Русский  >>  فارسی  >>  Душанбе 17 июн 2019, 22:44

Ба фаъолони қазоқ ин бор ҳам иҷозаи гирдиҳамоӣ надоданд

29 сентябр 2015, 12:00

Ба гуруҳи фаъолони шаҳрвандӣ, ки эътилофи “Муқобили тарофаҳои баланд!”-ро созмон додаанд, ҳокими Уралск бори дигар иҷоза надод, ки алайҳи болоравии арзиши хизматрасониҳои коммуналӣ эътироз кунанд.

Дар мактуби расмӣ зикр шудааст, ки дар рӯзи дархостии фаъолон дар шаҳр чорабинии варзишӣ баргузор мешавад. Ин бори дувум аст, ки мақомот барои баргузор кардани намоиши сулҳомези эътирозӣ ба гуруҳи эътилофӣ ҷавоби рад медиҳанд. Фаъолон ният доранд бори севум ариза пешниҳод намоянд.

Гуруҳе аз сокинони маҳаллӣ иборат аз ҳуқуқшиносон, соҳибкорон, рӯзноманигорон ва нафақахӯрон эътилофи “Муқобили тарофаҳои баланд!”-ро дар 27 август баъд аз он ки ширкати маҳаллии “Батис Энергоресурс” якбора қимити нерӯи барқро 26 фоиз боло бурд, таъсис доданд.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ-16;

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60;

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!