ки аз ниятам барои ҳимояи масъулини ҲНИТ намегардам, зеро маро давлат хӯрондаю пӯшондааст, то аз ҳуқуқи шаҳрвандонамон ҳимоя кунем. Мефаҳмонам, ки дар доираи сиёсати давлат барои ислоҳот дар соҳаи ҳифзи ҳуқуқи шаҳрвандон, ки президент ҳам борҳо ба ин нукта таъкид кардааст, фаъолият хоҳем кард”.

Бузургмеҳр Ёров дар пайи боздошти 13 масъули ҲНИТ бо иттиҳоми узвият дар гуруҳи Ҳоҷӣ Ҳалим, дар суҳбат бо “Озодагон” аз таъсиси Кумитаи ҷамъиятии дифоъ аз ҳуқуқи боздоштшудагон хабар дода буд.
Мӯҳр
Mansur
Чои Еров Б. СИЗО! Тезтар гузаронед ин каллобро, хело чабрдидагон интизори у хастанд!

Ана акун барои худит адвакат биёв !!!!!"САНГТА, КИ БА БОЛО ПАРТОИ БАР САРИ ХУДТА МЕЗАНА !!!!! Фахмида бар сарат овари -А?

Ман дар умрам Ёровро намешиносам аммо хар як шахрванд хукуки химоятгарро дорад. Фишоровари маънои онро дорад, ки боздоштшудагон гунохе надоранд. Агар гунахгор бошанд адвокат хеч чиз аз дасташ намеояд. Мълум ки хукумат метарсад, ки бегунохии онхо исбот мешавад вагарна ба химоятгар коре намедошт. Шумо ки инро намефахмед хар гапхои бехударо менависед ва аз чоп шудани гапхоятон халоват мебарен. Озодагон чизхоеро чоп кунед, ки бо мантик бошанд.

Мансур агар инсон дар пеши вичдони ту кадр надошта бошад пас ту бе вичдони зеро вазифаи адвакатхо хамин ки хукуки шахрвандонро химоя кунад рости офарин ба бузургмехр Ёров мард будаи якбори дигар мардиятро исбот карди.дуо мекунам тезтар озод шави ва фаолиятатро бо чавонмарди давом дихи Худованд мадатгоорат бошад.Худоё милати точикро сарчаму барои базе инсонхо хисёти мардию инсондусти насиб кун Худоё поймол кардани хукуки инсон хаки ту нагузор касе онро поймол кунем эй Офардигор ягона пуштибони мо ту хасти.

шухрат
ман аз тамоми бародарону хохарон хохонам ки дар шабакахои ичтимоии мисли однокласники е фейсбук гурухи озодии ХНИТ е озоди Б.Ёров ташкил карда шавад то мардум дар ончо мардум сухани худро гуянду макомотро бахо диханд

nabi farhor
Дар телефони мобилии Ёров смс наомада бд,ки бехабар мондааст.

nabi farhor
Офарин ба шумо (дехоти)

Чаро окил кунад коре, ки бор орад пушаймони

Мухочир
ОЗОДИ ба Бузургмехр Ёров

Худованд нигахбонат бошад

Асадулло
Гапат сухт дустам! Худат окибати корро панч панча барин медоинсти ки хамин хел мешавад, чаро бо ин рох рафти?

Мухочир
демократия Точикий))))

nabi farhor
Б.Ёров хуш омади.Хапу дамак мешишти,чи кор мекард.Ин хел бошад мо сад дар сад гуфта метавонем давлати дар фассод гутидааст.Магар бо маоши 800-1200с мошинхо кимат харида ё хонахои бохашамат сохта метавонанд.Тарафи н.Рудакиро бинед як иморат то 1-млн $ арзиш дорад.

Н
Худо нагахбонатон бошад Ёров Б. Зудтар озод шави ва бегунохиятро исбот намои.

555
Дар дахр чу Ман якеву он хам кофир
Пас дар хама дахр як мусулмон набувад

Дилшод
Еров устоди бехтарин ...

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)